Проблемаи №1-картошка ва пиёз!
Проблемаи №1-и 1 моҳи охир барои мардум на гӯшту равған, балки картошкаву пиёз шуд. Аниқтараш, картошка, ки ҳамзамон нони 2-юм аст, дефитсит гашта, нархи он то 5 сомонӣ барои 1 кг ҳам баромад. Тайи 1 моҳи шарифи Рамазон нархи картошка дар бозорҳои пойтахт тағийр наёфт ва айни замон ҳам нархи 1 килои он 3,5-4,8 сомонӣ мондааст. Агар дар бозори яклухтфурӯшии «Деҳқон» субҳи рӯзи 23.06.2017 нархи 1 кг картошка дар ярмаркаи ҳукуматӣ 3,5 сомонӣ бошад, дар бозори «Шоҳмансур» он 3,2 ва дар бозори «Саховат» то ба 4,8 сомонӣ баробар шуд. Фурӯшандаҳои картошка дар бозори «Саховат» сабаби гаронии нархи ин маҳсулоти полезиро дар камчинӣ ва гаронии он мебинанд. Аксарияти ин савдогарон ба хариду фурӯш машғул буда, ҳар килои картошкаро аз бозори «Деҳқон» бо нархи 4,2-4,3 сомонӣ харида, бо зам кардани 50 дирам онро дар фурӯш мезананд. Ҳафтаи гузашта бошад нархи пиёз аз 1,8 сомонӣ якбора то ба 4,8 сомонӣ баромад ва ин ҳам дар бозори «Деҳқон». Савдогарони бозорҳои дигари пойтахт низ инро дида нархи пиёзи хешро аз 2,5 то ба 4,5 сомонӣ боло бароварданд ва ин боиси пеш омадани ажиотаж дар бозорҳои ш.Душанбе гашт. Шояд назорати қатъии сохторҳои назоратӣ буд ва ё воридоти тоҷирони алоҳида, рӯзи дигар нархи пиёз боз коҳиш ёфт ва ҳоло нархи пиёзи хуб дар бозорҳо аз 3 сомонӣ барои 1 кг кам нест. Пиёзи аз ҳад хурдро дар бозори «Деҳқон» 1,8 сомонӣ дар ярмаркаи шаҳрдорӣ ба фурӯш гузоштаанд.
Тоҷикистон пешорӯи таркиши иҷтимоӣ қарор дорад...
Барои Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ асту кишоварзӣ шуғли асосии мардум, дефитсит шудани пиёзу картошка-маҳсулоти №1-и истеъмоли аҳолӣ боз ҳам дар оғози ҳосили нав НОНСЕНС шудааст! Ҳосил дар заминҳо ҳасту он хуб ҳам рӯидааст. Аммо мушкили асосӣ он аст, ки ин ҳосилро тоҷирони қирғизу қазоқ бо истифода аз миёнаравии туҷҷори Тоҷик аз сари замин харида, аз сарҳад берун бурда истодаанд ва касе наметавонад сади роҳи онҳо гардад! Имрӯз пиёзи Тоҷикро аз сари замини деҳқон, хоса, деҳқонони хатлонӣ, бо нархи 80 дирам-1,8 сомонӣ яклухт харида истодаанд. Ин кор пеш аз ҳама барои кишоварз қулай аст, зеро ӯ на харҷи роҳ ва на харҷи бозору яхдону ҷойро мекунад ва парво надорад, ки маҳсулоташ ба кадом бозору истеъмолкунанда меравад-Тоҷик, қирғиз ё қазоқ! Вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бошад ин омилро пешравӣ ва муносибатҳои озоди иқтисодӣ гуфта, ҳар рӯз тариқи телевизиону радио ҳисобот дода, аз ин меболанд, лек нафаре фикр намекунад, ки камчин шудани картошкаву пиёз дар Тоҷикистон ва ин ҳам дар оғози ҳосил метавонад боиси пеш омадани таркиш ё дурусттараш хаоси иҷтимоӣ гардад!? Шояд пурсед барои чӣ? Чунки хӯроки асосии қисми зиёди мардуми Тоҷик маҳз картошкаву пиёз аст ва агар ин ҳам аз бозорҳо гум шавад, мардуми камбизоат чӣ хоҳад хӯрд?! Гушна ба шер мезанад…
Гелос 20 сомонӣ!!!
Нарху навои меваю сабзавот низ дар ин 1 моҳи гузашта иваз нашуд. Дар арафаи ид бошад мисли ҳамеша нархҳо боз ҷаҳиданд. 3 рӯз пеш аз ид нархи 1 кг гелос, ки боз ҳам охири ҳосилаш аст, аз 20 сомонӣ гузашт. Нархи 1 кг зардолу 5-10 сомонӣ, олу 6-10 сомонӣ, себ 5-10 сомонӣ, тарбуз 8-15 сомонӣ гардид, ҳол онк ин маҳсулот 2-3 сомонӣ нарх дошт. Барои 1 дона харбуза, аз рӯи ҳаҷм 8-15 сомонӣ бояд пардохту нархи 1 кг помидор имрӯз дар бозорҳои пойтахт аз 3 сомонӣ кам нест, қаламфури булғориро субҳи рӯзи 23.06.2017 дар бозори «Деҳқон» 6 сомонӣ сари ҳар 1 кг фурӯхтанд. Нархи 1 кг бодиринг дар бозори «Деҳқон» 1 сомонӣ буда, дар бозори «Саховат» он аллакай 1,5 сомонист. Аҷиб он ки нархи 1 кг бодиринг дар ярмаркаи шаҳрдории ин бозор 2 сомонӣ нарх дорад!!! 1 кг сабзӣ ҳам аз 3 сомонӣ арзон нашуд. Нисбат ба гӯшту равған айни замон дар бозорҳо ҳаёҳӯй нест, дар тамоми растаҳои гӯштфурӯшӣ гӯшти гову гӯсфанд фаровон буд. Нархи гӯшти гов низ аз 30 то 36 сомонӣ буда, қассобон аз он меноланд, ки гӯштхӯр кам шудааст. О, беинсофҳо, арзон кунед, ки мардум харад!
Мардум пул надорад?
Соли ҷорӣ нисбат ба баргузории иди саиди Фитр ва дастархонороии идона таваҷҷӯҳ зиёд аст. Агар аз 1 сӯ мубоҳисаҳо гирди тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо», ки яке аз пешниҳодҳои асосии он манъи идгардак ва густурдани дастархони идона бошад, аз тарафи дигар супориш ва тавсияҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи густурдани дастархони хоксорона вале маънавӣ боис гардид. Ин 2 омил имрӯз дар байни мардум, хоса, занҳо вокуниши ҷиддиеро ба бор овардааст, қисме аз тарси тафтишгарон аз оростани дастархони идона даст кашида истодаанд, қисме дигар бошад, баръакс тарафдори боз ҳам бештар шукӯҳ додан ба хони идонаанд.
Танҳо мехоҳам қайд намоям, ки нархи 1 кг шоколади «Сникерс»-у «Марс», ки то 1 ҳафта пеш дар мағозаҳои маркази савдои «Садбарг» 56 сомонӣ буд, имрӯз аллакай 59-60 сомонӣ барои 1 кг шудааст. Мо ҳанӯз ажиотажи мардумро дар назди растаҳои ширинифурӯшӣ ва қанду мағзу мавиз надидем, мардум бештар барои рӯзғор мисли ҳамеша харид карда истодаанд. Фурӯшандаҳо мегӯянд, мардум пул надоранд, кризис аст ва маҳсулоти қаннодиву нонӣ низ ин маротиб хеле кам ба пойтахт ворид шудааст.
Бо ин ҳама идро бо дастурхони оддӣ ва хоксрона аксарият қайд карданд. О, мана мешудааст-ку? Мо метавонем!
Мину Аминзода,
СССР