ХАБАРИ ДОҒ

ТАЛКО СЕ КОРХОНАИ НАВ БУНЁД МЕКУНАД

  • Панҷшанбе, Март 03 2016

Шурӯъ аз соли 2008 КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар шаҳри Ёвон бунёди се корхонаро ба роҳ мондааст, ки инҳо корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат, корхонаи истеҳсоли криолит ва корхонаи истеҳсоли фториди алюминий мебошад.

Барои роҳандозии ин се корхона ширкати ТАЛКО аз маблағҳои худӣ зиёда аз 37 миллион доллари ИМА ва аз ҳисоби маблағҳои кредитии бонки «Эксимбонки» Чин дар ҳаҷми 88,5 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардааст.

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» чунин меҳисобад, ки сармоягузории мазкур асоснок буда, изҳори умедворӣ карда мешавад, ки бар иловаи таъмини бехатари ашёи хоми корхонаҳои истеҳсоли криолит ва фториди алюминий дар самти тиҷорат бартарии муҳим ба даст оварда мешавад.

Инчунин, ширкати мазкур аз соли 2013 ба коркарди саноатии ангишти кони «Фон Яғноб»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар қитъаи «Ҷиҷикурут» ва «Конте», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст, шурӯъ кардааст. ТАЛКО тасмим гирифтааст, истихроҷи ангиштро давра ба давра афзун намуда дар 1 сол аз 200 ҳазор тонна то ба 1 миллион тонна расонад. Маблағгузории ширкат дар давраи оғози татбиқи лоиҳа 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағи умумӣ дар тдурнамо тақрибан 100 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Мину Аминзода

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter