ХАБАРИ ДОҒ

Медонам, ки ҳоло дар бораи бозори марказӣ ва Боғи фарҳангии шаҳр, ки номи устод С.Айниро дорад, гап бисёр аст ва бадхоҳон борҳо боғу бозорро баҳона карда, санги маломат мезананд. Лек то раиси шаҳр ҳастам намегузорам, ки дар ҷои истироҳату фароғати мардум, хоса, кӯдакон дӯконе сохта шавад.

Тавре хонандагони азиз огоҳанд, 8-ум моҳ аст, ки лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» идома дорад ва дар чаҳорчӯбаи он мо дар бораи раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар менависем. Заминаи ин нигоштаҳо арзу шикоят, пешниҳоду гуфтаҳои шумост, ки ҳамарӯза тавассути Вайберу Ватсапп, почтаи электронӣ ва зангҳои телефонӣ ирсол мегарданд. Аз рӯи даъвати шумо низ мо ҳар ҳафта бо навбат ба ин ё он шаҳру ноҳияҳо сафар карда, бо рӯзгори на танҳо сокинон, балки раисон низ аз наздик ошно мешавем. Ин бор ман ба шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) сафар кардам, ки бесабаб нест. Бӯстон, ки дар замони шӯравӣ танҳо барои мардуми русу олмонӣ бунёд шуда, таъминоташ аз Маскав сурат мегирифт, ҳоло низ ҳамон шукӯҳу шаҳомати худро аз даст надодааст. Аниқтараш, касоне ҳастанд, ки барои пешрафту шукуфоии ш.Бӯстон шабонарӯзӣ мекӯшанду заҳмат мекашанд ва имиҷу нуфузи онро мебардоранд. Сафару боздиди ман ба Бӯстон рӯзҳои 10 ва 11.11.2017-чанд рӯз қабл аз сафари ҳайати воломақоми мамлакат бо сарварии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози миллати Тоҷик, ки қарор аст охири ҳамин ҳафта дар Қасри Арбоб барпо шавад, амалӣ шуд ва банда Бӯстону мардумашро дар ҷӯшу хурӯши корҳои ободониву созандагӣ дарёфтам.



Шоми чароғони Бӯстон
10.11.2017. Соат бо вақти Бӯстон 17:00 дақиқа. Ба Бӯстон расида, дар ҷустуҷӯи ҷои хоб шудам. Дар ш.Бӯстон меҳмонхонаҳо хеле зиёд будааст. Бо тавсияи дӯстон меҳмонхонаи «Заррин»-ро интихоб кардам. Он дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр воқеъ буда, дар атрофаш ошхонаву марказҳои савдои бисёр ҷой гирифтаанд. Аз ин меҳмонхона то бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Бӯстон роҳ дур нест.
Соат бо вақти Бӯстон 18:00 дақиқа. Пас аз ҷо ба ҷо шудан тасмим мегирам ба тамошои шаҳр бароям ва аз масъули меҳмонхона роҳро мепурсам. Ӯ мегӯяд: «Тамоми роҳҳо ба 1 майдон мебаранд, гум намешавед!». Бӯстон шаҳри калон нест ва шумораи аҳолияш каме бештар аз 32.000 аст. Аммо новобаста аз ҳудуд калонтарин корхонаҳои саноатии на танҳо вил.Суғд, балки Тоҷикистон низ дар ин шаҳр ҷо гирифта, Бӯстон дарвозаҳои ҳавоии вилоят ба шумор меравад. Ҳар касе ба Суғд сафар мекунад, нахуст меҳмони ин шаҳр шуда, сипас роҳро идома медиҳад. Ин нуктаро бӯстониҳо хуб дарк карда, шаҳри худро гулпӯшу чароғон ва ороста кардаанд. Ҳамин зебоипарастии мардумаш аст, ки ҳоло ҳар 1 кӯчаву хиёбони Бӯстон тозаву озода, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ба тартиб таҷдид ва рангубор шуда, шомгоҳон бошад шаҳрро ҳазорон чароғҳои равшанидиҳанда оро медиҳанд. Кӯчаҳо низ тоза, тамоми буттаву дарахтон бо низом қайчӣ карда шуда, рӯи ҳама роҳравҳои пиёдагард хиштҳои сафолӣ пӯшонидаанд. Ҳамаи тарабхонаву ошхона ва марказҳои савдо то поси шаб боз буда, мардум пас аз рӯзи кор аз пайи ташвишҳои рӯзгори хешанд.

Ба қабули раиси шаҳр-1 нафар!
11.11.2017. Соат бо вақти Бӯстон 8:30 дақиқа. Бо мақсади ширкат дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ба бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ меоям. Танҳо 1 нафар худро номнавис намуда, дар интизори қабул аст. Ҳамагӣ 1 нафар ба қабули раиси шаҳр омад! Чизе, ки дар ягон шаҳру ноҳияҳои дигар надида будам. Ё раис ҳамеша ба мардум дастрас аст, ё мардум мушкил надоранд, фикр кардам ман. Масъулини шӯъбаи равобит ва қабули муроҷиати шаҳрвандони ҳукумат ба ман гуфтанд, рӯзҳои шанбе одатан 3-4 шаҳрванд меояд, ки аз оилаҳои камбизоат буда, мақсад асосан кӯмаки молӣ ва хайриявист ва он ҳатман бо реҷа-меъёри муайян дода мешавад. Дар паҳлӯи ҳамон 1 нафар сокини Бӯстон, ки барои кӯмак назди раис омада будааст, нишаста дар бораи проблемаҳои дигари ӯ ва сокинони шаҳр пурсидам.
-Сокинони Бӯстон аз норасоии оби ошомиданиву барқу гармӣ ва ё дигар проблемаҳои хоҷагию коммуналӣ шикоят надоранд, зеро аз рӯзе, ки Давлатзода ба раисии шаҳр омад, норасоии об ва барқу гармиро тавонист ҳаллу фасл кунад. Агар қаблан, масалан 7-8 сол пеш сокинон дар 1 шабонарӯз ҳамагӣ 4-5 соат об мегирифтанд, айни замон дастрасӣ ба об шабонарӯз шудааст. Бӯстониҳо ҳеҷ гоҳ аз норасоии қувваи барқ шикоят надоштанду надоранд, зеро дар он айёме, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо барқ бо меъёр ва ё бо мушкил таъмин мешуд, дар Бӯстон хонадони ҳар 1 сокин чароғон буд. Дар Бӯстон русҳо ва ӯзбекҳо низ зиёданд, вале мо бо онҳо дӯстона якҷоя зиндагӣ мекунем, байни мо ҷангу низоъ нест. Роҳҳоро ҳам пас аз омадани раиса таъмир карданд, иншоотҳои нав низ маҳз дар замони роҳбарии Давлатзода бунёд гашта, ҷои кори нав пайдо шуд. Ӯ бо зан буданаш корҳоеро дар ин шаҳр анҷом дод, ки қаблан баъзе аз раисони марди Бӯстон аз оғоз кардан ҳарос доштанду ба худ боварӣ не,-гуфт Шакарбек Саидмамадов, ки 20 соли пеш аз Хоруғ ба ин шаҳр омада, ҳоло муқими Бӯстон шудааст.

«Спортсменка, комсомолка и просто красавица»
Соат бо вақти Бӯстон 9:00 дақиқа. Рухсора Давлатзода аз утоқи корӣ баромада барои қабули шаҳрвандон ҳозир шуда, мехоҳад ба толори қабул дарояд, аммо зертобеонаш мегӯянд, каси дигаре барои арз наомадаасту мушкили акаи Шакарбекро кайҳо ҳал ва гуселаш кардаанд. Худро муаррифӣ мекунам, раиса «Чӣ хуб! Ман ҳам филолог, забоншинос, бо шумо журналистон алоқамандам!»-гуфта маро ба утоқи корияш мебарад. Ӯ мисли дӯсти наздикаш бо самимият пешвоз гирифта, бо хандаву шӯхӣ сӯҳбатро оғоз намуд. Беш аз 1 соат бо раиса сӯҳбат кардем. Ӯ бароям дар бораи бурду бохти Бӯстону командаи хеш, саъю талошҳо, корҳое, ки тавонист дар солҳои роҳбарияш анҷом бидиҳад ва нақшаҳои ояндааш нақл кард. Зимни сӯҳбат беист телефони кориву мобилияш занг мезад, гоҳе бо сиёсат, бо нармиву хоҳиш равиши корро мефаҳмонд ва ё проблемаҳои оҷилиро ҳаллу фасл менамуд. Ӯро фаҳмидан мумкин аст, зеро аз 7 объекти калоне, ки зимни сафари кории хеш ба вил.Суғд президенти кишвар бояд ифтитоҳ намояд, 5 иншоот дар Бӯстон асту корҳои омодагӣ дар ин объектҳо айни замон дар авҷ буда, назорати пайвастаро талаб мекунад. Дар он лаҳзаҳое, ки раиса дар такопӯ буда, лаҳзаи нишастан надошт, ба ёдам ҳарфҳои Саахов аз филми «Бандии Қафқоз» омад, ки ҳини муаррифии Нина мегуфт: «Спортсменка, комсомолка и просто красавица!». Ман ҳам Рухсораро ҳамин гуна дарёфтам!

«Элегант», «ФАРМ Суғд» ва «Суғд-пак»
Соат бо вақти Бӯстон 10:00 дақиқа. Серкории раисаро дида, хоҳиши рафтан кардам. Мехостам дар танҳоӣ 1 бори дигар Бӯстонро чарх зада, иншоотҳои нави шаҳрро бубинам. Ғайр аз ин, худи Рухсора низ бояд дар якҷоягӣ бо Абдураҳмон Қодирӣ-раиси вил.Суғд, ки барои ошноӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ ба ш.Бӯстон омада буд, ҳамроҳӣ мекард. Аз бинои ҳукумати шаҳр баромада ба сӯи корхонаи «Элегант» рафтам. Ин корхона, ки ба ташрифи меҳмонони олиқадр омода мешавад, с.2000 таъсис ёфта, аз с.2009 ба коркарди сангҳои ороишӣ машғул аст. «Элегант» сангҳои ороиширо аз туф, нах, санги базалт ва плитаҳои минералии базалтӣ истеҳсол карда, дар он 30 нафар сокини Бӯстон машғул ба кор аст. Ин маротиба дар корхонаи мазкур гармхонаи инноватсионии таҷрибавӣ бо усули парвариши гидропоника бо нахҳои базалтӣ ба истифода дода шуда, дар он меваҳои тропикӣ, помидор, бодиринг ва лимӯ парвариш хоҳанд шуд. Ин роҳи нави парвариш дар кишвар аналог надорад. ҶДММ «ФАРМ Суғд», ки бо истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш машғул аст, 50 нафар сокинони шаҳрро бо кори доимӣ фаро гирифта, бо истеҳсоли маводи кулчадору-ҳабб, бинтҳо, шарбатҳои «Холосас», «Пертуссин», «Хуч», ки аз рӯи сифат беҳамтоянд, дар бозори фармасевтии минтақа нуфуз пайдо кардааст. Ширкати «Суғд-пак» бошад с.2012 таъсис ёфта, бо истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ машғул аст. 110 нафар сокинони шаҳр дар ин корхона бо кор таъмин буда, иқтидори истеҳсолии он 30 млн дона халта дар 1 сол аст. Ба ҷуз ин, боз 1 коргоҳи дӯзандагии дигар бо номи КДК «Палос» дар ҳолати омодагӣ барои ба истифода додан қарор дошта, он дар ҷамоати шаҳраки Палоси Бӯстон воқеъ аст. Дар ин коргоҳ пас аз ифтитоҳ шудан либосҳо барои кормандони сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мактаббачагон хоҳанд дӯхт. Корхонаҳои азими КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», корхонаи муштараки «Хуҷанд-ЗИЛ», ҶСП «ЕвроАзия 2005», ҶДММ «Шарбати мева», КФ «Корхонаи мошинсозӣ», ҶДММ «Акмали», ҶДММ «Ширкати Тоҷикистону Хитой» ва даҳҳо ширкатҳои дигари бузург маҳз дар ш.Бӯстон ҷойгир ва фаъоланд.

Нақшаи андоз барзиёд
Бояд гуфт, ки тайи 3 соли охир ш.Бӯстон нақшаҳои даромади умумии буҷа ва андозро барзиёд иҷро карда истодааст. Нақшаи қисми даромади умумии буҷети шаҳр дар 9 моҳи с.2017 ба андозаи 140,7% ва ба маблағи 46 млну 980.000 сомонӣ иҷро карда шуд. Ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 13 млну 600.000 сомонӣ зиёд аст. Бо ҳадафи ҷалби сармоягузории хориҷӣ 1 лоиҳаи инвеститсионӣ бо намояндагони Бонки рушди Аврупоӣ ҷиҳати харидории техникаи коммуналӣ ва қуттиҳо барои партовҳои сахти маишӣ омода намуда, лоиҳа дар қатори 9 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тасдиқи худро ёфта, дар доираи кӯмаки молиявии $4 млн пешбинӣ шудааст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ш.Бӯстон 10 адад иншоот ва бино қабул ва ба истифода дода шуда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсоли саноатӣ бо назардошти хизматрасониҳо бо ҳисоби пулакӣ маблағи 126 млну 86,3 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз 26 корхонаҳои саноатии шаҳр 14-тояш суръати афзоиши худро зиёд таъмин намуданд. Баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди сокинон дар ин муддат 16,2 км роҳҳои Бӯстон аз таъмир бароварда шуда, 11,2 км таъмири ҷорӣ ва 4,96 км таъмири капиталӣ карда шуданд. Тибқи лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки рушди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, марҳилаи аввали ин лоиҳа-барқарор кардани қубурҳои обгузари полиэтиленӣ ба масофаи 13 км ба роҳ монда шуда, аз моҳи январи с.2015 46 адад биноҳои бисёрошёна ва 35 адад хонаҳои истиқоматӣ ба шоҳқубурҳои амаликунандаи полиэтиленӣ пайваст шудаанд. Яъне, проблемаи оби нӯшокӣ ҳал шуд!

Боғи фарҳангӣ, варзишгоҳ ва ҳавзи шиноварӣ
Соат бо вақти Бӯстон 14:00 дақиқа. Бо раиса дубора дар майдони сохтмони маҷмааи фаввораҳои нав вохӯрдам. Ӯ мисли ҳамеша бо ғайрату чаққон макони сохтмонро дида баромада дар бораи камбудиҳо ба сохтмончиён мегуфту супориш медод. «Барои ман имрӯз проблемаи №1 ин таъмири варзишгоҳи марказӣ ва ҳавзи шиноварист ва пас аз ба истифода додани объектҳои ҷашнӣ ҳатман аз пайи онҳо хоҳам шуд. Медонам, ки ҳоло дар бораи бозори марказӣ ва Боғи фарҳангии шаҳр, ки номи устод С.Айниро дорад, гап бисёр аст ва бадхоҳон борҳо боғу бозорро баҳона карда, санги маломат мезананд. Лек ман то раиси шаҳр ҳастам намегузорам, ки дар ҷои истироҳату фароғати мардум, хоса, кӯдакон иншоот ва ё дӯконе сохта шавад. Аз байн бардоштани ин бозор бошад ҳатман дар пайи худ боз даҳҳо мушкилоти иҷтимоиро пеш меорад ва намехоҳам бо барканор кардани бозор садҳо оиларо аз 1 бурда нон маҳрум созам, - таъкид месозад Р.Давлатзода.

Чолоку соҳибирода!
Соат бо вақти Бӯстон 14:30 дақиқа. Рухсора Давлатзода пас аз сӯҳбати кӯтоҳ ба сӯи ҷамоати шаҳраки Палос роҳ пеш гирифт. Ман низ бо раиса ин ҷо хайрухуш намудам, зеро бояд ба пойтахт бармегаштам. Раиса бори дигар ба сохтмончиён дастур дода огоҳ ҳам кард, ки зимни бозгашт ҳатман омада, корҳои анҷомшударо назорат хоҳад кард. Бори дигар ба нерӯи ин зан, ба чолокӣ ва иродаи қавияш офарин хондам, иродае, ки имрӯз на ҳар мард дорад. Дар муддати 1 соли охир раисони зиёдеро дидаам, вале раисеро амсоли Рухсора бори нахуст. Ӯ бо саъю талоши худ масъулияти сангинеро, ки бар дӯшаш гузоштаанд, бо ҷаҳди хеш хеле ҳам хуб пеш мебарад. Ӯ метавонад! Дар ҳақиқат Рухсораи Бӯстон аст!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
10-11.11.2017, Душанбе-Бӯстон-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter