ХАБАРИ ДОҒ

IRS: Арзиши тарофаҳоро боло набурдем…

  • Панҷшанбе, Янв 04 2018


Вақтҳои охир дар баъзе сомонаҳои интернетӣ бобати боло рафтани тарофаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати ҶТ нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанокро ба зимма дорад, иттилои таҳрифшуда паҳн гардид. Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки иттилои пахшшуда дар маҷмӯъ «аз пашша фил сохтан» аст. Зеро давоми солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани 1 силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии қариб 50 км роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Аз 20 то 60 дирам афзудани тарофаҳо ба он рабт дорад, ки қаблан баъзе тарофаҳо дирамҳои изофагӣ доштанд ва ҳангоми пардохти ҳаққи убури роҳ то андозае мушкил эҷод мекарданд. Ҳоло филиали Ширкат ин нархномаҳоро яклухт кардааст, то пардохт барои мусофирон осонтар шавад. Муҳимтар аз ҳама, ин пешниҳод аз ҷониби ронандагон ироа шуда буд ва  онҳо дар маврид шикоят надоранд. Аз ин бармеояд, ки овозаҳо бобати боло бурдани нархи тарофаҳо воқеият надорад, ҳарчанд барои боло рафтанашон асос (омилҳои фавқузикр) вуҷуд дорад. «Дилсӯзон»-е, ки аз ин иқдоми филиали Ширкат «нигаронӣ» менамоянд, чаро намегӯянд, давоми  8 соли охир сарфи назар аз сабабҳои мазкур ширкат тарофаҳои худро умуман боло набурд? Аз он ёдовар намешаванд, ки дар роҳ бо харҷи маблағи зиёд низоми навсозишудаи толлингӣ ҷорӣ шуд, ки дар минтақа беназир аст. Гӯё намедонанд, ки ҳудуди 1000 нафар дар филиали Ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе-Чанок мунтазам кушода аст. Нодида мегиранд, ки танҳо соли равон дар баробари таъмири ҷории садҳо км роҳ, 15 км роҳ (аз километри 145 то 160) таъмири куллӣ шуд. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Боиси таассуф аст, ки ҳамасола, аз ҳисоби харидории техникаҳои нави пуриқтидор ғанӣ шудани пойгоҳи техникии филиали Ширкатро чашмони олусашон намебинад...
Роҳбарияти филиали Ширкат чанд моҳ пеш, аниқтараш замони ба фаъолият шурӯъ кардани плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои он замон фаъол расман гуфта буданд, ки дар заминаи ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки он замон 7-то буд, ба 6-то мерасад. Дар натиҷа, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд ва маблағе, ки қаблан дар плазаи Майхура пардохт мешуд, мутаносибан ба плазаҳои Варзоб ва Ҳушёрӣ тақсим шуданд. Яклухт шудани баъзе тарофаҳо низ ҳамон айём ба амал омада буд. Ҷоиз ба зикр аст, ки меҳвари ибтикори мазкур-ҷорӣ кардани низоми навсозишудаи толлингӣ таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав 2 марҳиларо дар бар гирифта буд.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии
“Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter