БМТ маводи ҳафтаномаи “СССР” (12.07.2018, №28(513) таҳти унвони “Чаро фоизҳои бонкӣ баланданд?”-ро баррасӣ намуда, ба саволҳои додашуда чунин посух медиҳад:
1.Чаро бонкҳои Тоҷикистон пули рубли русие, ки фарзандони мо аз Русия ба мо мефиристанд, сомонӣ карда медиҳанд? Аҷибаш ин аст, ки вақте ҳамон пули писарат фиристодаро ба рубли русӣ гирифтан мехоҳӣ, онро бо нархи гарон боз ба худат мефурӯшанд! Ин ҷо чӣ муаммоест, ки мо намедонем?
-Механизми бо пули миллӣ-сомонӣ пардохт кардани интиқолҳои бо рубли русӣ ба номи шахсони воқеӣ аз хориҷа бе кушодани суратҳисоби бонкӣ воридшуда бо мақсади дерублизатсияи (новобастагӣ аз рубл) иқтисодиёт ва ба ин васила маҳдуд сохтани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, кам намудани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ, таъмини устувории қурби пули миллӣ ва танзими фаъолияти бозори байнибонкии асъор ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, механизми мазкур барои танзими самараноки гардиши асъори хориҷӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ шароит фароҳам меорад, ки ин барои таъмини суботи молиявӣ ва пешрафти иқтисодиёти миллӣ ниҳоят муҳим аст. Дар робита ба ин, БМТ тибқи моддаи 4 Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №204 "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ" ҳуқуқ дорад, ки бо мақсади таъмин намудани мақоми пули миллӣ - ҳамчун воситаи ягонаи қонунии муомилот ва пардохт, тартиби танҳо бо пули миллӣ додани ин ё он асъори хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқолшударо ҷорӣ кунад. Маҳз аз ин рӯ, бо назардошти гуфтаҳои боло ва ҷиҳати ба танзим даровардани гардиши асъори хориҷии нақд БМТ ба ташкилотҳои қарзӣ дастур додааст, ки тамоми маблағҳои рубли русии ба номи шахсони воқеӣ аз хориҷа бе кушодани суратҳисоби бонкӣ воридшударо мубодила намуда, ба интиқолгирандаҳо танҳо пули миллӣ-сомонӣ пардохт намоянд. Талаботи Дастури мазкур танҳо барои маблағҳои интиқолӣ бо рубли русӣ дахл дошта, нисбати маблағҳои бо дигар асъори хориҷӣ интиқолшуда амалӣ намешавад. Сабаби дигари пеш гирифтани чунин иқдом, ин ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз хавфи лаппишҳои қурбӣ мебошад. Чунки қурби рубли русӣ нисбат ба сомонӣ устувор набуда, пайваста тағйир меёбад ва аз ин лаппишҳо шаҳрвандон метавонанд зарар бинанд.
Вобаста ба қисмати дуюми савол бояд гуфт, ки ҳангоми хариди рубли русӣ аз ташкилотҳои қарзӣ ягон муаммо ҷой надорад. Мақсад аз фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун субъекти хоҷагидорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ин гирифтани даромад мебошад. Яке аз амалиётҳое, ки ташкилотҳои қарзӣ анҷом медиҳанд, ин амалиёти мубодилавист, ки дар асоси он ташкилотҳои қарзӣ асъорро бо як қурб харида, бо қурби дигар мефурӯшанд. Сиёсати қурбии пешгирифтаи БМТ реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон намудани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” буда, тибқи он қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзӣ мустақилона дар асоси таносуби талабот ва таклифот ба асъор дар бозори дохилӣ муқаррар карда мешавад ва ба қурби рубли русии интиқолшуда, ки бар ивази он сомонӣ дода мешавад, алоқамандӣ надорад. Зеро қурби амалиётӣ ҳамарӯза аз ҷониби БМТ тавассути низоми электронии савдои бозори байнибонкии асъор (Томсон Ройтерс) муқаррар карда мешавад ва барои ҳама ташкилотҳои қарзӣ ягона аст. Ташкилотҳои қарзӣ асъори барои мубодила ҷудошавандаро аз ҳисоби захираҳои асъории худ ва ё аз бозори озод дастрас менамоянд, ки бевосита он хароҷотҳои худро дорад. Лиҳозо, қурби харид ва фурӯши асъори хориҷӣ аз ҳамдигар фарқ дошта, бо қурби амалиётӣ барои додани сомонӣ бар ивази рубли русӣ алоқамандӣ надорад.
2.Фоизҳои қарзии тамоми бонкҳои кишвари ман баланданд. Ман-шаҳрванди Тоҷикистон вақте бо фоизи паст аз бонк қарз мегираму корамро буд карда қарзро сари вақт бармегардонам, ин магар ба фоидаи бонк нест? Пас чаро бонкҳо бар зарари мардум кор мекунанд?
-Ташкилоти қарзӣ шахси ҳуқуқӣ буда, фоизҳои қарзҳоро бо назардошти хароҷотҳои маблағҳои ҷалбшуда ва хароҷоти амалиётӣ дар доираи ваколатҳои худ муқаррар мекунад. БМТ тибқи моддаи 42 Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарзҳо, дар Бонки миллӣ Гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронида шуда, ҷиҳати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дастурҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷотҳои ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармояи арзон, содда кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ, дода шуданд. Дар натиҷа, меъёри фоизии қарзҳо бо асъори хориҷӣ аз 20,7% дар нимсолаи соли гузашта то 16,9% дар нимсолаи соли ҷорӣ кам шуд ва меъёри фоизии қарзҳо бо пули миллӣ бошад, аз моҳи майи соли ҷорӣ тамоюли пастравӣ дошта, 2 банди фоизӣ кам шудааст. Вале ҳолати мазкур ҳоло ҳам қаноаткунанда набуда, Бонки миллӣ дар самти мазкур якҷоя бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил шудан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома дода истодааст.
3. Имрӯз вақте агар нохост аз бонк қарздори сахт бошем, бонкир ба воситаи суд қарзашро меситонад. Аммо чаро мо - муштариёни бонкҳо, ки пули ҳалоли худро гирифта наметавонем, қудрати бонкро ба суд додан надорем?
-Тибқи банди 1, моддаи 11 Кодекси граждании ҶТ “ҳифзи ҳуқуқҳои граждании вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаро тибқи мансубияти бо қонунҳои мурофиавӣ муқарраршудаи парвандаҳо аз ҷониби суд, суди иқтисодӣ ё суди ҳакамӣ ба амал бароварда мешавад”. Аз ин рӯ, муштариён метавонанд ҳангоми бастани шартнома ҳуқуқҳои худро талаб намуда, дар сурати иҷро нагардидани талаботҳои дар шартнома дарҷгардида, ба суд муроҷиат намоянд.
Шуъбаи матбуоти БМТ