Фархор: Раис ба мардум такя мекунад-мардум ба раис!
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» ин навбат ба н.Фархор сафар намудем. Зеро чанд арзу шикояти сокинони ин ноҳияи наздимарзӣ моро ба ин сафар ҳидоят карданд. Бо ҳамкорам Баҳодур Уроқов-мухбири СССР дар вилояти Хатлон қарор гузоштем, рӯзи 13.10.2017 аз Душанбеву Қӯрғонтеппа дар 1 вақт ба роҳ баромада, дар маркази н.Фархор вохӯрем ва пеш аз ҳама ба санҷиши 2 арзи мардумӣ биравем. На танҳо аз камбудиву шикоятҳо, балки бо пешравию бурдбории мардуми Фархор ва хоса раиси он Сулаймон Вализода низ ошно шавем. Чунин ҳам шуд. Расо соати 15:00-и 13.10.2017 ба Фархор расидем.
Почталён Пушкин
13.10.2017. Соат бо вақти Фархор 15:00 дақиқа. Бо Уроқов нахуст тасмим мегирем барои шаб мондан дар меҳмонхонае васоиламонро гузошта, сипас бо дурбину дафтару қалам ба тамошои Фархор бароем. Дар ҷустуҷӯи чунин макон роҳи мошингардро гузашта, сӯи чойхонаи «Фархор» меравем: ошёнаи 3-и онро меҳмонон ва сайёҳони ба Фархор омада ҳамчун меҳмонхона истифода мебурдаанд. Назди чойхона нарасида, марде савори велосипед садо мекунад:
-«СССР-чиҳо! Ба Фархор хуш омадед! Марҳамат!»
Ӯ дарҳол аз қуттии велосипедаш бароямон 1 дона газетаи нави «Пайк»-ро медиҳад, ки бихонем. Бо ҳамин, бо Музаффар (маъруф бо лақаби Пушкин) шахсияти пешқадами Фархор шинос шудем. Нафаре, ки барои паҳн намудани маҳсули эҷоду заҳмати тамоми журналистон дар Фархор машғул аст, нахустин шуда моро пешвоз гирифт. Ӯ, ки намояндаи ширкати «Почтаи тоҷик» аст, таъкид намуд, ягона киоски фурӯш ва паҳн кардани матбуоти даврӣ танҳо ба ин ширкат дахл доштаву масъул худаш аст.
«Дар Фархор ба ҷуз киоски ман дигар ягон киоски фурӯши газета нест ва ба касоне, ки шикоят кардаанд, киоскашонро бастанд, бовар накунед. Он нафарҳо диску фитта мефурӯхтанд, на газетаву журнал! Марҳамат ба кулбаи ман!»-гуфта, акаи Музаффар велосипедсавор барои тақсими газетаву журналҳо рафт. Ӯ мисли почталёнҳои шӯравӣ назди дарвоза ё даромадгоҳи идора наздик шуда, газетаву журналро ба почта, ё даруни дарвоза мегузошту мерафт. Аз ин кораш хушамон омад! Почталёни ҳақиқӣ! Бӯи почтаи шӯравӣ мекард…
Муждаи зафар
Соат бо вақти Фархор 15:30 дақиқа. Пас аз ҷобаҷо шудан дар меҳмонхона, бо Баҳодур ба тамошои маркази ноҳия баромадем. Деҳқонони Фархор 5.10.2017 дар Рӯзи забони Тоҷикӣ ва зодрузи Сарвари давлат дар бораи зафар мужда дода, нахустин шуда дар байни пахтакорони вилоят нақшаи дурнамои ҷамъоварии «тиллои сафед»-ро иҷро карданд. То ин рӯз 19.892 тонна пахтаи аълосифати деҳқонон ба бойгонии давлат супорида шуд. Дар тайи чанд соли охир ин бори нахуст аст, ки кишоварзони фархорӣ на танҳо нақшаи дурнаморо пеш аз мӯҳлат сарбаландона иҷро менамоянд, ки ҳамарӯза боз ҳам чиниши пахтаро идома дода, ҳосилро афзоиш медиҳанд. Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба ғолибони маъракаи пахтачинӣ, ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар маърака пешқадам шуданд, тӯҳфаҳои гаронарзиш, амсоли 3 мошинаи сабукрав, 20-25 ҳазор сомонӣ мукофот ва бештар аз 250 ҳадяҳои хотирмон омода гашта, дар рӯзи «рапортсупорӣ»-5 октябр, дар маросими бошукӯҳ, ботантана ба ғолибон супорида шуд. Ин буд, ки аксарияти мардум моро дар кӯча дида мегуфтанд:
-«Дар бораи мо ҳатман нависед, Мо пешқадамем! Мо ҳам метавонем!»…
Мо ҳам менависем. Офарин!!!
Вализода об овард…
Соат бо вақти Фархор 16:17 дақиқа. Ба чойхонаи Фархор даромадем. Чанд мӯсафед байни ҳам сӯҳбат мекарданд. Бо баҳонаи чойнӯшӣ бо ҳам ба сӯҳбати онҳо ҳамроҳ шудему аз шароити зист, аз бархӯрди раиси ноҳия бо сокинони маҳал пурсидем. Пирони барнодил шод аз он буданд, ки бо омадани Вализода насосҳои обкашӣ, ки аз замони шӯравӣ вайрон хобида буданд, билохира таъмиру таҷдид гашта, ба заминҳои корами даҳсолаҳо беоб об омад. Аз 32 насос дар муддати кӯтоҳ ва пеш аз оғози кишти пахтаву ғалладона 22 пойгоҳро раис таъмир намуд. Ин боиси он шуд, ки имсол теъдоди заминҳои корам афзуда, пахта низ хубу зиёд шуд. На танҳо об, балки тухмиҳои босифатро низ раис овард, то ин ки пахтакорон тавонанд ҳосили хуб гиранд. Иловатан, бо саъю талоши Вализода теъдоди зиёди каналу заҳбурҳои обтакшин, ки заминҳои пахта аз он обёрӣ мешуданд, аз хоку гили кӯҳнаву чандинсола тоза карда шуд. Ин аст, ки соли равон ҳосилнокии пахта 1 баробар афзуда, нисбат ба соли гузашта пахтакорон аллакай наздики 10.000 тонна бештар пахта ҷамъ оварданд. Мешудаст-ку!
Хлебу ҷурғоти фархорӣ
Соат бо вақти Фархор 17:00 дақиқа. Дар баробари корхонаҳои азими пахтатозакунӣ дар маркази ноҳия боз сехи коркарди шир, корхонаи нонпазӣ ва қаннодӣ низ фаъоланд. Фархориҳо ҳамарӯза аз ширу ҷурғот, қаймоқу нони хлебу кулча ва шириниҳои истеҳсоли маҳаллӣ мехаранд. Корхонаи «Шукрона» бо иқтидор ва дастгоҳҳояш аз мардум шир харида, дар тӯли рӯз то 200 литрро коркард карда, ҷурғоту сметана ва чакка истеҳсол мекунад. Корхонаи нонпазӣ низ бо пухтани нону кулча, булочкаҳои гуногун ва хлеб, боз ҳам хлеби сиёҳи парҳезӣ, машғул буда, имкони таъминоти шабонарӯзии сокинонро дорад. Мардум мегӯянд, дигар аз пойтахту маркази вилоят маҳсулоти нониву ширӣ ва қаннодиро намехаранд, зеро маҳсулоти дохилияшон ҳам бомазза аст, ҳам арзон. Мо низ бо Баҳодур 1 булкаи хлеб ва 1 қаймоқи «Шукрона»-ро, ки 2 сомонӣ нарх дошт, барои субҳона харидем. Фархориҳо рост гуфтанд, нону қаймоқашон хеле бомазза будааст! Браво!!!
Ҷаварӣ ва мухлисони он
Соат бо вақти Фархор 19:00 дақиқа. Барои хӯроки шом ва бо тавсияи «Пушкин» ба тарабхонаи «Шоми Фархор» роҳ пеш мегирем. Ҳатто ин вақт ҳам кор дар шаҳраки Фархор дар ҷӯш асту тамоми кормандони корхонаи коммуналӣ то шом дар пайи рӯфтурӯб ва тозаву сарсабз кардани гулгашту боғи марказӣ. «Шоми Фархор» тозаву озода, хӯрокҳояш низ хушхӯр. Бароям хеле аҷиб буд, вақте пешхизмат дар қатори номгӯи хӯроки навъи 1, номи «ҷаварӣ»-ро ҳам гирифт. Он 1 навъ хӯрокест, ки бештар дар вил.Суғд маъмул аст ва мардуми Хатлон қариб онро намедонанд. «Ҷавариро интихоб кун, хеле бомазза аст» - гуфтам ба Баҳодур. Пас аз чашидан, аз ҷаварӣ хушаш омад ва ба ҷои хӯроки 2 низ ӯ боз ҷаварӣ фармуд. Бо тарғиби 1 намуди хӯроки суғдӣ Баҳодурро мухлиси ҷаварӣ кардам. Ман Метавонам!
Вализода: «Мардум ба мо бовар кард!»
14.10.2017. Соат бо вақти Фархор 8:30 дақиқа. Назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Фархор ҳозир шуда, хостем дар соати қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия ширкат варзем. Вализода чун фаҳмид, ки мухбирони СССР дар Фархор қарор доранду ба қабулаш омадаанд, дарҳол моро ба утоқи корияш даъват намуд ва хеле самимӣ пешвоз гирифт. Ман, ки қаблан дар бораи раис хабару арзҳои бешумору бештар … манфӣ шунида будам, тасаввур намекардам, ки ӯ ин қадар кушодачеҳра ва хушчақ-чақ аст. Нахуст мо раисро бо он, ки Фархор дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят пеш аз ҳама нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард, табрик намудем.
«Ман шод аз онам, ки мардуми Фархор ба ман бовар кард ва аз рӯзи нахустини омаданам ба ноҳия хурду калон дар барам аст. Фархор беш аз 162.000 аҳолӣ дорад, 9 ҷамоату 1 шаҳрак ва наздики 4,5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ. Дар баробари бурдборӣ мушкил низ зиёд буд ва аз ҳама муҳим норасоии об. Корро аз ҳалли масоили об ва таъмиру таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ сар кардам. Аён аст, ки ин кор ғайр аз заҳмат маблағи калонро талаб мекунад ва агар ин маблағро аз буҷа мегирифтам, он гоҳ муаллиму духтур бе маош мемонд. Пас аз фикру маслиҳат пеши худ қарор гузоштам, маблағи 1 рӯзи кориро барои ободонии ноҳия мегузаронам. Инро ҳам кардам. Буданд касоне, ки дар ин кор ба ман хамроҳ шуданд. Ин амал маҷбурӣ ва барои ман ҳам набуд-он барои мардуми Фархор лозим буд. Насосҳои обкашӣ бо навбат таъмир гашта ба кор даромаданд ва ин дили деҳқононро гарм кард. Ин аст, ки имсол ҳудуди заминҳои кишт афзуда, кишту кор низ натиҷаи дилхоҳ дод. Ман аз ин тасмимам пушаймон нестам», гуфт С.Вализода.
Чун соати 9:00 қабули шаҳрвандон аз ҷониби раис сурат мегирифт, аз утоқи раис баромада, ба толори калони бинои ҳукумат гузаштем. Наздики 15 нафар сокинони ноҳия барои арзи хеш ба Вализода навбат гирифта буданд.
Муттакои мардум!
Соат бо вақти Фархор 9:00 дақиқа. Раис мардумро дар интизор нагузошта, расо соати 9:00 ба толор медарояд ва ба шунидани арзи сокинон сар мекунад. Дар баробари дархост барои 1 порча қитъаи замини наздиҳавлигӣ мардум бештар бо мушкилоти оилавӣ омада буданд. Новобаста аз он ки проблемаи эшон бояд дар суду прокуратура ҳаллу фасл шавад, раис кӯшиш мекард паҳлӯҳои ҳуқуқии масъаларо хуб фаҳмонад ва нагузорад, ки шаҳрванд фиреб хӯрад. Яъне, раис гоҳҳо ба ҷои ҳуқуқшиносон ба мардум бо роҳи қонунӣ пайгирӣ кардани проблемаро мефаҳмонид. Ҳар арзе, ки ба обу замину пахта вобаста буд, зуд ҳал мешуд. Ӯ аз пирони рӯзгордида даъват мекард, ки дар кору пайкори неки ноҳия дар бараш бошанд, ба мардум дар бораи танзими ҷашну маъракаҳо ва азодорӣ бигӯянд, дар тозагии деҳаву ҷамоаташон иштирок кунанд.
«Пеш аз ҳама ба шумо такя мекунам ва омодаам аз ҳар нияти некатон пуштибонӣ кунам. Дари ман ҳамеша боз аст, биёед, дархост кунед, ариза нависед, мебинем, меомӯзем ва агар дар чаҳорчӯбаи қонун бошад, ҳатман ҳал мекунем», - пайваста таъкид менамуд Вализода. Бояд гуфт, ки раис на танҳо рӯзи шанбе, балки рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта низ соатҳои муайяни қабули шаҳрвандонро дорад.
Фархориҳо бамеҳранд!
Соат бо вақти Фархор 11:00 дақиқа. Пас аз хатми қабули шаҳрвандон Вализода азм мекунад, ба яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия рафта, аз рафти ҷамъоварии пахта ошно шавад. Мо низ ҳамроҳ мешавем, зеро назар ба утоқи корӣ дар фазои озод сӯҳбат кардан авлотар аст. Раис ба деҳоти Хуррамзамин роҳ пеш мегирад, мо низ аз қафояш. Раис аллакай бо мӯзаҳои корӣ дар пахтазор буду бо сардори раёсати кишоварзӣ дар бораи чиниши 3-юми пахта ҳарф мезад. «Пахта хуб аст, ҳоло боз 2 бори дигар чидан мумкин!»- мегӯяд раис. Мо-СССРчиён, ки расо 1 ҳафта пеш дар н.Бохтар пахта чида будему каме ҳам бошад аз нозукиҳои пахтачинӣ бохабар шудем, дидем, ки воқеан раис рост мегӯяд-пахта фаровон буду боз ҳам кӯракҳои нав дар ҳоли кушода шудан. Бо истифода аз фурсат аз раис дар бораи сӯхтори бозори марказии Фархор, сабабҳои он ва чанд ҳолати дигар пурсон шудам.
«Аз он лаҳзае, ки ман хабари оташ гирифтани бозорро шунидам бо кормандони ҳукумат назди мардум омада, талоши хешро барои ҳарчӣ зудтар хомӯш кардани он кардам. Мардуми Фархор маро диданд, ки он замон дар барашон будам. Пас аз сӯхтор низ нагузоштам, нисбати молу маҳсулоти тоҷирон беэҳтиромӣ зоҳир шавад ва барояшон фурсат додем, то охирин меху сӯзани худро, ки осеб нарасида буд, баранд. Ман намефаҳмам, ки ин қадар гапу овозаҳои беасос аз куҷо мебарояд ва чаро бархе аз сокинон амалҳои ғайриқонунии хешро бо тӯҳмату дурӯғ сари раиси ноҳия бор мекунанд? Ин гуна ҳолат маро нороҳат мекунад, лек дар умум мардуми Фархор бо меҳранд. Ман Фархор ва мардумашро дӯст доштаам», - афзуд Вализода.
Маош дигар проблема нест!
Дар идомаи сӯҳбат раис таъкид намуд, ки барои сари вақт гирифтани маоши муаллиму духтур, хоса, онҳое, ки дар идораҳои буҷавӣ кор мекунанд, аз тамоми имконот истифода мекунад.
«Ҳеҷ гоҳ намегузорам, маблағе, ки барои маоши муаллимону духтурон ҷудо мешавад, ба дигар самтҳо биравад ва ҳама вақт пеш аз дигарон маоши онҳоро ҷудо мекунам. Хеле хуб аст, дар 9 моҳи с.2017 нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия ба 100,4% иҷро шуд, бо дастгирии аҳолӣ ва ашхоси сахӣ дар 27 деҳаи ноҳия зиёда аз 56,36 км роҳ сангфарш карда шуданд ва ин танҳо оғози кор аст. Камбудиҳо зиёданд ва ҳамаи онро бо навбат ҳаллу фасл карда пеш меравем. Барои ин фақат вақту соату хоҳиш даркор аст!»- иброз дошт С.Вализода.
Ӯ ба мо дар бораи нақшаҳои хеш баҳри ободии диёр, ҳосили деҳқонон, шӯҳрати тарбузи Фархор, ки соли ҷорӣ ҳосилаш хеле ҳам фаровон шуд, нишону унвонҳое мисли «Омӯзгори фахрии Фархор» дар соҳаи маориф ва дар боби варзишгоҳи марказиву рушди варзишу футбол хеле сӯҳбат кард. Бо нияти баргаштан ба пойтахт бо раис хайрухуш намуда, барои қабул арзи сипос ҳам кардам. Ӯ гуфт, ки барои тамоми журналистон дари қабулгоҳаш боз аст. Сулаймон Вализода нақшаҳои зиёд дорад, азму талош низ ва мо дидем, ки ӯ Метавонад!
Ҳарчи дидем, навиштем ва ин ҳама сухани ҳаққ буд. Мо метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, Баҳодур Уроқов,
Душанбе-Фархор-Душанбе
13-14.10.2017