Овоза ҳаст, ки гӯё дар Панҷакент эпидемияи муриши чорво паҳн гардида, ба сабаби ин беморӣ чорвои зиёд талаф ёфтаанд. Овоза мегӯяд, ин беморӣ асосан дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва деҳоти он паҳн шуда, дар ҳар деҳа қариб 50 чорвои хурду калон мурдаанд. Дар ҳамин ҳол Шодмонов Қурбонбой-сардори идораи бойтории ш.Панҷакент дар сӯҳбат ба СССР гуфт, ки ин овозаҳо дурӯғ буда, танҳо дар ҷамоати Рӯдакӣ 10-12 чорво талаф ёфтаанд, ки ин ҳам бошад бо гуноҳи худи мардум аст. Зеро онҳо саривақт ҳайвонҳои худро ваксинатсия (эмкӯбӣ) намекунанд. Ҳамчунин Фармонов Эгамбердӣ-раиси ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ низ гуфт, ки ҳамагӣ 10 чорво мурдаасту халос ва дигар барои пешгирии талафи чорво корҳои профлактикӣ рафта истодааст.
Хуршед Фозил,
Панҷакент