Бо мақсади муҳокимаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” санаи 16 майи соли 2017 дар БМТ бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва ташкилотҳои қарзӣ таҳти роҳбарии Муовини Раиси БМТ Машрабзода Ҳамидулло ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи корӣ роҳҳои зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Зимни суханронӣ Машрабзода оид ба вазъи ҷории бозори кортҳои пардохтӣ дар кишвар ва рафти иҷрои қарори зикргардида маълумот дода, зарурияти роҳандозӣ намудани муомилоти ғайринақдӣ ҳамчун омили асосии шаффофияти ҷараёнҳои молиявӣ дар низоми молиявии кишварро таъкид намуд. Дар идома аз рафти фаъолияти ҳайати муштараки кории Кумитаи андоз ва БМТ иттилоъ дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз оғози фаъолияти ҳайати муштараки корӣ дар 573 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуда, аз ин миқдор муассисаҳои савдо ва хизматрасонии санҷидашуда дар 64 адади онҳо ПОС-теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо ПОС-терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо оид ба зарурият ва афзалиятҳои истифодабарии ПОС-терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба 509 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар муҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС- терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд. Дар баробари ин, нисбати чор адад шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои насб накардани терминалҳои электронӣ ва қабул накардани кортҳои пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шуд. Дар натиҷа 812 соҳибкорон ба ташкилотҳои қарзӣ барои насби терминалҳои электронӣ муроҷиат намуда, айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар асоси дархости соҳибкорон раванди насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар рафти ҷаласаи корӣ ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки тибқи қарори зикргардида миқдори зарурии ПОС - терминалҳоро захира намуда, баробари муроҷиати соҳибкорон шартномаҳои дахлдорро ба имзо расонанд ва ПОС-терминалҳоро ба таври фаврӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб кунанд. Инчунин, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки теъдоди хизматрасониҳои муосири бонкиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ зиёд намуда, имконияти барориши кортҳои кредитӣ, кортҳои пардохтии чипдор ва ғайритамосӣ (безконтактный), татбиқ намудани барномаҳои муосири бозории ҳавасмандкунии муштариён (бонусҳо) дар якҷоягӣ бо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҳангоми амалӣ намудани пардохти молу хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ роҳандозӣ намоянд.
Барои маълумот: Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда, ба санаи 1 майи соли 2017 зиёда аз 1 677,9 ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, зиёда аз 1 654,1 ҳаз. нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид. Дар баробари ин, ба санаи 1 апрели соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 740 адад ва 2 485 ададро ташкил намуд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1578 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 907 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.
Шуъбаи матбуоти БМТ