ХАБАРИ ДОҒ

Корт бонкӣ пешравист, ё пасравӣ?!

  • Панҷшанбе, Июл 20 2017


Чанд сол пеш вақте системаи кортӣ барои гирифтани музди меҳнат ҷорӣ шуд, мутасаддиёни соҳа ба воситаи ВАО ҳай бо воҳима таъриф мекардандееее. 1 сол нагузашта на танҳо дар ноҳияи Муъминобод, балки дар тамоми ҷумҳурӣ аз манфӣ будани ин «дастовард»-у «пешравӣ» ҳарфҳо баланд шудан гирифтанд. Сухани мусбӣ не, балки манфӣ ва пур аз таассуфу ноумедӣ, шикояту баҳсу даъвоҳо… Инак, чанд мушоҳидаи худро ҳамчун маошхӯри соҳибкорт аз дари банкоматҳо гуфтаниям.
1.Вақте 30-31-ум ва ё 1-2-юми моҳ мешавад, тамоми муҳосибон ба кормандони муассисаҳои буҷетӣ мужда медиҳанд, ки «дар кортҳоятон маблағ гузашт». Ана, баъд сар мешавад-ееее! Назди ягона банкомати филиали «Амонатбонк»-и н.Муъминобод маошгирони қариб 100 идораю муассисаҳо ҷамъ мешаванд. Дар ҳисоби кортҳо маблағ ҳаст, вале пули нақд нест!!!
2.Омӯзгорони деҳаи Дашти ар-ар аз масофаи 30 км ва аз деҳаи Олимтой, аз дурии 100 км ба маркази ноҳия 5-20 сомонӣ харҷи роҳ карда меоянду дар банкомати «Амонатбонк» пул нест. Ягон шинос дошта бошад бахайр, набошад гашта боз ба Кӯлобу Восеъ, ба меҳмонхона мераванд. Чунки дар н.Муъминобод меҳмонхона нест. Хӯроки шому саҳар 20-30 сомонӣ, ба болояш боз 10-15 сомонӣ харҷи роҳ карда Муъминобод меоянд, боз пули нақд нест. Баъзан ин даву ғеҷҳо аз 100-у 200 сомонӣ мегузаранд. Абдусамад Қурбонов-омӯзгори деҳаи Боғгаӣ мегӯяд, «ҳамон системаи пешина нағз буд, ки хазинадор омада пулро мебурду дар 10-15 дақиқа ҳамаи омӯзгорону коркунони хоҷагӣ маошашонро бе ягон мамониат дар даст мегирифтанд. Вақте ба маркази ноҳия меравӣ назди ягона банкомат тӯдаи маошгиронро бе навбату доду ғирев дида ҳуш аз сарат мепарад. Ту гӯӣ, ки Баҳманмоҳи соли 1991-и назди СеКаи Тоҷикистон бошад. Охир, тасаввур кунед, ки омӯзгору духтуру милисаву фаррошу роҳрӯбу нозир… назди банкомат тӯда шуда, чи рӯзи маҳшареро ба вуҷуд меоранд…».
3.Агар худо накунаду маошгирии беш аз 100 идораю ташкилотҳои буҷавӣ то рӯзҳои 5-6-уми моҳ идома ёбад, ана, баъд сар мешавад навбатпоии   нафақахӯрон. Беш аз 5000 нафар нафақахӯрони аз 63 то 80-сола назди бинои «Амонатбонк»-анд. Боз пули нақд нест!!!
Бо ҳамин ҳолу аҳволу кашмакашию асабхаробкуниҳо маошу нафақа ҳафтаҳо кашол меёбанд. Кор ба ҳадде мерасад, ки то рӯзҳои 25-26-уми моҳ низ пирон нафақапулии моҳи гузаштаро дастрас карда наметавонанд. Бонкҳои Тоҷикистон мисли қурбоққае ҳастанд, ки бо дидани бонкҳои хориҷӣ аспҳояшонро наъл зада истодаанд. Ё мо ҳоло аз истифодаи технологияҳои пешрафтаи бонкӣ фарсахҳо дур ҳастем, а, ҷаноби Руҳулло Ҳакимзода?!


Нурулло Ҳасанов,
журналист, н.Муъминобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter