14.07.2017. Соат ба вақти Душанбе 16:00 дақиқа.
Дар бинои марказии Тоҷиксодиротбонк нахустин Брифинги раёсати ТСБ бо кулли сардабирон ва масъулини расонаҳои иттилоотии дохиливу хориҷӣ баргузор шуд. Пештоз бояд гуфт, ки брифинги мазкур дар кишвари мо ба таври бесобиқа аст. Зеро то кунун раёсати ягон Бонк аз чунин тадбир кор нагирифтааст. Тоҷиддин Пирзода-раиси ин бонк бо куллияи муовинон ва масъулинаш пешорӯи журналистон қарор гирифтаву изҳор доштанд, ки омодаанд ба дилхоҳ суолу пурсиш, дар дилхоҳ мавзуъ посух гӯянд. Боварии Пирзода ва командааш моро мутмаин кард, ки ТСБ воқеан ҳам аз бӯҳрон вораставу ба 1 бонки низомаш мушаххасан муайян табдил ёфтааст. Зимнан мизоҷон метавонанд орому осуда бошанд. ТСБ, тавре, ки дар сӯҳбати ошкоро бо хабарнигорон Пирзода иброз дошт, «То охирин дирами мизоҷонашро бо фоизҳояшон ҳатман бармегардонад». Мо Метавонем!
Бӯҳрони Тоҷиксодиротбонк: Ҳақиқат, ё фитна?
Ҳанӯз дар оғози ба садамаи молиявӣ гирифтор шудани ТСБ ва дигар бонкҳо иддае аз псевдотаҳлилгару намояндаҳои расмии мақомоти давлатӣ сабаби ба ҳолати бӯҳронӣ расидани ин ташкилотҳо (махсусан, ТСБ)-ро аз менеҷменти заиф ва ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳои қарзӣ медиданд. Вақт нишон дод, ки ҳақиқат тамоман дигар ва сабаби аслии садамаи ТСБ ин ба таври сунъӣ паст кардани сатҳи пардохтпазирии нақдию ғайринақдӣ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани фазои нобоварӣ ва аз даст додани эътимоднокии мизоҷон буду халос. Гузашта аз ин нафарҳои паси ин саҳнаҳои муғриз истода, ба хотири ниятҳои нопок, на танҳо обурӯ ва эътибори ин бонки маъруфро паст заданд, балки бо ин амал иқтисодиёти кишварро ба зону шинониданд. Ҳамон тавре Тоҷиддин Пирзода-Раиси Раёсати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ҳамоиш бо намояндагони ВАО-и рӯзи 14 июл иброз намуд:
“Тибқи далелҳои мавҷуда, ки мо онҳоро ҳатто ба мақомоти дахлдор низ пешниҳод кардаем, саҳнаҳои митингу гирдиҳамоии мизоҷон ҳама сохтаву дурӯғин буд. Мо далел дорем, ки аксари иштирокчиёни ин гирдиҳамоиҳо аслан мизоҷи бонк набуда, на амонат дар ин бонк мондаанду на қарз гирифтаанд. Теъдоди зиёди онҳо донишҷӯёне буданд, ки ҳатто кортҳои бонкии дар даст доштаашон ба ТСБ мансуб набуд. Инҳо ажиотаж карданд, мардумро ба таҳлука оварданд, то мизоҷони мо фавҷ-фавҷ ба банкоматҳо ҳуҷум карда пасандозҳояшонро гиранд. Бовар кунед, дар дилхоҳ бонк агар ҳама мизоҷон пулашонро кашида гиранд, ҳатман кризис таваллуд мегардад”
Рафтан ба умеди омадан
Аммо ҳама пушти сар шуд ва ҳақиқату ростӣ ба фитнаҳои номардона зафар кард. Марде, ки бо портфели муаллимӣ аз утоқи корӣ берун рафта буд, дубора сари раёсати бонке омад, ки онро аз хишти аввал сохта буд. Ҳамагӣ дар чанд моҳ сутунмуҳраи абгори Тоҷиксодиротбонкро муҳра ба муҳра пайваст ва низоми пештараро барқарор намуд.
Дар 6 моҳи соли равон 65%-и амонатҳо, ки 1 млрд.58 млн. сомониро ташкил медод, ба мизоҷон баргардонида шуд. 2 млрд. 111 млн. сомонӣ ӯҳдадориҳои бонк пардохт шуда, 542,2 млн. сомонӣ қарзҳо ба хазинаи бонк баргардонида шуд. Дар ин давра 3490 нафар муштариён ба бонк муроҷиат карда, ба 302 нафарашон ҷавоби хаттӣ ва ба 3188 нафарашон ҷавоби шифоҳӣ гардонида шуд. Меъёри пардохтпазирии бонк дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 мутаносибан 4,24% ва 3,02%-ро ташкил медод, ҳоло бошад, меъёри пардохтпазирӣ 36%-ро ташкил медиҳад. Аммо ин охири кор нест! Тоҷиксодиротбонк баъди ин “имтиҳон” дарсу ибрати бештаре касб кардаю роҳу равиши наверо пеш гирифтааст. Ба қавли Пирзода, “То охирин дирами мизоҷонро барнагардонем, осуда намешавем...” Ин аст шиори имрӯзаи Тоҷиксодиротбонки ояндасоз. Мутмаин, онҳо метавонанд!
Мизоҷоне, ки миллиардҳо даромадашонро дар 2 рӯз ФАРОМӮШ карданд...
ТСБ яке аз бонкҳои калидие буд, ки ба муштариёнаш фоизҳои аз ҳама баланд медод. Ба гуфти садри ТСБ маҳз ин бонк зиёд нафаронеро, ки пасандозашон аз 100 то 10.000 доллар буд, соҳиби миллионҳо сомонӣ кард. Фарзи мисол, дар 5 сол ТСБ ба мизоҷонаш 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ танҳо фоизи амонат додааст!!!
Аммо чун бонк дучори бӯҳрон шуд, бархе аз онҳо шӯриданд. Аммо имрӯз аксарият боз пасандозҳояшонро ба ТСБ бовар карданд. Зеро хатти маши ТСБ ва менеҷменти бонк онҳоро мутмаин кардааст, ки ҳар дирамашон бо фоизҳо баргардон мешавад. Вале аксарияти маблағгузоштаҳо маҳз ба Сардори раёсати ТСБ эътимод ва бовар доранд. Мирзо, як мизоҷи ТСБ, дар сӯҳбат ба СССР гуфт, «Рости гап, вақте шунидам, ки Бонк соле қабл дучори бӯҳрон шудааст, виждонам набардошт, ки рафта пуламро талаб кунам. Зеро воқеан ҳам тӯли чандин сол аз ин бонк фоизи амонате гирифтаам, ки тақрибан баробар ба пули гузоштаам буд. Тоҷиддин Пирзода ҷавонмардтарин бонкир ва софдилтарин соҳибкори Тоҷик аст, зимнан талаби маблағи гузоштаам аз ӯ номардӣ мешуд. Имрӯз ман шодам, ки боз бо ӯ сару кор дорам ва агар лозим шавад, омодаам, пулҳоямро ба ӯ бубахшам, ҳадя кунам. Зеро мард бояд ба қадри мард расад!»
Ба иттилои Пирзода, имрӯз низ мизоҷони ТСБ аз 100 сомонӣ то 40 млн сомонӣ пасандозашонро маҳз ба ин бонк бовар кардаву нигоҳ медоранд. Ба суоли хабарнигорон оид ба ному насаби муштариён, ҷаноби Пирзода гуфт:
-Ин сирри махфии бонкист, ки ҳич гоҳ фош намешавад!
О. Муродӣ
Бонкшиноси СССР
Аз редаксия: Дар шумораҳои наздиктарин сари мавзуъ бармегардем ва дар сӯҳбати фардӣ бо Пирзода аз имкониятҳои ТСБ, гузаштаи гулгулшукуфон, даврони «муфлисии сунъӣ», «афроди иғвоангез» ва ажиотажсоз, раёсати муваққатӣ, кобинаи ҷадиди ТСБ ва ҳатман ояндаи дурахшони ин бонк хоҳем навишт. Гӯшбақимор бошед, ки МО Метавонем!