Раис-дипломат
13.12.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 8:30 дақиқа. Ману Баҳодур вориди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Қӯрғонтеппа шуда, хостем барои худ чанд маълумоте гирифта бароем, лек дари кушодаи қабулгоҳи раис кунҷкобии моро афзуда, водор месозад, ки сар халонем. Ёрдамчии раис моро дидан замон аз ҷо хеста, даъвати нишастан кард. Худро муаррифӣ карда, дар бораи будан ва набудани раис пурсидем. Исмоилзода дар утоқи кориаш будааст ва пас аз шунидани он, ки хабарнигорони газетаи СССР дар қабулгоҳаш нишастаанд, зуд дастур медиҳад, моро ба дохил даъват намоянд. Абдуалим Исмоилзода моро хеле гарму самимӣ қабул карда, аз ҳоли тамоми кормандони эҷодии газета пурсон шуд. Новобаста аз кам будани вақт эшон газета мехондааст. Инро аз сӯҳбатҳояш дар бораи матлабҳои дар СССР нашршуда ва қаҳрамонони онҳо фаҳмидам.
-Имрӯз бе иттилоот инсон ҳеҷ аст ва матбуот новобаста аз ҳар давру замон дар ҷомеа мавқеи хоси худро дорад. Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал 1 соати холӣ пайдо намуда, нашрияҳои давриро варақ занам, бубинам, ки имрӯз журналистон дар бораи чӣ менависанд, хоса, дар бораи Қӯрғонтеппа чӣ навиштаанд, ба вежа, дар бораи камбудиҳои шаҳри мо. Ман аз танқид, агар он ба иззати нафси касе нарасад, ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода ва ё хашмгин намешавам, баръакс ҷонибдори онам, ки журналистон аз камбудиҳо гуфта, чашми мо-мансабдоронро кушоянд, дар бораи мушкилот гӯянд, то масъулин дар фикри ҳалли он бошанд, - таъкид медорад А.Исмоилзода.
Ман, ки қаблан дар бораи ӯ таассуроти хубе надоштам, пас аз сӯҳбат дарк кардам, ки дар баробари раиси 1 шаҳри калони мамлакат буданаш, боз дипломати хеле хуб аст-хусусияте, ки имрӯз на ҳар раис дорад. Аҳсант!
Нахустин кори раиси нав-ҷобаҷо кардани кадрҳо
13.12.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 9:15 дақиқа. Аз раис мепурсам, аввалин коре, ки пас аз ба раисӣ омаданаш кард, дар Қӯрғонтеппа чӣ буд? Гуфт, корашро дар ин шаҳр аз ҷобаҷокунии кадрҳо сар кард, зеро барои ҳар 1 роҳбару раис пеш аз ҳам ба талаботи касбӣ ҷавобгӯ будани тими кориаш лозим аст.
-Оре, медонам, ки ҷобаҷо кардани кадрҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Қӯрғонтеппа боиси пайдо шудани ҳар гуна овозаҳои беасос ва воҳима дар байни мардуми ин шаҳр, кормандони сохторҳои давлатӣ ва ҳатто матбуоти даврӣ гашт. Ҳоло бароятон сабаби аслиро, ки ба касе нагуфта будам, шарҳ медиҳам. Аксарияти кормандони ҳукумати шаҳр бо иваз шудани роҳбарият худ аризаи аз кор рафтанро навиштанд. Қисми дигар аз рӯи касбу тахассуси худ кор намекарданду курсиро банд карда нишаста буданд. Бо гузаронидани таҳлилҳо тасмим гирифтам, бояд ҳукумати шаҳрро аз чунин кадрҳои беистеъдод пок карда, ба ҷои онҳо шахсони соҳибтаҷриба ва соҳибкасбро тариқи озмун ва аттестатсия қабул намоям. Магар низом ҷорӣ кардан дар бахши кадрӣ ва ҷалби мутахассисони хуб барои осон кардани кори мардум бад аст? Агар дар аввал мардум норозӣ шуда буд, пас имрӯз ин азми маро хуб пазируфта, шод ҳам ҳастанд, чунки айни замон ба ҳар мушкилоти мардум, хоса, дар бахши коммуналӣ, масъулин ба таври оҷилӣ мерасанд ва хеле чизҳо дар системаи идории шаҳр дигаргун шуда истодааст, - афзуд раис.
Бидуни бизнес-план рушд нест!
13.12.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 9:30 дақиқа. Сӯҳбати мо перомуни нақшаҳо ва лоиҳаҳои нави ӯ барои рушди шаҳр идома ёфт. Раис дар бораи якчанд лоиҳаҳои хеш, дурусттараш, бизнес-планҳояш барои рушди шаҳр нақл намуд: «Ман аз оғози фаъолиятам дар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ бидуни тарҳрезии бизнес-плани рушд кор намекунам. Бизнес-нақшае, ки бояд барои даҳсолаҳо пешбинӣ шуда, тамоми ҷузъиёти рушду такомули соҳа, ё шаҳрро дар бар бигирад. Бо омаданам ба Қӯрғонтеппа аллакай барои рушди чанд бахши коммуналии шаҳр, хоса, дар бахши обу коррезӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ бизнес-план сохта, тибқи он корро сар кардам. Фикр мекунам, бидуни бизнес-план рушд нест. Ғайр аз ин, хурсандиовар он аст, ки тӯли 1 соли охир дар шаҳри мо якчанд лоиҳаҳои калони дигар, ки аз ҷониби бонкҳои ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, татбиқ шуда истодаанд. Бо ёрии ин лоиҳаҳо ва бо кӯмаки коршиносони ҷаҳонӣ тасмим гирифтаем системаи обу коррез ва баровардани партовҳои сахти маиширо дар шаҳр азнавсозӣ карда, ба роҳ монем ва аллакай дар ин ҷода муваффақ ҳам шуда истодаем. То имрӯз дар шаҳр 57 нуқтаи баровардани партовҳои сахти маишӣ бунёд карда, баровардани партов ва назорат аз болои он ҷиддӣ шудааст. Бо ин роҳ Қӯрғонтеппа, хоса, маҳаллаҳои онро тоза карда истодаем».
Қӯрғонтеппа-ватани Наврӯз 2018
13.12.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 9:45 дақиқа. Исмоилзода шод аз он буд, ки таҷлили Наврӯзи байналмилалии ҷумҳуриявӣ дар с.2018 маҳз дар ш.Қӯрғонтеппа барпо мегардад ва ӯ бо зертобеонаш аз ҳоло барои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи бостонӣ дар сатҳи олӣ омодагӣ мегиранд. «Интихоби таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар с.2018 дар ш.Қӯрғонтеппа фоли нек аст ва ҳам 1 намуди имтиҳон барои масъулин ва мардуми бошарафи шаҳр. Аз ин интихоб хеле шодам, зеро мардуми Қӯрғонтеппа меҳмондӯсту фарҳангдӯст аст ва бовар дорам, Наврӯзи ҷаҳониро мо дар сатҳи воло баргузор хоҳем кард. Ман шуморо ҳатман даъват мекунам!» - афзуд раис.
Бино ба иттилои А.Исмоилзода, бахшида ба ин ҷашни бошукӯҳ дар Қӯрғонтеппа наздики 10 иншоот ва объектҳои нави маъмуриву маишӣ ва фарҳангӣ бунёд ёфта истодаанд. Яке аз муҳимтарини ин лоиҳаҳо қомат афрохтани парчами миллии Тоҷикистон аст, ки дар баландии 65 метр насб карда мешавад. Пояи ин парчам аллакай гузошта шуда, дар гирди он корҳои муҳандисӣ рафта истодааст. Боз 1 нақшаи дигари раис он аст, ки мехоҳад 1 боғи фарҳангиву фароғатии нав бунёд кунад, ки он аз рӯи имкониятҳои муосири меъморӣ дар кишвар беҳамто бошад.
Исмоилзода соати 10:00 бояд гурӯҳи кориеро аз Ҳукумати ҷумҳурӣ пешвоз мегирифт ва мо вақти эшонро нагирифта, бо арзи сипос барои қабул ва сӯҳбати самимӣ хайрухуш намуда, аз утоқи корияш берун шудем. Аз ин мулоқот бардошти хубе барои худ гирифтем, хоса, ман, ки раисро аз сари нав шинохтам...
Қӯрғонтеппа зеботар мешавад!
13.12.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 10:30 дақиқа. Аз бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баромада, ба тамошои шаҳр рафтем. Сокинони шаҳр аз пайи рӯзгори хеш дар ҷунбуҷӯл буданд. Аз он хушам омад, ки имрӯз мардуми шаҳр аҳлона заҳмат кашида, ҳар рӯз барои кабудизор ва гулкорӣ кардани кӯчаҳо баромада, шаҳрро зеботар мегардонанд. Дар қисмати зиёди кӯчаҳо тухми майса корида, роҳравҳо сафолакчинӣ шудаанд. Кӯчаҳои шаҳр бо навбат мумфарш шуда, айни замон кӯчае нест, ки роҳаш асфалт нашуда бошад. Барои оро додани шаҳр дар тамоми моҳҳои сол дар 2 гармхонаи калон беш аз 3 млн дона гулҳои гуногун шинонида, парвариш ёфта истодаанд. Тамоми биноҳои истиқоматӣ ва маъмуриро таъмиру таҷдид намуда, симои беруна ранги нав гирифта истодааст. Барои танзими нақлиёти ҷамъиятӣ низ 1 қатор тадбирҳо андешида шуда, фаъолияти онҳо бо низом ба роҳ монда шуда, тамоми сохторҳои назоратӣ, хоса, санитариву эпидемиологӣ ва байторӣ барои назорати фурӯши маҳсулоти босифат дар бозорҳо ва марказҳои савдо равона гардидаанд.
Пешрафт бо забони омор
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар шаҳр дар 11 моҳи с.2017 194,1 млн. сомониро ташкил дод, ки аз он ба маблағи 145,3 млн. сомониро маҳсулоти саноатӣ ва 48,8 млн. сомониро маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 27,5 млн. сомонӣ, яъне 16,5% зиёд аст. Дар ин давра нақшаи даромади андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 105% иҷро шуда, ба буҷа 134,7 млн. сомонӣ ворид шуда, ки нисбати нақшаи 11-моҳаи соли ҷорӣ он ба маблағи 6,1 млн. сомонӣ барзиёд иҷро шудааст. Нақшаи даромади андозҳо ва пардохтҳо бошад 103% иҷро гашта, ба буҷа ба ҷои 81,3 млн. сомонӣ 83,8 млн. сомонӣ ворид гардидааст. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ музди меҳнати миёнаи меҳнаткашони шаҳр 1135,9 сомониро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, дар ин давра 2 адад лоиҳаҳо аз тарафи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят оид ба сохтмони сардхонаҳо ба маблағи 120.000 сомонӣ дастгирӣ ёфта, 2 соҳибкор соҳиби қарзҳои имтиёзнок шуданд. Гардиши чаканаи мол якҷоя бо бахши хусусӣ дар 11 моҳи с.2017 ба маблағи 1 млрду 315,8 млн. сомонӣ расида, афзоиши гардиши мол дар шаҳр 20,6%-ро дар бар мегирад.
Биноҳои нав шаҳрро кунанд обод!
13.12.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 13:00 дақиқа. Ману Баҳодур аз назди бинои Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Хусрав гузаштем. Санги асоси сохтмони бинои маъмурӣ ва синфхонаҳои таълимии донишгоҳро Қоҳир Расулзода-сарвазири кишвар зимни боздиди худ ба ш.Қӯрғонтеппа тобистони соли ҷорӣ гузошта буд. Ғайр аз ин, соли ҷорӣ бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки сарвазир бинои иловагии таълимии донишгоҳ, бинои иловагии прокуратураи вилоят ва 1 бинои истиқоматии 5-ошёна ба истифода дода шуданд. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад бо иштироки ёрдамчии президенти ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба сохтмони бинои иловагии Коллеҷи тиббии ш.Қӯрғонтеппа санги асос гузошта шуда, сохтмони он бо суръат идома дорад.
Турфа устоде, ки дар ҳайрат кунад шогирдро!
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» хонандагони мо дар бораи раисони ш.Сарбанд Санавбар Самизода, раиси н.Фархор Сулаймон Вализода ва раиси н.Н.Хисрав Нуриддин Садриддинзода зиёд гуфтаанду навиштаанд. Ҳоло мо фаҳмидем, ки ҳамаи ин раисон шогирдони Абдуалим Исмоилзода мебошанд. Маҳз ӯ ба онҳо нозукиҳои роҳбарӣ, мудирият, коргузорӣ ва аз ҳама муҳим бархӯрд бо мардумро омӯзонидааст.
-Фахр аз он дорам, он нафароне, ки бо ман кор мекарданд, то ба сатҳи раисӣ расидаанду имрӯз ин ё он гӯшаи ватани маҳбубамонро обод карда истодаанд. Аз шогирдони худ меболам ва розӣ ҳастам. Бовар кунед, барои ҳар 1 раис аз ҳама муҳим он аст, ки мардум қабулаш кунанд, зеро сазовор шудан ба боварии мардум хеле мушкил. Талош мекунам, то ба боварии мардуми ш.Қӯрғонтеппа сазовор шавам, зеро ман ҳам мисли шумо метавонам! - гуфта буд ҳангоми хайрухуш Исмоилзода ва мо вақти бозгашт ба пойтахт сари ин гуфтаҳои раис хеле фикр кардем. Воқеан, Абдуалим Исмоилзода, ки кулли зинаҳои кориву касбии мақомоти давлатиро паси сар кардааст, дар ин кор собиқаву таҷрибаи зиёд дорад. Ӯ новобаста аз он ки қаблан роҳбарии ноҳияҳои Бохтару Шаҳритусро бар ӯҳда дошт, раисӣ дар Қӯрғонтеппа масъулияти бештарро тақозо менамояд ва мо аминем, раис Исмоилзода Метавонад! Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, Баҳодур Уроқов,
СССР
Душанбе-Қӯрғонтеппа-Душанбе