ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Ёвон рав!

  • Душанбе, Июл 10 2017

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар 4 моҳи соли 2017 дар Ёвон 329 млн. сомониро ташкил дода, аҳолии Ёвон гуногунмиллатанду ҷуз Тоҷикон, русу қирғиз, ӯзбеку тотор ва хитоиҳоро дидан мумкин аст. Шумораи хитоиҳо ҳамасола меафзояд, зеро бузургтарин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳамин ноҳия ҷойгиранд. Хитоиҳои ёвонӣ аллакай дар кӯчаву бозор бо лаҳҷаи Тоҷикии ёвонӣ  ҳарф мезананду роҳат мегӯянд: Дар мгзин птинка омадай, рангш квут…

Хонандагони гиромӣ! Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ» хабарнигорони газетаи СССР ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба қабули ин ё он раиси шаҳру ноҳия мераванд ва бо вазъи имрӯзаи маҳаллу сокинонаш аз наздик ошно мегарданд. Рӯзи шанбеи гузашта мухбири мо ба н.Ёвон сафар намуда, дар баробари сокинонаш нахуст ба қабули раиси ноҳия Амирбеки Темур рафта, баъдан ба сайри шаҳраки Ёвон баромад.

 Воқеан раис!
1.07.2017. Соат бо вақти Ёвон 8:30 дақиқа.
Ман, ки аз Душанбе субҳи барвақт ба роҳ баромада будам, ин соат аллакай ба назди бинои ҳукумати н.Ёвон расидам. Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ёвон 1 бинои хеле хоксорона буда, дар назди даромадгоҳаш на милиса буду на посбон-мардум бидуни монеа дарову баро доштанд. «Имрӯз рӯзи қабули шаҳрвандон аст ва раис дастур додаанд, ки ҳар касе, барои арз наздаш меояд, бояд бе мамониат даромада арзашро бигӯяд»-гуфт зане, ки коруфтодаҳоро назди дари толор номнавис мекард.
Ман ҳам худро сокини нави шаҳраки Ёвон гуфта, номнавис кардам. Бо чанд тани дигар маро ба толори калон, ки он ҷо Амирбеки Темур мардумро қабул менамуд, роҳнамоӣ карданд. Раисони зиёдеро дидаам, вале ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки Амирбеки Темур ин қадар раиси хоксор ва заминӣ бошад. Ба тан либоси оддӣ дошта, бо табассум ва хеле меҳрубонона бо мардум сӯҳбат мекард. Дар байни суханҳояш ҳатман бо латифа ё панде муроҷиаткунандаро болидарӯҳ менамуд. Сокинон ба раис дар бораи кам будани нафақа, имтиёз барои таҳсил дар макотиби олӣ, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва кӯмакпулиҳо арз карданд. Раис аз 13 нафар, ки имрӯз ба қабулаш омада буданд, касеро ноумед накард ва то тавонист шунид, маслиҳат дод ва ба зертобеонаш фармуд, ки аз ҳисоби фондҳои захиравӣ ба дармондагон кӯмакпулии якдафъаина намоянд.
Пас аз ба охир расидани қабули шаҳрвандон, Амирбеки Темур ба зертобеонаш таъкид намуд:
«Гӯш кардани мардумро ёд бигиред, ин муҳимтарин омил аст. Агар мардумро хуб шунавед, мардум низ шуморо гӯш хоҳад кард! Ба ҷамоатҳо равед, аз ҳоли мардуми деҳаҳои дурдаст хабар гиред, бубинед ва бифаҳмед, ки дар чӣ вазъу шароитанд!».
Пас аз ин раис баромада ба сари заминҳои пахта рафт: Ҳар ҳафта рӯзи шанбеву якшанбе вай тамоми заминҳои кишти ноҳияро давр зада, аз ҳоли ҳосил хабар мегирад. Амирбеки Темур замини кишту корро хеле ҳам хуб медонад, зеро солҳои тӯлонӣ деҳқонӣ кардаву кишоварзи асил низ ҳаст.

Аз Ёвон то Осиёву Аврупо
1.07.2017. Соат бо вақти Ёвон 9:30 дақиқа.
Пас аз сӯҳбат бо раис Амирбеки Темур ман аз бинои ҳукумати ноҳия баромада, ба сайру гашти шаҳраки Ёвон рафтам. Ҳамеша фикр доштам, ки Ёвон 1 ноҳияи гарму хушк асту фазояшро дуди корхонаҳои азим печидаанд, лек ғайричашмдошт Ёвонро сарсабзу хушбоду ҳаво дарёфтам. Ёвон калонтарин ноҳияи саноатии кишвар маҳсуб ёфта, он соли 1934 таъсис дода шуда будааст. Ин навиштаҷотро дар яке аз биноҳои қадимаи шаҳрак хондам. Имрӯз аҳолии ноҳия беш аз 210.000 нафарро ташкил дода, Ёвон аз 9 ҷамоат-шаҳракҳои Ёвон ва Ҳаёти нав, деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ва ҷамоатҳои Даҳана, Обшорон, Ситораи сурх, Чоргул, Норин ва ба номи Г.Юсупова иборат аст.
Аҳолии Ёвон гуногунмиллатанд ва ин ҷо ба ҷуз Тоҷикон, боз русу қирғиз, ӯзбеку тотор ва хитоиҳоро дидан мумкин аст. Шумораи хитоиҳо ҳамасола меафзояд, зеро бузургтарин корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, сементбарорӣ, ки тоҷирони Тоҷику хитоӣ якҷоя бунёд кардаанд, дар ҳамин ноҳия ҷойгиранд. Хитоиҳои ёвонӣ аллакай забони Тоҷикиро ёд гирифта, дар кӯчаву бозор бо лаҳҷаи Тоҷикӣ ҳарф мезананд!
Инчунин, даҳҳо корхонаҳои дигар, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, халтаву шиша ва моддаҳои кимиёвӣ барои корхонаи калонтарини кишвар –ТАЛКО машғуланд, дар ҳамин мавзеъ ҷо доранд. Феълан, 39 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, маҳсулоти корхонаҳои ноҳия, хоса, ресандагии Ёвон мустақим то корхонаҳои дӯзандагии давлати Туркия меравад. Дар бораи сементу шишаву халтаву намаки ошӣ ва моддаҳои кимиёвӣ аслан ҳарф намезанем, зеро онҳо кайҳо бренди Тоҷикистон гашта, на танҳо дар бозорҳои давлатҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ, балки Осиёи сағир, Қафқоз ва Аврупо низ аз лиҳози сифату кайфият шӯҳрат доранду харидор! Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар 4 моҳи соли 2017 329 млн. сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 87 млн. сомонӣ зиёд аст.

 Ёвон ободтар мешавад!


1.07.2017. Соат бо вақти Ёвон 12:00 дақиқа.
Ман аз маркази шаҳрак, микрорайонҳо, корхонаи ресандагӣ, бозори марказӣ, терминали мусофиркашонӣ, беморхонаи ноҳиявӣ, марказҳои нави савдо ва тарабхонаи «Кушон» дидан намудам. Ҳар ҷое рафтам, дидам, ки мардум саргарми кору зиндагӣ ва рӯзгори хеш дар такопӯву ҷустуҷӯ, аз пайи меҳнату ободии рӯзгори хеш. Биноҳои баландошёнаи нав қомат афрохта, марказҳои муосири маишӣ дарҳои хешро барои сокинон ва меҳмонони ноҳия боз менамоянд. Дар аксари кӯчаҳои шаҳрак таъмири ҷорӣ рафта истода, пешопеши ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз якчанд иншооти дигари муҳим ба истифода дода мешавад.
Маро аз шаҳраки Ёвон хушам омад, худро чанд лаҳза қаҳрамони филми «Вақти зангирии писар расид» эҳсос намудам. Дар Ёвон хеле чизҳо ба сюжети ҳамин филм монандӣ дошт, ҳам бархурди раис, ҳам масъулин, ҳам мардум, ки хеле ҳам самимӣ буданд ва ҷумлагӣ саргарми КОР!!! Тасмим гирифтам боз 1 бори дигар ба Ёвон биёям, дар фасли тирамоҳ ба пахтачинӣ ва ҷамъоварии ҳосил. Мо метавонем!


Ҷамила Ҳусейнова, 1.07.2017, шаҳраки Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter