ХАБАРИ ДОҒ

Coca-Cola: 130 сол дар хизмати мардум!

  • Чоршанбе, Май 02 2018


   Ҳафтаи гузашта ширкати CCI- «Coca-Cola Ичиҷек» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба корхонаи худ дар ш.Душанбе даъват намуд, то ин ки журналистони Тоҷик имкон пайдо намоянд бо фаъолияти кории ин ширкат ва тарзи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани бренди оламшумули Coca-Cola аз наздик ошно гарданд. Мухбири Газетаи мардумии СССР низ дар байни ин меҳмонон буд ва дар баробари боздид аз корхона тавонист ба суолҳои худ ҷавоб пайдо намояд.


   Бояд қайд намуд, ки нӯшокии Coca-Cola таърихи беш аз 130 сола дошта, яке аз брендҳои машҳури олам ба ҳисоб меравад. Ширкати «Coca-Cola Ичиҷек» намояндаи ин ширкати бонуфуз дар Туркия буда, корхонаи нахустини он соли 1954 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ба «Coca-Cola Ичиҷек» дар тӯли ин солҳо муяссар шуд бо таъсиси 26 корхонаи истеҳсоли дар 10 кишвари олам дар бахши фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан ҷойи 2-юмро сазовор гардад. Айни замон корхонаҳои ширкати номбурда 27 намуди нӯшокӣ, афшура ва яхмосро истеҳсол менамоянд, ки аз рӯи сифату кайфият инҳо ҳамто надоранд. Корхонаи мазкур дар Душанбе соли 2015 ифтитоҳ ёфта, роҳбарии ширкати «Coca-Cola Ичиҷек» дар ҶТ бар дӯши Эзел Агаоглу вогузор шудааст.


   Эзел Агаоглу мегӯяд, ки барои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва газдор аз маҳсулоти босифат истифода бурда, оби барои нӯшокиҳо омода шуда аз системаи махсуси тозакунӣ чанд зина мегузарад. Дар корхона таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ насб шуда, маҳсулот аз рӯи талаботи стандартҳои байналмиллалӣ тайёр гардида, сипас ба бозор бароварда мешавад. Маҳсулоти корхонаи «Coca-Cola Ичиҷек» дар Душанбе ба 50 нуқтаи фурӯшу савдо маҳсулоти хешро тақсим шуда, танҳо дар соли 2017 беш аз 120 миллион литр нӯшокиҳои истеҳсол кардааст. Ба гуфтаи Эзел Агаоглу, мардуми Тоҷик, алалхусус дӯстдорони нӯшокиҳои газдор зиёдтар ба нӯшокии «Fanta»-и ин ширкат таваҷҷӯҳ доранду бештар аз ҳама онро харидорӣ мекунанд.
- Мо саъю талоши хешро барои он равона месозем, ки маҳсулоти мо аз лиҳози кайфият босифат, хуштаъм ва безарар бошад ва тавонем ба мизоҷони Тоҷик нӯшокиҳои хеле хуб пешкаш намоем, - афзуд зимни сӯҳбати хеш бо журналистон Эзел Агаоглу.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter