ХАБАРИ ДОҒ

Саховат: Раис рафту проблема неъ!!!

  • Душанбе, Апр 11 2016

1. Ошхонаҳои ифлоси бозори «Саховат»

 

3.04.2016. Соат бо вақти Душанбе 12:00 дақиқа.

Чун рӯзи якшанбест ва аз рӯи таомули хонаводагӣ имрӯз дар хона бояд ҳатман оши палав пухта шавад, барои харидани биринҷу кабудӣ… сӯи бозори «Саховат» роҳ пеш мегирем. 2 моҳ қабл мо дар Газетаи мардумии СССР дар бораи вазъи ин бозор ва хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт, ки дар натиҷаи рейди 3-рӯза ба даст омад, навишта будем. Бо гузашти ин вақт ба ҷуз директор, дигар дар ин бозор чизе иваз нашудааст:

-Савдои кӯчагии берун аз ҳудуди бозор, дӯконҳои ба таври ғайриқонунӣ фаъолият мекарда, беназмию беназоратӣ, аз ҳама бештар ифлосӣ! Ҳатто он воҳима ва суханҳои намояндаи прокуратураи н.Фирдавсӣ, ки пас аз чопи мақолаи танқидӣ камбудиҳои бозори «Саховат»-ро мавриди интиқод гирифта, ҳатто санҷиш гузаронида буд, ҳоло ба назар пуч метофт… 

Ин дафъа мо ба 3 ҳолати асосии ин бозор, ки хеле нигаронкунанда ва ба саломатии харидор-инсон зараровар аст, менависем.

«Ман барои савдо 5 сомонӣ додам!»

3.04.2016. Соат бо вақти Душанбе 12:11 дақиқа.

Савдои кӯчагӣ аз рӯи қарори раиси ш.Душанбе М.Убайдуллоев дар ҳудуди пойтахт манъ аст, вале дар ҳудуди бозори «Саховат» он, яъне савдои кӯчагӣ, баръакс рушд мекунад. Ба қавле, аз дастаи аробаҳову тағораҳо воридшавӣ ба бозор мушкил буда, савдогарони кӯчагӣ ба харидор мисли пашша часпида мегиранд. Дар баъзе қисматҳои бозор милисаҳо-нозирони минтақавиро мебинӣ, аммо чӣ суд вақте аз дасташон чизе намеояд ва касе онҳоро писанд намекунад?

«Ман барои дар ин ҷо шиштан 5 сомонӣ додаам!» мешунавам садои баланди зани нонфурӯшеро, ки дар саҳни даромадгоҳи асосии бозор нишаста, сумкаи калони пурнони худро боз карда, гапи милисаро ба 1 тин ҳам намегирифт. Аробаҳои пури кабудиву мева бошад беҳисоб ва қатор-қатор асту нисфи ҳудуди истгоҳи назди бозорро гирифтаанду харидорон ба бозор ҳам надаромада, аз берун харида гузашта мерафтанд. Агар вазъ ин хел аст, пас эълонҳои телевизионии маъмурияти бозор бо ҷалби соҳибкорони нав чӣ лозим, замоне, ки дохили бозор қариб ки холӣ асту харидори асосӣ ба он надаромада, аз берун харида меравад?

Саховат бозори либос мешавад?

3.04.2016. Соат бо вақти Душанбе 12:33 дақиқа.

Дар бораи нуқтаҳои фурӯши либос дар дохилу гирду атрофи бозор бошад аслан ҳарфе надорем:

-Ҳар савдогар чӣ хеле хоҳад ҳамон тавр кор мекунад ва бозори хӯрокаро аллакай ба бозори либос табдил дода истодаанд. Роҳбарияти бозор ҳамеша мегӯянд, ки қисмати дигари канал, ки он ҳам хеле ифлосу бадбӯ шудааст, ба онҳо дахл надорад, вале кӣ аз онҳо чекпулӣ ва иҷорапулӣ ҷамъ мекунад?! Касе ҳаст-ку? Пас, «будь добр и убери за собой!»! Пулҷамъкунӣ хуб, лек тозакунӣ бад!? Вале бо ин ҳама бояд маъмурияти бозорҳои пойтахт донанд, ки миссияи асосии бозорҳои Саховат, Шоҳмансур, Деҳқон...ин таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ва полезист. Фарзи мисол, мо Корвону Панҷшер картошкахарӣ намеравем-ку? Пас чаро Саховат либосхарӣ бояд рафт? Сари ин муаммо бояд фикр кард!

 Гӯштфурӯшӣ-касби нави милисаҳо?

3.04.2016. Соат бо вақти Душанбе 12:49 дақиқа.

Дар назди даромадгоҳи асосии бозор, аз беруни дарвоза 1 дӯкони гӯштфурӯшие ҳаст, ки на намуди зоҳирӣ дорад, на тозаву озода асту фурӯшанда низ оҷилан ниёз ба сартарошу ҳаммом дорад. Аз рӯи овозаҳо ин нуқтаро яке аз масъулини Раёсати ВКД дар ш.Душанбе «крышагӣ» карда, касе ҳуқуқи ба соҳиби ин дӯкон гап заданро надоштааст! Албатта, ин овоза аст, лек бисёриҳо сари он мегӯянд. Чунин овозаҳо сабаби коҳиши имиҷи милиса мегардад. Зимнан Қунғуротзода Фотеҳ Қулмурод, сардори Раёсати ВКД-и ш.Душанбе бояд ба ин овоза нуқтаи таммат гузорад. Боз дар ҳоле ки ҳамин овозаҳо мегӯянд, дӯкони гӯштфурӯшии мазкур ғайриқонунӣ кушода шудаасту ба ягон талаботу меъёрӣ санитарӣ ҷавобгӯ нест. 

Духтури бозор, канӣ шумо?

3.04.2016. Соат бо вақти Душанбе 12:52 дақиқа.

Аз ҳама ҷои бадтарин дар ин бозор растаи ошхонаҳо, дурусттараш фурӯши хӯрокҳоест, ки маълум, аз чашми тафтишкунандагону нозирон, хосса, масъулини санитарию эпидемиологӣ дур мондааст. Дар 1 қатор дӯкончаҳои ифлосу чиркину нимторик занҳое, ки на хилъат доранду на пешдоман, ба мардум хӯрок пешкаш мекарданд. Дар ин анбӯҳ танҳо 1 зане дар тан хилъат дошту ба бар пешдоман баста буд, дигар ҳама ба қавле «колхоз». Аз бӯи бади хӯрокҳо, равғани доғнокарда, дегҳои оши дар берун монда, лаълиҳои мантуву ҷигарбирёни дар пеши пои роҳгузарон гузошта... дили кас беҳузур шуда, таги пойафзол ба замини аз равған сиёҳшуда мечаспид. Ин лаҳза чашмам ба зане афтид, ки оши бурида мекашид, ногоҳ аз дасташ кафлез афтоду ӯ ба ин аҳамият надода, боқимондаи оши буридаро аз сатил бо даст гирифта, ба коса андохт… ва мизоҷ баҳузур он ошро тановул мекард. Худ ҳам медонам, ки манзараи манфуреро ба хонанда пешкаш кардам, вале чӣ илоҷ, ки ҳақиқати ҳол имрӯз дар ин растаи аз зери чашм дури бозори «Саховат» чунин аст!

Роҳбарияти Саховат! Шумо ҳастед-мӣ?

3.04.2016. Соат бо вақти Душанбе 13:00 дақиқа.

Дар бораи аробаҳои пур аз тағораву сатилҳои мантуву оши бурида ва дилу ҷигари пухтаи берун бошад ҳоҷати гап задан нест: Антисанитария! Роҳбарияти КВД «Бозори «Саховат» ба куҷо менигарад? Духтури бозор дар куҷост? Ку хилъату ку пешдоман ва либоси ягона? Дигар сохторҳо чаро хомӯшанд? Ё медонанду интизори онанд, ки кай нафаре пас аз тановули хӯрокҳои ин бозор ба беморхона афтад ва танҳо баъди он тафтиши ҳақиқии хешро хоҳанд гузаронд? Чаро духтури бозори «Саховат» ин кунҷи Душанберо ба ифлостарин, бадбӯтарин макони сар задани бемориҳои сироятии пойтахт табдил додааст? Мо мутмаинем, ки бо чунин вазъ, пас аз фаро расидани фасли гармо аввалин бемории сироятӣ аз ҳамин растаи хӯрокфурӯшии бозори «Саховат» хоҳад хест! Мо мавзуъро низ пайгирӣ хоҳем кард. Мо метавонем!

Мину Аминзода Махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter