ХАБАРИ ДОҒ

Парвози нархҳо дар бозорҳои Душанбе

  • Душанбе, Июн 12 2017

 
Мухбир-ревизори газетаи СССР ҳафтаи 2-юм аст, ки бозорҳо ва марказҳои савдои калонтарини пойтахтро зери назар гирифта, рейдҳои хешро анҷом медиҳад. Тайи 2 рӯзи охир низ мо бори дигар аз бозорҳои «Шоҳмансур», «Деҳқон», «Саховат» ва гипермаркети «АШАН» боздид карда, нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили гӯшт, картошкаву пиёз, меваю сабзавот ва обҳои нӯшиданиро зери назорат гирифт.

Гӯшти арзон хоҳӣ, барвақт биё!
Нархи гӯшти гову гӯсфанд дар ҳафтаи гузашта қариб ки бетағийр мондааст ва дар ярмаркаҳои наздибозорӣ он бо нархи 30 сомонӣ барои 1 кг гӯшти гов ва 33-34 сомонӣ барои 1 кг гӯшти гӯсфанд фурӯхта мешавад. Харидорон мегӯянд, ки агар хоҳӣ гӯшту хубу арзон бихарӣ, пас бояд ҳатман субҳи барвақт ба бозор омада, аз ярмаркаҳо харӣ. Зеро ҳар субҳ намояндагони ҳукумати ш.Душанбе, хоса, муовини соҳавии раиси ш.Душанбе Бахтиёр Назирмадзода барои тафтишу санҷиш ба бозорҳои пойтахт меояд ва масъулин пеш аз омадани ӯ саъй мекунанд гӯшти хуб ва босифатро ба фурӯш бароранд. Агар нисфирӯзӣ ё бегоҳ ба ярмаркаҳои номбаршуда равед, ба ҷуз 2-3 пора гӯшти зардшудаи серравған дигар чизеро намебинед. Гӯшти хубро қассобон имрӯз дар бозорҳо аз 36-38 сомонӣ арзон намефурӯшанд!

Картошка боз қимат шуд!
Нархи картошка тайи 2 ҳафтаи охир 3,5-4,5 сомонӣ шуд. Дар бозори «Шоҳмансур» рӯзи 5.06.2017 нархи 1 кг картошкаи миёнаҳаҷм то 2,8-3,20 сомонӣ фаромада буд, дар бозори «Деҳқон» бошад субҳи рӯзи 6.05.2017 нархи 1 кг картошка аз 3,5 сомонӣ кам нашуд, ҳатто дар ярмаркаи назди бозор низ нархи картошка 3,5 сомонӣ буд! Танҳо дар 1 гӯшаи бозор ҷавонмарде картошкаи ҳосили навро, ки хеле майда буд, бо 2,5 сомонӣ мефурӯхт. Бегоҳии 5.06.2017 бошад нархи 1 кг картошка дар бозори «Саховат» то 4,8 сомонӣ боло баромад! Маъмурияти бозорҳои пойтахт то ҳол дар таъминоти бозорҳо бо картошка мушкилӣ мекашанд, зеро ҳоло чунин шудааст, ки картошкаи ҳосили навро аз сари заминҳои кишт туҷҷори қирғиз яклухт харида рафта истодаанд. Барои деҳқони Тоҷик низ ин кор хуб аст, чунки ӯ барои бурдани маҳсулоташ ба бозор харҷи роҳ намекунад. Мо тавассути Интернет нархи 1 кг картошкаро дар Бишкек дидем, он қариб 8-9 сомонӣ шудааст!!! Ҷаллобони қирғиз картошкаи Тоҷикро арзон харида, дар Бишкек 2 баробар зиёд нарх монда, ба фурӯш мегузоранд! Боз 1 паҳлӯи масъала он аст, ки картошка пас аз тармафароии бесобиқа дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки феврали соли ҷорӣ ба вуқӯъ омад, бо маънои томаш «дефицит» шуд. Бо баҳонаи тарма ва баста шудани роҳ, деҳқонони масчоҳӣ ва деваштичӣ дигар ба пойтахт картошка наоварданд ва ин картошка-кризис 5 моҳ шуд давом дорад.

Пиёз дар «Шоҳмансур» арзону дар «Саховат» гарон
Нархи пиёз низ назар ба ҳафтаи якуми моҳи шарифи Рамазон дар бозори «Шоҳмансур» коҳиш ёфта, ҳоло 1 кг пиёзро 1,3-1,5 сомонӣ харидан мумкин аст. Дар бозори яклухтфурӯшии «Деҳқон» бошад нархи 1 кг пиёз субҳи рӯзи 6.05.2017 1,7-1,8 сомонӣ буд, дар бозори «Саховат» пиёзи хубро аз 2,5 сомонӣ арзон нафурӯхтанд! Пиёзро низ дар баробари картошка ба Қирғизистон бурда истодаанд. Чанде пеш мақомоти қудратии Тоҷик аз қочоқи 20.000 кг пиёз ба Қирғизистон пешгирӣ карда буданд…

Нархи нӯшокиҳоро ҳам бардоштанд
Аён аст, ки рӯзадорон ҳар шом барои шикастани ташнагӣ ба обҳои газдору шарбату афшураҳо рӯ мениҳанд. Инро дониста фурӯшандаҳо имрӯз нархҳои нӯшокиҳоро низ 1,5-2 сомонӣ боло бардоштанд. Агар қабл аз моҳи шарифи Рамазон 1 нӯшокии себии 1-литраи «Оби зулол» 4,5 сомонӣ буд, ҳоло он 6 сомонӣ ва нӯшокии 1,5 литраи 6-сомонигӣ то 8 сомонӣ қимат шудааст. Обҳои маъдании «Боржомӣ», «Шоҳамбарӣ», «Оби зулол» ва «Ҳавотағ» низ 1 сомонӣ гарон шудаву савдогарони об аз рӯзадории мардум истифода бурда, барои кисаи худ фоидаи зиёдатӣ кор мекунанд! Ку, дигар инсофу мусалмонии мо!?

Гелос 20 сомонӣ, помидор 7 сомонӣ
Дар баробари гӯшту картошкаву пиёз нарху навои меваю сабзавот низ ба маротиб боло рафтааст. Ҳоло нархи 1 кг гелос дар бозорҳои пойтахт аз 10 то 20 сомонӣ, зардолу аз 3 то 10 сомонӣ, қулфинай 13-18 сомонӣ, бодиринг 1,5-2 сомонӣ ва помидор 4,5-8 сомонӣ шудааст. Нархи 1 кг қаламфури булғорӣ аз 9-10 сомонӣ, боимҷон аз 5-7 сомонӣ, сабзӣ аз 3 сомонӣ арзон нест. Агар дар бозори «Шоҳмансур» 1 кг помидор 4,5 сомонӣ бошад, дар «Саховат» ҳамон навъи помидор 6 сомонист, мисли он, ки ҳамон навъи зардолу дар бозори «Деҳқон» 4 сомонӣ бошад, дар «Шоҳмансур» 10 сомонӣ шудааст!

Қиматӣ дар «АШАН»
Шабакаи гипермаркетҳои «АШАН» дар ҷаҳон арзонтаринанд, зеро маҳз барои аҳолии камбизоат ва миёнаҳол фаъолият намуда, нархҳояшон бояд хеле поён бошад. Дар тамоми «АШАН»-ҳои дунё дар моҳи шарифи Рамазон арзоншавӣ ва аксияҳои гуногун ба назар мерасанд. Аммо ин гуфтаҳо ба гипермаркети «АШАН»-и Душанбе дахл надоштааст. Ин аст, ки нархи 1 кг гӯшти гов шоми 5.06.2017 дар «АШАН» 39-58 сомонӣ буда, нархи 1 кг картошкаро менеҷерҳои «АШАН» то ба 5,67 сомонӣ баровардаанд! Нархи 1 кг сабзӣ 3,59 сомонӣ, 1 кг пиёз 2,48 сомонӣ, 1 кг гелос 10 сомонӣ, 1 кг зардолу 10 сомонӣ, 1 кг шакар 7,39 сомонӣ! Нархи 1 оби маъдании 0,33 милиграмии «Шоҳамбарӣ» 2,19 сомонӣ буда, нӯшокии «Оби зулол»-и 1 литра то ба 5,85 сомонӣ расидааст. Аз ҳама муҳим вақти ҳисоб рӯи ҳамаи ин қиматҳо боз андоз аз арзиши иловашуда ҳамроҳ шуда, нархи ин маҳсулотро боз гаронтар мекунад!

Канӣ танзим, ку назорат!?
Ҳафтаи дуюми моҳи мубораки Рамазон ба охир мерасад ва арафаи ид наздик мешавад. Маълум аст, ки дар арафаи ид, вақте тамоми кишварҳои Аврупову Ғарб даст ба хайр зада арзонӣ мекунанд, дар Тоҷикистон, ки 99% мусалмон аст, ҳатман нархҳо то метавонанд меҷаҳанд. Дар бораи гаронии бозор ва қиматии нарху наво бисёр мегӯем, аммо ҳеҷ чорае нест. Боз ҳам ҳамон Бахтиёр Назирмадзода рӯзе 1 бор бозорҳоро чарх мезанаду меравад ва бо ҳамин танзиму назорат низ тамом! Дигар бозору савдогар ба ҳоли худ аст. Рейдҳои мухбирони СССР дар бозорҳои кишвар идома дорад. Мо метавонем!

Мину Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter