Бориши беисти борон дар баъзе аз қисматҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ фаромадани тарма ва лағжиши сангпораҳоро ба амал овард. Аз ҷумла, тармафароӣ дар километрҳои 65-72, лағжиши сангпораҳо дар километри 20 ва 39, бориши беисти борон дар километрҳои 10-157-уми роҳи Душанбе-Чанок сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дучанд намуда, онҳо ба маънои томаш шабзиндадоранд. Муҳимтар аз ҳама, роҳбарияти филиали Ширкат низ тамоми вақт дар канори кормандон қарор дошта, умури корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Самараи чунин масъулиятшиносист, ки сарфи назар омилҳои зикршуда ҳаракати нақлиёт дар масири мазкур умуман қатъ нашуд.
Ногуфта пайдост, бо фаро расидани фасли баҳор, ки боришот ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд, фаромадани сангпора ва лағжиши кӯҳпора падидаи маъмул аст. Алалхусус, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки қисмати зиёдаш аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз ин ҳодисаҳои табиӣ зиёдтар осеб мебинад.
Қобили зикр аст, ки кормандони филиали Ширкат дар арафаи баҳори фархундапайк корҳои ободониро дар роҳи мазкур вусъат бахшида, ба рангубори иншооти канори роҳ, барқарорсозии ҷойҳои осебдида, тоза кардани ҷӯйборҳои канори роҳ, ранг намудани хатҳои уфуқӣ… машғуланд. Давоми рӯзҳои охир дар баробари дигар корҳои ободонӣ, дар масофаи зиёд хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Мавриди зикр аст, ки хатҳои уфуқӣ воситаи таъминкунандаи бехатарии ҳаракат дар дар роҳ буда, мавҷудият ва дар ҳолати хуб қарор доштанашон аз талаботи бахши роҳсозист. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ ва дар ин замина хатҳои уфуқии роҳ аз нав кашида мешаванд.
Хотиррасон менамоем, кулли техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон аз 181 адад зиёд аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Илова бар ин, бо ибтикори роҳбарият дар хонаҳои устои роҳ, ки марбут ба филиали Ширкатанд, барои муваққатан ҷойгир кардани онҳое, ки бинобар иллат пайдо намудани воситаи нақлиёт дар роҳ дармондаанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ғайр аз ин, хати доимии филиали Ширкат бо шумораи 48 701 10 20 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина филфавр тадбир андешида мешавад.
Бо дарки масъулият мегӯем, ки муносибати роҳбарияти филиали Ширкат ба иҷрои рисолат-нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ҷиддӣ буда, дар сурати ба вуҷуд омадани кӯчактарин нуқсон дар ин масир баҳри рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Айни замон ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар ин масир таъмин буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки зимни ҳаракат дақиқназару эҳтиёткор бошанд.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ