АЗ ДАЛЕЛҲОИ ЗИКРШУДА ВА БО ИСТИФОДА АЗ МОДДАИ 172 АЗ СУД ХОҲИШ МЕНАМОЯМ:
-ҳуқуқу манфиатҳои Конститутсиониам роҷеъ ба КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодии сухан ва дахлнопазирии шахсият аз ҳама гуна вайронкунию маҳдудкуниҳо ҳифз карда шавад.
-мақолаи ман ҳаматарафа дар ҳузури худи ман ва коргарон баррасӣ карда шавад ва барои ҳифзи ҳуқуқи коргарон чораҳо андешида шавад.Тибқи талаботи Кодекси ҷиноятии ҶТ касе ҷиноятро мепӯшонад, ӯ низ ҷинояткор аст. Мисоли гуфтаҳоям пинҳон кардани андозбандӣ хунукназарӣ буда, далели парвандаҳои ҷиноятӣ аст;
Дар асоси моддаи 172 КГ ҶТ ҳифзи ҳуқуқи шахси ғайриамволӣ:
«Шахсе, ки ҳуқуқҳои шахси ғайриамволиаш вайрон шудааст, ба ғайр аз тартиби дар моддаи 11 пешбинигардида мувофиқи қоидаҳои ҳамин Кодекс, инчунин ба ҷуброни зарари маънавӣ ҳуқуқ дорад.»
- ҳамин вокуниш боис гардид, ки ман рӯзҳои зиёде дар шӯъбаи касалиҳои асаб бихобам ва баъдтар ба маркази саломатии ш.Панҷакент муроҷиат намоям. Аз ин рӯ:
- барои қонуни матбуотро дағалона вайрон намуданаш сармуҳаррири гоҳномаи «Зарафшон» Луқмон Қурбонов мувофиқи протоколи Маҷлиси Ҳукумати ҶТ ба нафақа гуселонда шавад ва сабаби дар идораи давлатӣ фаъолият бурдани танҳо узвҳои ду оила ҳаматарафа санҷида шавад.
- зарари маънавии маро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кардани аз тарафи ҷавобгарон: Луқмон Қурбонов, Фаррух Исрофилов, Сафарзода Муҳаммадсодир, Ҷан Шундин дар ҳаҷми 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ ба фоидаи ман рӯёнда шавад;
- барои дар аризаи даъвогӣ қасдан Имсоил навиштан нависандаи ариза ба фоидаи ман зарари маънавӣ ҷудо намояд;
-ҷавобгарон Луқмон Қурбонов, Фаррух Исрофилов, Сафарзода Муҳаммадсодир ва Ҷан Шундин барои дағалона зери пой намудани моддаи 25 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба воситаи гоҳномаи «Зарафшон» ба тариқи расмӣ аз ман ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон» узр пурсанд;
- корхонаи муштараки «Зарафшон» барои аз 13-уми август бе иҷозатномаи давлатӣ дар ду самт, яъне ЗИФ -1 ва ЗИФ- 2 кор карданаш ва нахобонидани ин коргоҳҳо ба ҷавобгарӣ кашида шавад ва ҳамаи фоидаи дар ин самтҳо ба каф овардааш ба бюҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шавад.
Журналисти Тоҷик хитоиҳоро ба суд дод
Хабарнигори мардумии СССР-Исмоил Зарифӣ, шоир аз деҳаи Косатарои шаҳри Панҷакент, директори генералии ҶДММ КМ «Зарафшон» Ҷан Шундинро ба суд додааст. Бино ба иттилои Зарифӣ, дар баробари муовини раиси ш.Панҷакент-Сафарзода Муҳаммадсодир, ҳамчунин Луқмон Қурбон-сармуҳаррири газетаи “Зарафшон”, ҳуқуқшиноси ҶДММ КМ «Зарафшон» Фаррух Исрофилов, директори ҶДММ КМ «Зарафшон» Ҷан Шундин дар суд ҷавобгар хоҳанд буд. Зарифӣ аз суд талаб кардааст, ки:
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар