ХАБАРИ ДОҒ

Бақияи нақлиёт: Айб дар ош аст, ё мош?

  • Панҷшанбе, Июн 29 2017


Ҳар гоҳ, ки ба нақлиёти мусофирбари шаҳр савор шавед, ҳатман «Пули майда диҳед», «Кӣ 10-сомониро ба ду 5-сомонӣ иваз мекунад?» барин гуфтугузори ронандаро мешунавед. Гуфтугӯҳо аксаран ба муноқишаҳо мепечанд. Ҳамчунин, дар байни роҳ истода, аз ронандаи дигар гирифтани пули майда бар ивази 10-сомонаю 20-сомонаро мебинед, ки ин ҳол боиси халалдор гаштани ҳаракати нақлиёт шуданаш мумкин. Дар «Старекс»-и хатсайри 28 ронанда баъди якбора 2 кас пешниҳод кардани 10 сомонӣ асабӣ шуд. Ӯро мусофирон базӯр ором карда, маслиҳат доданд, ки «пеш аз ба кор баромадан бо худ пули майда гир, ташвишат камтар мешавад». Ронанда худро сафед карда, гуфт: «Дар куҷо пули майда медиҳанд? Пагоҳӣ дар назди БДА 200 сомонӣ дода, базӯр 190 сомонӣ гирифта будам, тамом шуд. Ёфтани пули майда осон нест!...». Ин гуна гуфтугузорро дар дигар хатсайрҳо ҳар лаҳза шунидан мумкин аст, ки андешаҳои зиёдро ба бор меорад. Аввалан, ба назар мерасад, ки бо вуҷуди фаъол будани муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва хадамотҳои давлатии назорат дар нақлиёти ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ, ронандагон дар масъалаи дарёфти пули майда мушкилот доранд. Зеро ба истиснои назди БДА, ки он ҳам ғайриқонунист, дар ягон маҳалли шаҳр нуқтаи пулмайдакунӣ ё автомат нест. Ҳар рӯз ронандагони беш аз 3000 нақлиёти мусофирбар ба кор мебарояду қариб 90%-и онҳо ба ин мушкилот рӯбарӯянд. Агар масъулони шуъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт якҷо бо ташкилотҳои дахлдор атрофи ин масъала фикр карда, тадбири судмандеро роҳандозӣ мекарданд, кори хайр мешуд. Аз вазъи ногувори набудани пули майда истифода бурда, афроде пайдо шудаанд, ки ба ивази 50 сомонӣ 45 ва ба 100 сомонӣ 95 сомонӣ дода, фоидаи муфт меёбанд. Роҳ додан ба ин амал маънои об рехтан ба осиёби қаллобону муфтхӯронро мемонад. Аз соли 2011 баъди 1 сомонӣ ва 1 сомонию 60 дирам муқаррар кардани нархи роҳкиро мақомоти дахлдори соҳаи мусофиркашонӣ бобати бо танга таъмин сохтани ронандагони нақлиёти мусофирбар мегӯянду ҳеҷ не ки гуфторашонро амалӣ созанд. Вазъ ҳамон тавре ишора гашт, идома дорад. Тибқи қарори раиси шаҳр дар аксар хатсайрҳо, аз ҷумла, 1, 2, 8, 10, 19, 25, 28, 33, 46, 52, 54, роҳкиро 1 сомонию 60 дирам муқаррар шудааст, аммо дар ягон хатсайр 40 дирам бақия намедиҳанд. Дар мусоҳибаҳо бо хабарнигорон Абдуҳалим Маҷидов-сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, ки дар муассиса ба қадри зарурӣ танга ҳаст ва дар сурати муроҷиат намудан ба ронандаҳо дода мешавад. Аммо хобидани танга дар хазина мушкилро ҳал намекунад.


Мирзои Фирӯз,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter