ХАБАРИ ДОҒ

“Mastercard”: Технологияҳои муосир ва хавфҳо

  • Ҷумъа, Дек 08 2017


Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати татбиқу истифодаи технологияҳои муосири пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ 28.11.2017 дар доираи даҳрӯзаи рушди хизматрасониҳои пардохтӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Идораи низоми пардохти БМТ дар ҳамбастагӣ бо ширкати низоми пардохтии “Mastercard” семинари таълимӣ оид ба технологияҳои муосир ва хавфҳо баргузор шуд. Нишастро бо суханони муқаддимавӣ муовини Раиси БМТ Лола Салимова ҳусни оғоз бахшида, намояндагони ширкати “Mastercard”-ро барои иқдом ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат барои баргузории семинари таълимӣ оид ба технологияҳои муосир ва хавфҳои эҳтимолӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ аз тақвият ёфтани ҳамкории дуҷонибаи судманд байни БМТ ва низоми байналмилалии пардохтии “Mastercard” дар доираи Шартномаи баимзорасида изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла гуфт: “Зиёд шудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилот барои ҳамаи бонкҳои марказӣ, аз ҷумла барои БМТ масъалаи хеле муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбад. Баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ба кормандони ташкилотҳои қарзӣ имкон медиҳад, ки донишу малакаи худро оид ба технологияҳои муосир ҷиҳати рушди пардохти ғайринақдӣ ва роҳҳои пешгирӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии ба низоми кортҳои пардохтӣ алоқаманд такмил дода, маълумоти бештарро дар ин самт ба даст оранд ва дар таҷрибаи ташкилоти худ мавриди истифода қарор диҳанд”.
Дар семинари мазкур як қатор намояндагони масъули ширкати низоми пардохти “Mastercard”, аз ҷумла, Директор оид ба рушди тиҷорат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Антон Бороздин, Директор оид ба рушд ва инноватсия Михаил Агашков, мудири лоиҳаи низоми пардохт Алексей Думинюк, сардори Идораи мубориза бо қаллобӣ Евгений Балезин иштирок ва баромад карданд. Сипас аз ҷониби масъулини ширкати байналмилалии “Mastercard” барои иштирокдорони семинар дар мавзӯъҳои ҷолиб барои низоми пардохт, аз қабили технологияи ғайриноқили пардохтҳои “PayPass 3.0”, истифодабарии маълумотҳои биометрӣ дар самти пардохтҳо, технологияи ҳифзи тиҷорати электронии “Identity Check”, шарҳи автоматикунонӣ, клиринг ва ҳисобҳо, оптимизатсияи ҳаққи хизмат барои амалиётҳои фаромарзӣ, бахши идораи хавфҳо ва муқовимат бо қаллобӣ, хавфҳои асосии ҷорӣ ва тамоюлҳои қаллобӣ, барномаи мувофиқат ба талаботҳои ширкати “Mastercard”, маҳсулот ва хизматрасониҳои “Mastercard” бо мақсади коҳиш додани хавфҳои қаллобӣ маърӯза-муаррифиҳо пешниҳод гардиданд.

Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум
3.11.2017 бо ширкати Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳайати намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон, намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, намояндагии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки Рушди Олмон дар робита ба масъалаҳои сиёсати монетарию қарзӣ, тадқиқот ва рушди БМТ мулоқоти корӣ анҷом дода шуд. Нуралиев баъди истиқбол аз ташрифи намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ ба БМТ таваҷҷуҳи ҳозиронро ба ислоҳоту навовариҳо, ба мисоли истифодаи фишангҳои нави монетарӣ ҷиҳати гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири сиёсати пулию қарзӣ-ҳадафгирии таваррум (Inflation targeting), ки давоми 2 соли охир раванди татбиқшавӣ дорад, ҷалб намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки барои расидан ба аҳдофи пешбинишуда дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шудааст, вале дар баробари ин зарурат ба кумаки техникӣ, аз ҷумла ҷалби мушовирони таҷрибадор ҷой дорад. Дар идомаи машварат аз ҷониби Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди БМТ дар мавзӯи “Гузариш аз ҳадафгирии монетарӣ ба ҳадафгирии таваррум”, яъне нақшаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, дурнамо ва такмили он, ҷараёни ташаккули сиёсати монетарӣ, воситаҳои таъсиррасони сиёсати монетарӣ, нақши равобит бо ҷомеа тавассути ВАО, аз ҷумла тақвият бахшидани доираи фаъолияти бахши матбуот ва васеъ кардани сохтори он, татбиқи сиёсати асъорӣ, амалиётҳои монетарӣ, талаботҳои захиравӣ, бозори пул ва коғазҳои қиматнок, пешбинӣ кардани пардохтпазирӣ муаррифинома пешниҳод шуд. Зимни муаррифӣ, ки аз ҷониби мутахассисони шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозии Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд (Самандарзода Наврӯз-сардори шуъба, Салимов Муҳаммад-мутахассиси пешбар, Мурватов Бобур-мутахассиси дараҷаи 1) пешниҳод карда шуд, масъалаи пешбурди сиёсати монетарӣ ва саҳми бонкҳои марказӣ дар рушди он, татбиқи он дар пайвастагӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, таъсири омилҳои беруна ба сиёсати монетарӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайричашмдошт, татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ҳангоми гузаронидани ислоҳот, зарурат ва тартиби гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, имкониятҳои дар дастдошта ва шартҳои расидан ба ҳадафи мазкур ва нақши муҳими равобит (коммуникатсия) дар таҳким бахшидани сиёсати монетарӣ баррасӣ шуда, диққати иштирокдорон ба масоили тақвият бахшидани раванди таҳия ва татбиқи сиёсати босамари монетарӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи нави монетарӣ-ҳадафгирии таваррум нигаронида шуд.

Ҷаласаи 27-уми Пленарии Гурӯҳи АврОсиё оид ба МҚД/МТ
Аз 21 то 24.11.2017 дар ш.Маскав (Федератсияи Русия) ҷаласаи 27-уми Пленарии Гурӯҳи АврОсиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории ташкилоти мазкур баргузор шуд. Дар чорабинӣ ҳайатҳои давлатҳои аъзои ГАО, аз ҷумла Белорус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, инчунин намояндагони як қатор кишварҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар ГАО мақоми мушоҳидро соҳибанд, ширкат карданд. Ин ҷаласа аз ҷониби Раиси Гурӯҳ, муҳтарам Чиханчин Юрий Анатолевич (Федератсияи Русия) роҳбари карда шуд. Раиси ГАО паёми Президенти Федератсияи Русия муҳтарам В.Путинро манзури иштирокчиёни ҷаласа намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳамкории гуногунҷабҳа байни давлатҳои-аъзои ГАО боиси самаранок муқовимат намудан бар зидди авҷ гирифтани терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил, муҳофизати манфиатҳои умумидавлатӣ, ҳифзи сулҳ, субот ва амнияти байналмилалӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар давлатҳои-аъзои ГАО, дар ҷаласаи 27-уми Пленарии ГАО ширкат варзид. Роҳбарияти ҳайат, ки ба он намояндагони Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди БМТ шомил буданд, аз ҷониби Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Роҳбари комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) М.Ватанзода амалӣ шуд. Дар ҷаласаи Пленарӣ намояндаи Чин, хонум Цзиньхуа ХАО ба ҳайси Раиси ГАО барои солҳои 2018-19 ва ба ҳайси муовини Раис Ю.Чиханчин интихоб шуданд. Ҳамзамон, дар доираи ҳафтаи Пленарӣ ба Маркази минтақавии иттилооти ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) унвони мушоҳид дар ГАО пешниҳод шуд. Ҷаласаи Пленарӣ дар баробари масъалаҳои мазкур лоиҳаи ҳисобот оид ба натиҷаи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки 1-умин ҳисобот дар даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни ГАО оид ба мутобиқати низоми МҚД/МТ/МПСҚОи давлатҳои аъзои ГАО ба стандартҳои Гурӯҳи Татбиқи Чораҳои Молиявӣ (ФАТФ) нашрияи с.2012 аст, баррасӣ кард. Дар натиҷаи баррасӣ намудани лоиҳаи ҳисобот, ҷаласаи Пленарӣ ба хулосае омад, ки ба коршиносон-баҳогузорон ва Котиботи ГАО супориш оид ба такмил додани матни лоиҳаи ҳисобот ва пешниҳоди он барои тасдиқ дар ҷаласаи навбатии 28-уми Пленарии ГАО дода шавад. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ҷаласаи Пленарӣ қарори марбута нисбати супориши мазкур қабул шуд. Дар рафти ҷаласаи Пленарӣ давлатҳои-аъзои ГАО бо як қатор тағйиротҳо дар стандартҳои ФАТФ, фаъолияти гурӯҳи мазкур дар марҳилаи пеш аз ҷаласаи 27-уми Пленарӣ ошно шуда, бо ташаббусҳои ҷадиди ин ташқилот дар доираи фаъолияти дигар созмонҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки ҳайатҳои давлатҳои-аъзои ГАО дар доираи ҷаласаи Пленарӣ маълумотро нисбати тағйиротҳо дар низоми миллии МҚТ/МТ/МПСҚО-и кишварҳои худ пешниҳод карда, инчунин ҳозиринро бо ҷараёни омодагӣ, гузаронидан ва натиҷаҳои Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шинос карданд. Маълумоти иловагӣ аз натиҷаи ҷаласаи 27-уми Пленарӣ инчунин дар сомонаи расмии ГАО (www.eurasiangroup.org) гузошта шудааст.
Департаменти мониторинги молиявӣ

Татбиқи низоми иттилоотӣ дар бонкдории исломӣ
23.11.2017 дар БМТ ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон барои кормандони воҳидҳои дахлдори БМТ дар мавзӯи “Татбиқ ва вусъатдиҳии низоми технологияҳои иттилоотии ширкати “GaiaBilgi” барои бонкҳои марказӣ дар низоми бонкдории исломӣ” муаррифӣ пешниҳод кард. Дар оғоз сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии БМТ Кибриё Уроқова ба намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” барои ташриф ва пешниҳоди бизнес-модели автоматикунонидашудаи тайёр изҳори сипос намуда, гуфт, ки таҷрибаи ширкати мазкур баҳри татбиқ ва инкишофи низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт. Дар доираи муаррифӣ аз ҷониби намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” ба иштирокдорон оид ба таъминоти барномавӣ барои таҳияи ҳисоботи мутамарказ ва фаъолияти низоми автоматишудаи бонкӣ (низоми амалиётҳо) дар низоми бонкдории исломӣ маълумот манзур шуд. Зимни муаррифӣ вобаста ба таҷрибаи амалии истифодаи ҳисоботҳои таҳлилӣ ва идорӣ дар бонкҳои марказӣ, шакли ҳисоботдиҳии марказонидашуда, инчунин ҷорӣ кардани низоми амалиёт (транзаксия)-ҳои бонкдории исломӣ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Туркия, Қирғизистон ва Озарбойҷон маълумот дода шуд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ бо низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи бонкдории исломӣ барои бонкҳои марказӣ, омӯзиши таҷрибаи амалии бонкдории исломӣ ва таҷрибаи беҳтарини ин низом дар кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, иштирокдорон дар қисмати муҳокимаронӣ бо дарёфти посух ба саволҳои худ дониши худро дар ин самт боз ҳам мукаммал карданд. Бояд гуфт, ин чорабинӣ бо иқдоми БМТ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд бо иштироки намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) ва мутахассисони Департаменти технологияҳои иттилоотӣ ва Департаменти назорати бонкӣ доир шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter