ХАБАРИ ДОҒ

2 млн. қарзи коргаронро кӣ медиҳад?

  • Ҷумъа, Дек 15 2017


1 гурӯҳ кормандоне, ки чанд соли пеш аз корхонаи “Тоҷиказот” ба рухсатии бемузд рафта буданд, дар меҳмонии СССР арз карданд, ки наметавонанд маоши чандсолаи худро аз ин корхона, ки ахиран номаш иваз шудааст, бигиранд. Дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№224, 31.10.2017) “Дар бораи барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-ро тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №464 аз 29.09.2017 хонда дар фикр рафтем, зеро феълан дар ин рухсатӣ пас чӣ гуна пуламонро мегирем? Ин гурӯҳ дар аризаи шикоятӣ навиштаанд: «Ҳуқуқҳои мо-коргарони корхона дар соҳаи меҳнат, ки дар Конститутсияи ҶТ тибқи кодекси меҳнати ҶТ, Қонунҳои ҶТ дар бораи шарики иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаи коллективӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба пуррагӣ поймол шуда истодааст. Синну соли аксари мо ба нафақа қариб омадааст, лек то ҳол музди меҳнатро нагирифтаем. Акнун имрӯз фаҳмидем, ки шартномаи коллективии мо бо ҶСК «Азот» бинобар барҳам хурданаш қатъ мегардад».
Коргарони корхонаи мазкур 2 сол боз дар рухсатии бемузди меҳнатиянд. Ҳол он, ки тибқи муқаррарот ва қонунҳои ҷорӣ ин корхона бояд сараввал қарзи музди меҳнатии коргаронро мепардохт, баъдан шартномаи коллективии корхонаро қатъ мекарданд. Гарчанде кормандон аз роҳбарият барои талаб кардани музди меҳнат даъво мекарданд, аммо дар посух роҳбарият сабабашро дар номусоидии вазъи молиявии корхона маънидод менамуду ваъдаи ҷуброни молӣ медод. Ин рафтор хилофи талаботҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи меҳнат” аст. Дар қисми 1-и моддаи 140 Кодекси меҳнати ҶТ омадааст: «Корфармо сарфи назар аз вазъи молиявияш уҳдадор аст ба кормандон барои кори иҷронамуда музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд». Дар қисми 2 моддаи 140 ҳамин Кодекс омадааст: «Табъиз дар пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо ӯҳдадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш музди якхела диҳад ва ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст».
Дар ин нома музди меҳнати 1 гурӯҳ кормандон, ки ҳудуди 500 нафаранд, 2 млн. сомонӣ гуфта мешавад. Ин дар ҳолест, ки корхона ҳоло ба кор надаромада, вале номашро иваз кардааст. Оё ин кормандон, ки собиқаи зиёди корӣ дар ин корхонаи азими саноатиро доранд, метавонанд пулашонро гиранд? Абдураҳимов Алӣ-собиқ сардори шӯъбаи меҳнат ва музди меҳнати корхонаи “Тоҷиказот” мегӯяд, ҳамаи кормандоне, ки бо имзои ӯ ба кор пазируфта шудаанд то ҳол мунтазири маош ҳастанд ва ӯ худро дар миёни мардум гунаҳгор медонад. Ҳарчанд худи ӯ аз корхона 8000 сомонӣ пули корашро бояд гирад. Ҳол он, ки дар оғози бозсозии корхона бо ташрифи роҳбарияти олимақоми кишвар гуфта шуда буд, ки пули қарз аз музди меҳнат пардохт шудааст ва кормандони собиқадор ба кор даъват мешаванд, вале ваъда дигар асту кормандони ба рухсатии бемузд рафта чизи дигар мегӯянд.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter