ХАБАРИ ДОҒ

ТАЛКО ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛОТИ АЛЮМИНИЙРО АФЗУН МЕНАМОЯД

  • Панҷшанбе, Март 03 2016

Айни замон КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»ба тадриҷан афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот оғоз намуда истодааст ва тағийроти мусбӣ дар ин самт алакай ба мушоҳида мерасад. 

 

Чуноне ки зимни мулоқот бо намояндагони ахбори оммаи кишвар Игор Ураков, сардори Департаменти иттиллоотию таҳлии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар охири соли 2015 хабар дода буд, дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 ҳаҷми истеҳсолоти алюминийи хом ба миқдори 18,3 ҳазор тонна зиёд гардид. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо соли сипаригардида ширкат ба афзоиш додани ҳаҷми исьеҳсолоти алюминийи хом ва алюминийи аввалия ба андозаи 15% ноил гардидааст. Азбаски ин ширкати №1-и истеҳсолии кишвар дар ихтиёр 90 адад электролизёр дорад ва бакорандозии он ҳар вақт имконият дорад, ки корро осон мекунад. Инчунин, корхона барои пурра гардонидан ва васл намудани боз 60 электролизёр қодир буда нишондиҳандаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаи алюминийбарории тоҷик метавонад ба пуррагӣ аз 40 то 50%-ро ташкил намояд. Бо мақсади паст кардани арзиши аслии алюминий бошад дар корхона ҳаҷми истеҳсоли анодҳои пухта аз ҳисоби беҳдошти нишондиҳандаҳои сифатӣ кам карда шуд. Ҳамин тавр, миқдори анодҳои пухта ба қадри 9,5% кам гардида, дар айни замон корхона ба афзоиш додани маҳсулот ба 15% ноил гаштааст.

 

Ҷамила Мақсуд

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter