ХАБАРИ ДОҒ

Барқи Кӯлоб: нақшаҳо, азнавсозӣ ва дурнамо

  • Душанбе, Сен 18 2017


Газетаи мардумии СССР дар баробари ошкор кардану навиштани камбудиҳои соҳаҳои мухталифи ҷомеа боз дар бораи рушду нумӯи ин ё он бахшу соҳаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат низ менависад. ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» яке аз чунин ҷамъиятҳоест, ки дар муддати 1 соли охир на танҳо бинои маъмурӣ, балки фаъолияти худро пурра таҷдиду иваз намуда, имрӯз ба яке аз корхонаҳои босамари кишвар табдил ёфтааст. ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» дар 8 моҳи с.2017 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ ва ширкати «Барқи тоҷик» дар самти сарфакорона истифода кардани захираҳои энергетикии кишвар, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти барқӣ ва бо барқи хушсифат таъмин намудани соҳаҳои хоҷагии халқи ш.Кӯлоб ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда равона кардааст. Мухбири мо дар остонаи Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони ин корхона буд ва бо фаъолият ва корҳои созандаи он ошно гашт.

Биноҳои хароб гардад обод…


Ҳар нафаре агар қаблан ба бинои маъмурии ин корхона омада бошад, айни замон онро нахоҳад шинохт, чун дар муддати на он қадар тӯлонӣ ва бо иваз шудани роҳбарият на танҳо бинои маъмурӣ ва фурӯши барқ, балки тамоми атрофи ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд. Саҳни корхона низ таҷдид гашта, дар баробари гулу буттаҳои зиёди ороишӣ фаввораи нав бунёд шуда, намуди берунии ҷамъият дигар шудааст. Утоқҳои кории кормандони шабака низ таъмиру таҷдид ва бо асбобу лавозимоти муосир таҷҳизонида шудаанду барои кормандону мутахассисони барқ синфҳои нави омӯзишӣ, шароити хуби корӣ ва ашёву лавозимоти барқӣ фароҳам оварда шудааст. Кормандони ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» мегӯянд, ҳамаи ин дастовардҳо ва навовариҳо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо азму талоши роҳбарияти нави ҷамъият, хоса, раиси нави он Саидҷаъфар Қаландаров  ба анҷом расидаанд.

Нақшаҳо, азнавсозӣ ва дурнамо
Дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» нақшаи фонди таъмирӣ ба 2349.87 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуд, ки он 91% нақшаро дар бар мегирад. Аз ҷумла, нақшаи таъмири асосии таҷҳизоти барқӣ ба маблағи 2484,75 ҳазор сомонӣ буда, таъмири ҷорӣ бошад ба маблағи 121,77 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Дар ин давра дар хатҳои барқии ҳавоӣ 215 адад пояҳои чӯбини фарсуда ба пояҳои оҳану бетонӣ иваз карда шуданд, ки ин пояҳои фарсуда дар замони шӯравӣ насб карда шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Инчунин, дар маҳаллаҳо ва ноҳияҳои гирду атрофи шаҳр 115 адади дигар пояҳои оҳану бетонӣ барои сохтмони хати барқӣ насб гаштанд. Зиёда аз 37 адад трансформаторҳои қуввагии 6-10-0,4кВ бо қувваи худӣ аз таъмир бароварда шуда, дар ҳудуди ш.Кӯлоб 20 адад истгоҳҳои трансформатори ТП ва ИТМШ-ҳо бо қувваи худӣ аз таъмири капиталӣ бароварда, болопӯш карда шуданд. Ҳамчунин, дар ин муддат 3 адад зеристгоҳҳои барқии 110/35/6-10кВ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ба трансформаторҳои мухталиф 10 000 кг. равғани махсуси трансформатори иловагӣ рехта шуд. Дар хатҳои барқии ҳавоӣ 3300 адад оикҳои нуқсондор ба оиқҳои нав иваз карда шуда, дар таҷҳизоти лозима ва ҳаётан муҳим 120 адад ҷудокунакҳои нав насб шуданд. Дар хатҳои барқии кабелӣ бошад кабелҳои фарсуда ба кабелҳои нав ба миқдори 3999 метр иваз карда шуданд.
Дар 12 маҳаллаи ш.Кӯлоб ва ҷамоатҳои деҳоти он 1 қатор трансформаторҳои қуввагии иқтидорашон паст ба трансформаторҳои қуввагии иқтидорашон баланд иваз карда шуданд. Мутахассисони ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» таъкид медоранд, ки бо иваз кардани трансформаторҳои нав мардуми маҳаллаҳои Н.Ҳувайдуллоев, Хатти роҳ, Чармгарони поён, У.Хайём, деҳоти Файзобод, Даҳана, Гултеппа, Офтобрӯя, Офтоблиқо ва Тоқакаппа минбаъд, алалхусус, дар фасли сармо аз норасоии барқ азият нахоҳанд кашид. Бо мақсади кам кардани талафоти барқ ва бо барқи хушсифат таъмин кардани мардуми маҳаллаву деҳоти атрофи ш.Кӯлоб-ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ, Зарбдор, Тӯдакафш, Кисирзода ва Хатти роҳ аз ҷониби ҷамъият 5 адад зеристгоҳҳои трансформатори иловагӣ гузошта шудааст.

Ба фасли сармо омодаем!
Барои ташкили кори боэътимод дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-18 аз ҷониби ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» 1 қатор тадбирҳо андешида, аллакай пурра иҷро низ шудааст. Аз ҷумла, трансформатори қуввагии 6300кВА ба 10000кВА дар ЗИБ-35/10кВ «Шаталов» иваз шуда, болопӯш кардани сарпӯшҳои каналҳои кабелӣ дар зеристгоҳҳои 110/6к «Сомонӣ», 110/10кВ-и «Заводи хишт» ва «Бохтар» иҷро шуда, рангубори зеристгоҳҳои «Назаров», «Водоканал» ва «Шаталов» ба охир расидаанд. Дар ин вақт нуқтаҳои трансформатори иловагӣ насб ва ноқилҳои заминиву ҳавоӣ ва корношоям низ иваз карда шудаанд. Насби трансформаторҳои нав, иваз намудани трансформаторҳои иқтидорашон паст ба иқтидорашон баланд, таъмиру таҷдиди тамоми таҷҳизоти кории барқӣ, иваз намудани пояҳои барқии корношоям ба пояҳои оҳану бетонӣ-ҳамаи ин корҳое мебошанд, ки то ба имрӯз ба анҷом расидаанд. Коршиносони ширкат мегӯянд, ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» барои гузаронидани фасли зимистон омода аст ва саъю талош дорад, ки мардуми шаҳр аз норасоии барқ танқисӣ накашанд.


Ҷамила Ҳусейнова,
СССР, Душанбе-Кӯлоб-Душанбе, 8.09.2017

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter