Дар оғози вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати расмиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба ҳозирин аз вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, самтҳои асосии барои сармоягузорӣ ҷолиб, мавҷудияти захира ва имкониятҳои зиёд дар соҳаи гидроэнергетика, сайёҳӣ ва кишоварзӣ маълумоти муфассал манзур намуд. Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронӣ аз мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ба низоми бонкӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, таъмини дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна бо мақсади рушди истеҳсолот ва таъмини ҷойҳои нави корӣ изҳори назар кард. Дар идома аз ҷониби директори Департаменти назорати бонкӣ Нурмуҳаммад Шарипов ва сардори шуъбаи таҳлили хавфҳои Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Файзалии Сафаралӣ дар мавзӯи “Шарҳи умумии низоми бонкии кишвар ва дурнамои он” муаррифинома муфассал ба ҳозирин манзур гардид. Зимни муаррифӣ оид ба Дурнамои макроиқтисодии кишвар ва нақшаҳои минбаъда дар самти кушодани бозор маълумот дода шуд. Шарҳи мукаммалро оид ба татбиқи босамари сиёсати монетарӣ бо истифода аз воситаҳои муосир, гузариш ба низоми ҳадафгирии таваррум, татбиқи ислоҳот ва имкониятҳои саҳмгузорӣ ба бонкҳо Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев пешниҳод намуд.
Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” дар якҷоягӣ бо намояндагони фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske аз пазироии хуб ва мулоқоти муфид изҳори миннатдорӣ карда, дар муҳокимаи пурмуҳтаво ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти саҳмгузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд. Дар ҷамъбасти мулоқоти корӣ Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев махсусан қайд намуд, ки дар ҳайати мазкур харидорони фаъоли вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Евробондҳо) қарор доранд ва онҳо таҳти идораи худ фондҳои бузургтарини сармоягузории ҷаҳониро дар ихтиёр доранд ва мулоқоти мазкур барои кишварамон дар самти ҷалби иловагии сармояи хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч”, ки онҳоро сармоягузорон ва фондҳои бонуфузи сармоягузории ҷаҳонӣ, аз қабили Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske ҳамроҳӣ мекарданд, баъди анҷоми мулоқот ба шаҳри Роғун барои аз наздик шинос шудан бо корҳои сохтмонӣ ба иншооти ҶСК “НБО Роғун”раҳсипор гаштанд. Гурӯҳи бонуфузи Бонки Амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske-ро дар шаҳри Роғун Директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафарзода пешвоз гирифта, дар бораи сохтмони иншооти бузурги аср дар Тоҷикистон ва корҳои дар ин самт анҷомшуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Х.Сафарзода оид ба оғози таърихи бунёди лоиҳаи мазкур, рафти татбиқи лоиҳа ва нақшаҳои минбаъда муаррифии мушаххас пешниҳод намуд. Бо хотима ёфтани муаррифӣ муколамаи пурмуҳтаво доир гардид ва меҳмонон ба суолҳои худ оид ба бехатарии лоиҳа, бартарияти он ва баҳрабардории молиявӣ ва иқтисодӣ дар минтақа посух гирифтанд. Сипас, Ҳайати сармоягузорони институтсионалӣ ба иншоотҳои алоҳидаи НБО Роғун, аз ҷумла майдончаи назоратии № 1; пешдарғот ва садди навбати аввали нақби сохтмонии қабати сеюм, маҷмааи тақсимкунии пӯшидаи элегавӣ, толори мошинҳо ва нақбҳои нақлиётӣ дидан карданд. Оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳо директори истеҳсолии ҶСК НБО “Роғун” Анвар Раҳмонов ахборот дод. Ҳайати мазкур аз иншооти НБО Роғун таассуроти баланд бардошта, барои имконияти ташрифи такрорӣ ба ин иншооти бузурги аср изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як қатор мулоқотҳоро бо намояндагони Вазорати молия, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои иншооти энергетикӣ, ҶСК “НБО Роғун”, намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ, ХБА ва Сафорати ИМА дар ш.Душанбе дар нақша доранд.
Шуъбаи матбуоти БМТ