ХАБАРИ ДОҒ

Истаравшан: натиҷаҳои корӣ назаррасанд!

  • Чоршанбе, Окт 25 2017


Дар 9 моҳи соли равон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ беназардошти андози иҷтимоӣ дар ш. Истаравшан ба андозаи 104% ба маблағи 80 млн 082 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбини шуда 2 млн 762 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 69 млн 405 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 2 млн 642 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн 326 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бино ба иттиллои котиби матбуотии раиси ш. Истаравшан Шералӣ Азимӣ, дар ин давра барои сари вақт пардохт намудани нафақапулиҳо аз ҳисоби воридоти маблағи андози иҷтимоии худӣ 27 млн 357 ҳазор сомонӣ ва кӯмаки молиявӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 17 млн 626 ҳазор сомонӣ равона гардидааст. Айни ҳол дар шаҳр 20 ҳазору 615 нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 1 638 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки 86,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.  
Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусии соҳа ба маблағи 281 миллиону 366 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, нақшаро 119 фоиз таъмин намуданд. Кишоварзони Истаравшан дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 594 миллиону 162  ҳазор сомонӣ расониданд.
Инчунин бояд қайд намуд, ки дар ин муддат ба соҳаи сохтмон 3 млн 266 ҳазору 432 сомонӣ равона гардид, ки аз ин ҳисоб ба таҷдиду азнавсозии Маҷмааи  “Қалъаи Муғ”  2 млн 230 ҳазору 529 сомонӣ, таҷдиду таъмири варзишгоҳи шаҳр 297 сомонӣ ва Майдони Ғалаба 631 ҳазору 284 сомонӣ сарф шудааст.

СССР



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter