17 майи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Муовини Раиси БМТ-Икромӣ Сироҷиддин бо ҳайати Комиссияи Аврупоӣ таҳти роҳбарии Мушовири Комиссияи Аврупоӣ оид ба масъалаҳои дастгирии буҷет ва идораи молияи давлатӣ барои Осиёи Марказӣ ҷаноби Олег Хирбу баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори генералии рушди байналмиллалӣ ва ҳамкориҳои Комиссияи Аврупо ҷаноби Мансервиси, ки 5 майи соли 2017 дар шаҳри Йокогама ба мувофиқа расида буд, амалӣ шуда истодааст. Зимни мулоқот Икромӣ Сироҷиддин ҳайати Комиссияи Аврупоиро бо вазъи феълии макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон шинос намуда, қайд кард, ки новобаста аз таъсири омилҳои буҳронӣ ба кишвар, ислоҳот дар низоми бонкӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад. Дар навбати худ ҷаноби Олег Хирбу изҳор дошт, ки мақсади ташрифи ҳайати Комиссияи Аврупо аз баррасии вазъи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии ислоҳот дар бахши идораи молияи давлатӣ ва транши навбатии Комиссияи Аврупо оид ба дастгирии буҷети давлатӣ иборат аст. Қобили қайд аст, ки Мушовири Комиссияи Аврупоӣ оид ба масъалаҳои дастгирии буҷет ва идораи молияи давлатӣ барои Осиёи Марказӣ ҷаноби Олег Хирбуро дар ин вохӯрӣ Мачей Мадалински-Мудири бахши ҳамкориҳо, Даниела Чемпелова-Мудири барномаҳо ва Гнел Седракян-машваратчӣ оид ба масъалаҳои идораи молияи давлатии Комиссияи Аврупоӣ ҳамроҳӣ мекарданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ