Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017, таҳти №63, сабикаҳои (хиштҳои) ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 12 июни соли 2017 сар карда, ба муомилот бароварда шуданд.
Сабикаҳои ченакии тиллои БМТ 5, 10, 20, 50 ва 100 гр. вазн дошта, дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA), тайёр карда шудаанд. Сабикаҳои ченакӣ аз ҷониби Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта мешавад.
Чуноне ки аз шӯъбаи матбуоти БМТ ба СССР хабар доданд, барои харидани сабикаҳои ченакӣ ва бозфурӯши онҳо шахсони ҳуқуқӣ - ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бояд пешниҳод намоянд.
Нархи фурӯши сабикаҳои ченакиро Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин муқаррар хоҳад кард:
- нархи тилло барои 1 унсияи трой (31,1034768 грамм), ки мутобиқи қайди (фиксинги) пагоҳирӯзии Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон дар рӯзи гузашта муайян карда шудааст;
- хароҷотҳои воқеӣ барои тайёр намудани сабикаҳои ченакӣ (бо тарҳи арзиши металли қиматбаҳо), хароҷоти нақлиёт, суғурта, барасмиятдарории гумрукӣ ва ғайра.
Нархи фурӯш ва нархи бозхариди сабикаҳои ченакӣ барои ҳар рӯз бо пули миллӣ барои ҳар як намуди сабикаи ченакӣ дар алоҳидагӣ ҳисоб ва муқаррар карда шуда, аз санаи 12 июни соли 2017 дар саҳифаи асосии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд бо “Тартиби ба муомилот баровардани сабикаҳои ченакии тилло ва нуқраи Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳо”, дар саҳифаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон (www.nbt.tj)муфассал шинос шаванд.
Бонки миллӣ ба фурӯши хиштҳои тиллоияш сар кард
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар