ХАБАРИ ДОҒ

Шабакаҳои Барқи Турсунзода: Тобистон бояд дар ғами замистон шуд!

  • Душанбе, Июн 19 2017


Бо дастури Ҳукумати ҶТ феълан тамоми ширкатҳои истеҳсол ва таъминкунандаи обу барқу гармии мамлакат ба фасли сармои оянда омодагӣ мегиранд. Маҳз аз фаъолияти имрӯзаи онҳо, хоса, корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва захираву дурнамо вазъияти гармиву рӯшноии ҳар 1 хонадони Тоҷик дар фасли зимистон вобаста аст. Мухбир-ревизори СССР тасмим гирифт, аз ин шумора сар карда, фаъолияти ҳар 1 ҷамъияту корхона ва иттиҳодияҳои истеҳсоли обу барқ ва гармиро бо навбат зери назар гирифта, бо корҳои омодагии онҳо ба фасли зимистон ошно шавад. Боздиди нахустини мо аз ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» оғоз шуд. Шояд шумо суол диҳед, ки чаро маҳз аз ш.Турсунзода? Посух ин аст, ки Турсунзода яке аз шаҳрҳои муҳими стратегии наздимарзӣ ба шумор рафта, калонтарин корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, амсоли ТАЛКО ва даҳҳо ҷамъиятҳои дигар ин ҷо фаъолият доранд. Таъминоти аҳолии беш аз 230-ҳазорнафараи он бо барқ, ки дар байнашон намояндагони наздики 30 халқияту миллат, ҳатто ҳиндуҳо зиндагӣ мекунанд, масъулиятест басо муҳим.

 Раиси ҷавону пурмаҳсул
Субҳи рӯзи 10.06.2017 озими ш.Турсунзода шуда, нахуст ба қабули раиси ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» Холиқзода Салоҳиддин Шариф рафтем. Расо соати 8:30 дақиқа ба идораи эшон расидему дар баробари чанд нафар сокинони барои арзу шикоят назди раис омада, навбат гирифтем. Шаҳрвандон бо мушкилоти хеш назди Холиқзода омада, пас аз қабули раис розӣ мебаромаданд. Навбати ман ҳам расид ва вориди утоқи раиси ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» шудам. Холиқзода ҷавони хеле боғайрату пурмаҳсул будааст. Пас аз шиносоӣ дарҳол маро бо худ ба зеристгоҳи «Равшан» бурд, ки он ҷо шанбегии кормандон идома дошт. Раис низ бояд дар чунин маъракаи ободониву созандагӣ иштирок мекард.

Эҳёи кӯҳантарин зеристгоҳи мамлакат


«Равшан», ки дар даромадгоҳи шаҳр ҷойгир аст, кӯҳантарин зеристгоҳи кишвар ба шумор рафта, соли 1963 бунёд гаштааст. Айни замон лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии зеристгоҳ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» амалӣ гашта, то охири соли 2018 пурра иваз мешавад. Имрӯз ҳудуди зеристгоҳ кушоду васеъ гашта, иншооти дохилаш ба тадриҷ нав мегардад. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии зеристгоҳ ҳар ҳафта рӯзи шанбе кормандони ҷамъият корҳои ободонии атроф ва иншоотҳои кориро ба анҷом мерасонанд. На танҳо дар зеристгоҳи «Равшан», балки дар зеристгоҳҳои «Пахтаобод», «Промзона» ва «Лоҳутӣ», ки муҳимтарин зеристгоҳҳои шаҳр ба ҳисоб мераванд, ҳар ҳафта мардум ба тоза кардани атрофи маҳалли зист, сабзкорӣ ва ободонӣ машғуланд.

Ба барқдуздӣ нуқта гузошта мешавад!
Сокинони ш.Турсунзода, ки ҳама муштариёни ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» ҳастанд, мегӯянд, раиси ҷавон С.Холиқзода шояд ягона раиси ин ширкат аст, ки тӯли фаъолияти на кам аз 1-солаи хеш аллакай тавонистааст ба дурдасттарин деҳоти шаҳр, ки аксарият наздимарзиянд, рафта на танҳо аз ҳоли хатҳои барқу трансформаторҳо, балки аз аҳволи аҳолӣ низ воқиф гардад. Сокинони деҳаҳои дурдасти Шулум ва Хонақо шояд дар 25 соли охир ягона раиси «Шабакаҳои барқи Турсунзода»-ро, ки дидаанд, ҳамин Холиқзода аст. То ин муддат ба ҷуз нозири барқ дигар касе аз масъулин ба наздашон барои аҳволпурсӣ наомада буд. Холиқзода пас аз боздидаш аз тамоми гӯшаю канори шаҳр ва нуқтаҳои дуртарини аҳолинишин тасмим гирифт симчӯбҳои кӯҳнашудаи аксарияти деҳот, аз ҷумла, Хонақоро иваз карда, ба ҷои трансформаторҳои вақти фаъолияташон кайҳо ба охир расида трансформаторҳои наву замонавӣ васл кунад. Феълан, ба деҳаҳои Хонақо хати нави барқ кашида шуда, мутахассисони шабака дар ин нуқта ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд. Ҳамакнун, бо омадану санҷишҳои пайдарпайи Холиқзода мардуми деҳаи Хонақо, ки солҳои тӯлонӣ бо роҳи ғайриқонунӣ ба хати барқ васл шуда, аз он баҳра мебурданду маблағи истифодаро намесупориданд, ба таҳлука афтодаанд. Раиси нав намегузорад, ки муштариён бе барқ монанд ва...барқдуздӣ кунанд!

Тайёрии ҳаматарафа ба зимистон


ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» дар самти омодагӣ ба фасли зимистони солҳои 2017-18, ки муҳимтарин омилаш таъминони аҳолӣ бо барқи хушсифат ва мунтазам аст, 1 қатор нақшаҳоро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисони ширкат дар хатти 10/0,4 кВ симҳои лучи алюминӣ 59232 метр, оиқҳо ба миқдори 610 адад, сарбанд ба миқдори 130 адад, сутунпояҳои оҳанию бетонӣ ба миқдори 79 адад иваз карда шуданд. Корҳои таъмир ва ивазкунии асбобҳои барқии сӯхта ва аз кор баромада гузаронида шуда, дар олоти тақсимоти 10/0,4 кВ нуқтаҳои трансформатори шаҳр ва деҳаҳо ҷудоикунак ба миқдори 48 адад, муҳофизак ба миқдори 308 адад, барқгир ба миқдори 11 адад васл шуд. Дар хатти кабели 10/0,4 кВ ба миқдори 485 метр кабели намудҳои гуногун иваз шуда, дар атрофи шаҳр ва деҳоти он барои кам кардани серборӣ трансформаторҳо бо тавоноии ТМ-630 кВА-1 адад, ТМ-400 кВА-1 адад иваз карда шуд. Инчунин, дар ҳудуди ш.Турсунзода ба миқдори 8 адад зеристгоҳи трансформатории маҷмӯи шаҳрӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои кори мунтазами онҳо 330 литр равғани трансформаторӣ рехта шуд. Бино ба иттилои Салоҳиддин Холиқзода, дар тайи 5 моҳи соли равон 42 адад истгоҳҳои трансформатории 10/0,4 аз таъмири ҷорӣ бароварда ва корҳои профилактикӣ низ гузаронида шуд. Барои пешгирӣ дар мавсими раъду барқ бошад аз ҷониби коршиносони шабакаи мазкур 3 адад барқгир ва сабткунакҳои барқгири 35 кВ дар зеристгоҳи «Пахтаобод» 6 адад ва дар зеристгоҳи «Лоҳутӣ» 6 адад барқгир васл гардиданд. Ҳоло низ корҳои омодагӣ ба фасли сармо дар ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» идома доранд ва мутахассисони ин зерсохтори ширкати «Барқи тоҷик» кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки аҳолии шаҳр чӣ ҳоло ва чӣ дар фасли зимистон аз норасоии нерӯи барқ танқисӣ накашанд.


Мину Аминзода,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter