ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Корвон рав!

  • Душанбе, Июл 17 2017


Шоми 2.07.2017 дар бозори калонтарини пойтахт-«Корвон» сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор дар байни дарвозаҳои 6-7 сар шуда, алангаи оташ баъдан тавассути раставу дӯконҳо то ба дарвозаҳои 3-5 низ расид. Дар бораи сабабҳои сӯхтор, чораҳои амниятӣ, ҳуҷуми гурӯҳи дуздон ба бозор ва сабукиҳои шаҳрдорӣ ба зарардидагони ин офат мо дар шумораи гузашта ба тафсил гуфта будем. Бо супориши редаксия, пас аз 1 ҳафтаи сар задани сӯхтор, рӯзи якшанбеи гузашта мухбири мо боз ба бозори «Корвон» рафт ва бо вазъияти имрӯзаи он ошно гашт.

Мардум зиёду савдо дар авҷ
Рӯзи 9.07.2017. Соат бо вақти Душанбе 8:30 дақиқа.
Тавассути дарвозаи №10, ки яклухтфурӯшист ва одатан он ҷо матоъҳои гуногун савдо мекунанд, вориди бозор мешавам. Мардум мисли ҳамешагӣ зиёд асту хариду фурӯш ҳам дар авҷ: Гӯё чизе нашудааст, ҳама саргарми савдо. Байни растаҳо оҳиста-оҳиста қадам зада тамошо мекунам ва ҳам ба гапи мардум гӯш медиҳам. Дар бораи сӯхтори ба вуқӯъ омада қариб касе ҳарф намезанад. Танҳо шумораи муҳофизони либоси махсуспӯшида назар ба боздиди охиринам, ки 2 ҳафта пеш аз сӯхтор буд, ба маротиб афзудааст. Агар пештар танҳо дар назди даромадгоҳи дарвозаҳо 1-2 нафар посбонон ва муҳофизон менишастанд, айни замон дар ҳар раста 2-3 нафар посбонону муҳофизон равуо дошта, шахсоне, ки дар дасташон ашёҳои шубҳанок доштанд, манъ намуда ному насаб пурсида сумкаҳояшонро аз назар мегузарониданд. Ба назари ман ин кори хуб аст ва бояд ҳамеша ҳамин тавр бошад, зеро бозор ҷои асосии ҷамъшавӣ ва ҳамеша пуродам аст. Кош, посбонону муҳофизони ин бозор ҳамеша чунин кор мекарданд…

Даромадан ба дарвозаи №6 манъ аст!
Соат бо вақти Душанбе 9:30 дақиқа. Аз бозори яклухтфурӯшӣ гузашта ба қисмати рости бозор медароям. Дарвозаи №7-и бозор кушода асту мардум мисли қабл дар дӯконҳои хеш нишаста савдо доранд. Тамоми дӯконҳоро аз назар мегузаронам ва ҷои осеби сӯхторро намебинам. Танҳо ҳини наздик шудан ба растаҳои дарвозаи №6 дидам, ки дару девору пасмондаҳои сӯхтаро ҷамъ карда истодаанд ва гузаштан ба қисмати сӯхтаи бозор, ки асосан дар дарвозаи №6 ҷойгир аст, номумкин аст. Ба роҳи мошингард баромада мехоҳам тавассути дарвоза, ки қисман боз аст, дароям. Лек чанд нафар ҷавонмарди ҳарбипӯш «Даромадан ба дарвозаи №6 манъ аст!»-гӯён садди роҳ мешаванд. «Дугонаам дар инҷо дӯкон дорад, ба хабаргирияш омадам» мегӯям ман, вале боз ҷавоби рад мешунавам. «Журналистам, ба дидани ин макон омадам, мехоҳам бубинам, ки чӣ корҳо рафта истодааст, дӯконҳои мардум дар чӣ ҳол аст?!»- дубора муроҷиат мекунам, лек ин бор яке аз он ҷавонон маро аз назди дарвоза дур карда таъкид мекунад, ки «илтимос, равед, халал нарасонед, мо гап мешунавем, равед аз роҳбарон иҷозат гиред, баъд марҳамат!»
Умедамро наканда ба воситаи дарвозаи №7 даромада ба тарафи хонаҳои шахсии паси бозор меравам, шояд аз деворҳои он ҷои асосии зарардидаро бубинам, аммо ин ҷо низ маро ноумедӣ интизор буд-посбоне кунҷковиамро дида аз ман хоҳиш намуд, ки аз зери деворҳои мардум дур шавам…

Овозаҳо, овозаҳо, овозаҳо…
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа.
Гирдогирди бозори «Корвон» хуб гаштам, вале натавонистам лоақал 1 дӯконеро, ки азнавсозӣ шуда истодааст, бубинам ва акс бигирам. Садои болғаву бурридани варақаҳои оҳаниву пластикӣ ба гӯш мерасад, лек муҳофизон тамоми дӯконҳои осебдидаро гирд карда ба қавле намегузоранд, ки пашшае пар зада аз наздашон гузарад. Маҷбур аз раъям бармегардам ва ба тарафи хона роҳ пеш гирифта микроавтобусро манъ мекунам. Дар дохили салони микроавтобус чанд нафар мусофир, ки ҳамаашон зан буданд, дар бораи сӯхтори «Корвон» хеле гарм баҳс мекарданд. Яке таъкид менамуд, ки бозорро махсус оташ задаанд, дигаре исрор менамуд, ки гунаҳкори асосӣ гармии ҳавост, ки ноқилҳоро сӯзон намудааст, сеюмӣ қайд менамуд, ки ин кори дуздон аст, зеро барқи бозорро ҳамарӯза соати 15:30 хомӯш мекунанд. Чорумӣ аз он шубҳа дошт, ки чаро новобаста аз насби садҳо дастгоҳи видеоӣ ва мушоҳидавӣ то ҳол гунаҳкорро пайдо карда наметавонанд, панҷумӣ бошад мегуфт, бозори «Корвон» кайҳо кӯҳна шудаасту ба ҷои он бояд 1 бозори муосиру замонаву бунёд шавад…


Мину Аминзода аз бозори «Корвон»
9.07.2017

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter