ХАБАРИ ДОҒ

Си Си Ю: Барои истеҳсолоти рақобатпазир фазои мусоид фароҳам овардан лозим аст!

  • Чоршанбе, Март 30 2016

Аз рӯи дурнамои Бонки рушди Осиё, рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2016 коҳиш ёфта ин омил боиси ҳарчи зудтар роҳандозӣ гаштани ислоҳотро барои рушди саноат ва истеҳсолоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави кориро тақозо менамояд.

Ин бошад танҳо дар сурати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди тиҷорат, алалхусус бизнеси хурду миёна, ки метавонанд барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ асос гузоранд, ба даст хоҳад омад. Ин нуқтаро ҷаноби Си Си Ю, намояндаи доимиии Бонки рушди Осиё дар ҶТ имрӯз 30 март зимни мулоқоти хеш бо хабарнигорон дар Душанбе иброз дошт.

Чуноне ки ҷаноби Си Си Ю таъкид медорад, дар соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон то 8,5% боло рафта таъсири он ба қурби асъори миллӣ – сомонӣ хоҳад расид.

 Бояд хотиррасон кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 узви Бонки рушди Осиё буда то ба имрӯз аз ҷониби бонки мазкур ба Тоҷикистон наздики 1,4 миллиард доллари амрикоӣ ба сурати кӯмак, аз ҷумла имтиёҳои кредитӣ, грантҳо ва дастгирии техникӣ ҷудо карда шудааст. Аз рӯи стратегияи нав бошад БРО ният дорад дар оянда таваҷҷӯҳи хешро ба самтҳои беҳбудӣ бахшидан ба алоқаҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ ва рушди сектори хусуси равона намояд.

Ҷамила Ҳусейнова

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter