ХАБАРИ ДОҒ

«АВИС-Сити»-ва парчами сиёҳи он

  • Панҷшанбе, Апр 12 2018


Дар бораи ин осоишгоҳ, ки имрӯз таблиғаш аз шабакаҳои телевизионии мамлакат канда намешавад, навиштанӣ набудам. Шояд барои мо-шаҳриён чунин имконият ғайри қобили қабул аст, аммо барои аксарият, ки аз музофот барои табобату истироҳат ба «АВИС-Сити» меоянд, шояд писанд уфтад. Пеши худ гуфтам, ки 1 шаб боке нест ва он зуд мегузарад, лек муносибати аз ҳад беш дағалонаи маъмурияти осоишгоҳ субҳи рӯзи дигар маро маҷбур сохт дар бораи 15 соати дар «АВИС-Сити» буданам чанд мушоҳидаамро бигӯям.

 «АВИС-Сити»-махзани ифлосӣ?
25.03.2018. Соат бо вақти Истаравшан 15:00 дақиқа.
Нахустин чизе, ки ҳангоми даромадан ба чашми ҳар 1 нафар меафтад-ин насби 1 порчаи сиёҳ болои дари намозхонаи осоишгоҳ аст.  Ин парчами сиёҳ, ки шабеҳи парчами сиёҳи ДИИШ аст, рӯзи аввал нест, болои дари намозхонаи «АВИС-Сити» партавафшон асту ҳама онро на 1 бору 2 бор дидаанд. Вале нафаре аз маъмурият ва касе аз беморону истироҳаткунандагон то ин дам фикр накард, ки ин 1 пора латтаи сиёҳ маънои ҳамраъйӣ бо ДИИШ-ро дошта, мардумро ба роҳи ғалат мебарад? Ҳарчӣ бошад-набошад, пас аз бонги хатари мо-журналистони СССР ба маъмурияти «АВИС-Сити», мақомоти давлатӣ дар ш.Истаравшан ва мақомоти милитсия дар ин шаҳр ин нусхаи парчами сиёҳ аз болои дари намозхонаи осоишгоҳро барканор кардаанд. Мо метавонем!
 
Антисанитария ҳукмфармост!
Агар гӯям, ки дар тамоми осоишгоҳи «АВИС-Сити» антисанитария ҳукмфармост, хато намекунам. Аз назди даромадгоҳи асосии он сар карда, то охирин утоқи арзонтарини он вазъияти тозагӣ ва санитариву эпидемиологӣ беҳбудӣ мехоҳад, беҳбудии амиқ! Барои ин гуфтаҳоро тақвият додан дур намеравам, танҳо утоқи №229-ро, ки худам дар он шабе меҳмон будам, мисол меорам!!!
Утоқи хубу барҳаво ва гарм ҳам буд, аммо аз ҳад зиёд ифлос! Қолинчаи рӯи фарши обу собунро моҳҳо надида, хуб тоза ва рӯфта нашуда буд. Дастархони селофании рӯи мизро низ хуб пок накардаанд ва нонрезаҳои аз меҳмони пеш аз ман монда, ҳанӯз ҳам рӯи миз рехта буд. Ба чирку доғи чойнику пиёлаҳо нигоҳ карда намешуд. «Постел»-и диванҳоро низ кайҳост, иваз накарда будаанд-дар «АВИС-Сити» одат набудааст пас аз меҳмон утоқро «уборкаи генералӣ» карда, рӯйҷоҳоро иваз намоянд ва ҳамин тавр меҳмони навбатӣ бӯи бадану арақи меҳмони пештараро бӯ карда мехобидааст! Ҳолати ташнобу ҳоҷатхонаи утоқ бошад ногуфтанӣ! Он ҷо низ собуну хлор ва маҳлулҳои шӯяндаро моҳҳо надида буду аз лӯла оби гарми бӯйдор меомаду халос. Хулоса, дар утоқи ман антисанитарияи том ҳукмфармо буд! Рӯи фарши долон низ қабати ғафси хоку чанг хобида, ба ҷои бӯи хлор, ки аслан онро эҳсос накардам, субҳи барвақт кормандони осоишгоҳ дар тамоми корпусҳо испанд дуд мекарданд!!! Дуди испанд он қадар ғализ буд, ки чашмҳоро месӯзонид, аммо ин табибон кай парвои беморони гирифтори астма ва ё фишору дилро доштанд? Шояд бо ин роҳ ҷину аҷинаро аз осоишгоҳ дур мекарданд!?
 
Сармаъмури сиёҳпуш…
Боз 1 чизе, ки дар «АВИС-Сити» рӯбарӯ шудам-ин муносибати дағалонаи маъмурияти он, дурусттараш сармаъмури осоишгоҳ буд. Ин сармаъмур-1 зани ба сар рӯймоли сиёҳпӯшида  на танҳо нисбат ба мо, балки ба кормандону мизоҷон низ бадрафторӣ ва дағалӣ намуда, такрор ба такрор мепурсид: «Инҳо кӣ? Кӣ инҳоро ба ин ҷо роҳ дод?». Аз рафтору кирдор, ба қавле шину хезаш низ маълум буд, ки ин бонуи сармаъмур аз кӯчаи одоби оддии инсонӣ ва хизматрасонӣ нагузаштаасту барои кадом хусусияти дигараш муассиси «АВИС-Сити» ӯро ба ин ҷо ба кор гирифтааст.
Вақте ба эшон гуфтам, ки утоқҳо хеле ифлосанд, ӯ дар ҷавоб таъкид дошт, ки «Ифлос, ки буд, намеомадед!». Ин аст нишони хизматрасонӣ, меҳмондорӣ ва шароити хеле хуби «АВИС-Сити», ки дар ТВ таблиғ мешавад! На танҳо сармаъмур, балки персонали осоишгоҳи «АВИС-Сити» низ амсоли сармаъмури хеш ҳама дағалу беэҳтиром нисбат ба мизоҷи худ буданд. Кормандони осоишгоҳ на салом доштанд, на аҳволпурсӣ аз мизоҷ, камбудиҳоро айби кормандони дигар мекарданду парвои меҳмон надоштанд. Ин аст, ки пас аз соати 22-и шаб дари осоишгоҳ пурра баста шуда, меҳмон ва ё сайёҳе, ки нисфи шаб ба Истаравшан мерасад ва мехоҳад дар «АВИС-Сити»-и машҳур шабро рӯз намояд, паси дар ва дар кӯча мемонад. Мисле, ки мо мондем…
Ин буд қиссаи 1 шаби ман дар «АВИС-Сити». Ва пеши худ қарор гузоштам, ки дигар ба ҳеҷ ваҷҳ поямро ба чунин муассиса нахоҳам гузошт! Мо метавонем!

Мину Аминзода,
25.03.2018, ш.Истаравшан

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter