Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа якбора нархи сӯзишвории гази моеъ қимат шуд. Рӯзи 15.12.2017 нархи 1 литр гази моеъ дар ҳамаи нуқтаҳои сӯзишвории ш.Қӯрғонтеппа ба 4,50 сомонӣ расид.
Барои дақиқ кардани сабабҳои боло рафтани нархи сӯзишворӣ, субҳи имрӯз роҳ пеш гирифтам ба сӯи яке азимтарин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар вилояти Хатлон-ҶДММ «Баҳор». Директори кулли ҶДММ «Баҳор» Сайнуриддин Сайфов дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки нархи фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар моҳи декабр назар ба моҳи октябр соли равон ба маротиб боло рафтааст.
- Сабаби болоравии нархи гази моеъ дар он аст, ки корхонаҳои истеҳсолкунандаи гази моеъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо сабаби доштани мушкилоти техникӣ дар ҳолати профилактикӣ ва таъмиру таҷдид қарор доранд. Ҳиссаи гази моеъ, ки бояд дар моҳи декабр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешуд, барои таъминоти дохилии худӣ Ҷумҳурии Қазоқистон равон карда шудааст. Боз 1 сабаби дигаре, ки ба болоравии нархи сӯзишворӣ мусоидат менамояд, ин фаъолияти номунтазами роҳи оҳани Ҷумҳурии Узбекистон мебошад. Айни ҳол ба ҳама маълум аст, ки дар тамоми нуқтаҳои фурӯшӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби мушкилҳои дар боло зикр шуда, нархи фурӯши маводи сӯхт рӯз аз рӯз боло рафта истодааст. Болорави нарх аз соҳибкорони ватани вобастагӣ надорад ва соҳибкорон ба болорафтани нархҳо он қадар таъсир ҳам расонида наметавонаед, - афзуд Сайнуриддин Сайфов.
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки ҶДММ «Баҳор» яке аз андозсупорандагони азими вилоят аст ва дар 1 сол то 8 миллион сомонӣ андоз месупорад. Айни ҳол ин корхона дар вилояти Хатлон беш аз 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дошта, бо сабаби набудани гази моеъ 6 нуқтаи фуруш аз кор мондааст.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон