Қатъи “ихтиёрӣ-маҷбурӣ”-и фаъолияти "Меҳробод"
Ба иттилои хадамоти матбуотии БМТ 1 марти соли равон, дар асоси моддаи 11, Қонуни ҶТ «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд” оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” қатъ гардонида шуд.
Дар робита ба қарори мазкур иҷозатномаи ин ташкилоти қарзии хурд, ки аз ҷониби БМТ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонда мешавад. ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” то ин замон дар ҳудуди ҷамоати Меҳрободи н.Ашти вил.Суғд фаъолият карда, ниёзи аҳолии ин минтақаи Тоҷикистонро бо хизматрасониҳои бонкӣ таъмин менамуд. Дар ахбори хадамоти матбуотии БМТ қайд шудааст, ки фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” “бо дархости он оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ” қатъ шудааст. Аммо асли воқеа дар дигар ҷо ниҳон аст: дар асл ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” натавонистааст ё имкон надоштааст, ки меъёри нави муайянкардаи БМТ барои сармояи оинномавиро пурра гардонад, аз ин рӯ, маҳз бо қарори БМТ фаъолияти он қатъ ва иҷозатномааш бозхонд шудааст.
БМТ ҷойҳои кориро...барҳам мезанад!
Ҳамин тариқ тибқи маълумоти сомонаи расмии БМТ ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” 19-умин ташкилоти хурди қарзиест, ки баъди тағйирот ворид кардан ба Дастурамалҳои №196, №197 ва №198 фаъолияташон қатъ карда мешавад. Тасаввур кун, хонанда, дар ҳоле ки ҳама муассисоту ташкилотҳо дар пасманзари даъватҳои Президенти ҶТ оид ба таҳияи ҷойҳои нави корӣ, талош доранд, танҳо дар ҳамин шабу рӯзи охир БМТ 19 ташкилотро, ки ба масале садҳо даҳони хӯранда доштаанд, яъне даҳҳо оиларо маошу нон медоданд, мебандад!!! Бе муҳобо хатти маши БМТ, ки гӯиё барои ҳифзи қурби сомониву паст кардани шиддати норизоии мардум равона шудааст, баракс дар ҷамъияти имрӯза мардумро нороҳат ва нигаронтар кардааст! Ин дар ҳолест, ки ҳазорон нафари дигарро БМТ дар тӯли 3 моҳи ахир бе ҷои кор карда буд. Сухан сари басташавии Саррофхонаҳо меравад. Баҳонаи БМТ барои сад гузоштан аз беқурбшавии арзи миллӣ-Сомонӣ дар пасманзари хариду фурӯши доллар дар ин нуқот усулан бе поя баромад. Зеро Ҳазрати Доллар баъди басташавии саррофхонаҳо, ки ба садамаҳои рӯҳиву равонӣ ва ҳатто худкушии саррофон оварда буд, 1 мисқол поин нарафт. Баракс боло шуд...Сари ин мавзуъ мо ҳатман бармегардем. Мо Метавонем!
Меъёрҳои нави БМТvsБонкдории хурд
Реформаи нави БМТ, ки аз ворид намудан ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оғоз шуда буд, соли гузашта бо тағйирот ворид кардан дар Дастурамали №197 меъёри ҳаҷми пурраи сармояи оинномавиро барои ташкилотҳои хурди қарзӣ ба ҳолатҳои 1.10.2015 2 000 000 сомонӣ, ба 1.01.2016 3 000 000 сомонӣ ва ба 1.04.2016 4 000 000 сомонӣ муайян мекунад. Қайд кардан ба маврид аст, ки БМТ меъёри ниҳоии сармояи оинномавиро барои ташкилотҳои қарзии хурд ба ҳолати 1.04.2016 дар ҳаҷми 4 000 000 сомонӣ ва барои ташкилотҳои хурди амонатию қарзӣ дар ҳаҷми 6 000 000 сомонӣ (Дастурамали №196) ва ё баробар ба 1 000 000 доллари ИМА бо қурби ҳамонвақтаи асъор муайян кардааст. Сабаби боло бурдани меъёри сармояи оинномавӣ дар гузоришҳои расмии БМТ ба танзими фаъолият ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ марбут дониста мешавад. Аммо иддае аз мутахассисони соҳа ба ин назаранд, ки боло бурдани меъёри сармояи оинномавӣ ба қатъ шудани фаъолияти теъдоди зиёд (то 50%)-и ташкилотҳои молиявии хурд оварда мерасонад, ки хисороти ҷиддӣ ва назаррас дар соҳаи бонкдории кишвар аст.
Ташкилотҳои хурди қарзӣ аз бонкҳо дида муфидтаранд
Тибқи омори расмӣ ва гузоришҳои расмии роҳбарияти БМТ фоиданокӣ (рентабелност) ва бозоргирӣ (ликвидност)-и хизматрасониҳо дар ташкилотҳои хурди молиявӣ нисбат ба бонкҳо дар сатҳу дараҷаи хуб қарор доранд. Яъне даромаду фоидаи софи ин ташкилотҳо аз маҳсулоти бонкии пешниҳодкарда нисбат ба даромаду фоидаи бадастовардаи бонкҳо ба маротиб зиёд аст. Мисол, 1 ташкилоти хурди амонатию қарзӣ дар ҷамъбасти соли 2014 агар ба маблағи 35 млн. сомонӣ даромади амалиётию 20 млн. сомонӣ фоидаи соф ба даст оварда бошад, дар ҳамон сол яке аз маъруфтарин бонкҳои кишвар ҳамагӣ 45 млн. сомонӣ даромади амалиётию 25 млн. сомонӣ фоида гирифтааст. Дигар ин ки ташкилотҳои хурди молиявӣ, ки дар минтақаҳо вобаста ба шароити иқтисодии ҳамон маҳал ташкил шудаанд, хубтар ниёзу талаботи мардумро омӯхта, ба онҳо беҳтар хизмат мерасонанд. Маъруфият, эътимоднокӣ ва рейтинги хуби хизматрасониҳои ташкилотҳои хурди молиявист, ки муассисаҳои “Имон интернешнл”, “Финка”, “Ҳумо” ва “ОКСУС” саросари кишварро фаро мегиранд. Мардум ҳам аз бонкҳо дида, ба ин ташкилотҳо бештар таваҷҷӯҳ намуда, ниёзи худро дар онҳо мебарорад.
БМТ бозорро барои кӣ тоза мекунад?
Баъди даъват ва дастури Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди фарогирии тамоми манотиқи кишвар бо хизматрасониҳои бонкӣ, ташкилотҳои қарзӣ, хосса, бонкҳо ба зиёд кардани муассисаҳои бонкиашон дар минтақаҳо мутаваҷҷеҳ шуда, рақобати хуберо дар соҳаи бонкдорӣ ба вуҷуд оварданд. Лек мутаассифона, ин рақобат дар аксари маврид хусусияти монополистиро мегирад. Яъне гигантҳои бонкдорӣ муассисаҳои хурду заифро ба ҳар роҳ буғӣ кардан мехоҳанд. Албатта ин қонуни иқтисоди бозорист, аммо рақобат бояд солим ва дар пешниҳоди маҳсулоти хубу арзони ба талаботу ниёзи мизоҷон мувофиқ таҷассум ёбад. Дигар ин ки шароити имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ талабот ба муассисаҳои бонкиро ба мисли мағозаву нуқтаҳои тиббӣ он қадар зарур кардааст, ки бояд онҳо дар наздиктарин маҳал ва иқоматгоҳи мардум бошанд. Акнун агар мушоҳида карда бошед, дар 1 маркази хурди аҳолинишин (билфарз, маркази н.Дарвоз) чӣ ҳоҷат дорад, 3-4 филиали бузургу боҳашамати бонкӣ бино кардан? Дар ҳоле ки аз наздиктарин маҳаллаи ҳамсоя шояд 1-соата роҳ то ин марказ ҳаст. Зимнан, дар ин шароит муассисаҳои хурди ташкилотҳои хурди моливӣ қулайтару ба мақсад мувофиқтаранд.
Шакар ба тарозуи вилоят
Албатта, дар ин иқдом ва амали БМТ ҳеҷ ваҷҳи ғайриқонунию иқтисодӣ дида намешавад, зеро мо ҳам медонем, ки талаботи ҷаҳони муосир ва стандартҳои соҳавӣ инро тақозо мекунанд. Лек фактори дигаре низ аз ҷониби мутахассисин ва роҳбарияти ин ниҳоди муътабар бояд ба назар гирифта шавад, ки шароит ва фазои иқтисодию молиявӣ дар ҳама манотиқи Тоҷикистон якхела нест. Мисол, нишондиҳандаҳои теъдоди мизоҷ, маҷмуъи хизматрасонӣ, гардиши воситаҳои пулӣ, талабот ба маҳсулоти бонкӣ дар ш.Душанбе аз минтақаҳо ва ё дар маркази вилоятҳо аз ноҳияҳо ба маротиб фарқ мекунанд. Аз ин рӯ, шояд ҳамон 6 млн сомонӣ сармояи оинномавии меъёршуда агар дар пойтахту марказҳои калони аҳолинишин ҳатмӣ бошад, дар ҷамоату минтақаҳое ба мисли Дарвозу Айнӣ ва ё Тавилдараю Шуроободу ҳамон Ашт сарбории зиёдатист. Баъдан гумон аст, ки аз аҳолии маҳалии ин минтақаҳо шахсияте пайдо шавад, ки ба ин маблағ ташкилотеро созмон дода тавонад. Аз ин рӯ, инқилобу реформа кардан кори хуб аст, аммо “шакар”-ро ҳам ба “тарозуи вилоят” бояд тақсим намуд. Мо метавонем!
Одинашо Муродов
СССР