23 августи соли 2018, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола вохӯрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози нишаст муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоишҳои мазкур пешгирӣ намудан аз паёмадҳои номатлуби зуҳуроти рӯз, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта ва амалҳои ба ин монанд мебошад. Дар идома, муовини сардори раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком вобаста ба рафти иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт ба ҳозирин маълумот манзур намуд. Мавсуф оид ба хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин падидаи нангин, талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ дар кишвар ва дар амал татбиқ намудани он, ҷой доштани чунин ҳолатҳо дар низоми бонкӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин амалҳо дар назди иштирокдорон бо маърӯзаи муфассал баромад намуд.
Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паст кардани шиддати коррупсия ва ба ин васила баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мубориза бо амалҳои хислати коррупсионидошта ва коҳиш додани хатари коррупсия дар ҷомеа аз ҳар нафар шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар масъулияти зиёдро талаб менамояд. Дар анҷом муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ. вохӯрии мазкурро, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, саривақтӣ ва зарур шуморида, изҳор дошт, ки ҳамкориҳо дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ минбаъд низ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фаъолтар гардонида шуда, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандон пайваста ва муассир ба роҳ монда мешаванд.
Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷаноби Ней Сенг Вонг
23 августи соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ёвари директори идоравии мақомоти монетарии Сингапур ҷаноби Ней Сенг Вонг, ки бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кӯмаки техникии Бонки Осиёии Рушд, барои татбиқи лоиҳаи “Усули се хати муҳофизатӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқоти корӣ анҷом дод. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев сараввал ташрифи ҷаноби Ней Сенг Вонгро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар баробари пешниҳоди маълумот оид ба навовариҳо ва ислоҳот дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои муштарак бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла, Бонки Осиёии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуд. Нуралиев зикр кард, ки лоиҳаи “Усули се хати муҳофизатӣ” барои дастгирии низоми бонкӣ, раванди назорат ва идоракунии амалиётҳо бо мақсади коҳиш додани хавфҳо таҳия карда шудааст. Бо назардошти омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаҳои пешқадами бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ дар амал татбиқ намудани лоиҳаи мазкур мувофиқи мақсад дониста мешавад.
“Бонки миллии Тоҷикистон барои расидан ба мақсади асосии сиёсати макропруденсиалӣ, яъне мусоидат намудан дар нигоҳдошти суботи низоми молиявии кишвар як қатор тадбирҳои ислоҳотӣ татбиқ намуда истодааст ва истифодаи мушовирони байналмилалӣ, ки дар ин самт таҷрибаи муайян доранд, ба манфиати кор хоҳад буд”, - қайд кард Ҷамолиддин Нуралиев. Ёвари директори идоравии мақомоти монетарии Сингапур ҷаноби Ней Сенг Вонг ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои пазироии хуб изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки омода аст, дар доираи таҷриба ва малакаи мавҷуда ҷиҳати ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи “Усули се хати муҳофизатӣ”, инчунин, таъмини ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои Тоҷикистон мусоидат намояд. Аз ҷумла, номбурда афзуд, ки баҳри густариши ҳамкорӣ бо истифода аз воситаҳои дахлдори сиёсати макропруденсиалӣ бо дарназардошти вазъи мавҷудаи низоми бонкӣ, баррасиии натиҷаҳо ва тавсияҳо бо сохторҳои дахлдори БМТ фаъолият хоҳад намуд. Зимни мулоқот инчунин мушовири Бонки миллии Тоҷикистон Аксел Сауер, мушовири Бундесбонки Олмон ҷаноби Йоаҳим Шиммер, ки дар доираи кӯмаки техникӣ бо сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун фаъолият доранд ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба истифодаи фишангҳои макропруденсиалӣ, сиёсати монетарӣ ва масоили низоми бонкӣ муколамаи ҷолиб доир намуданд.
Мавриди зикр аст, ки сиёсати макропруденсиалӣ – маҷмӯи чораҳои эҳтиётие мебошанд, ки барои коҳиш додани хавфҳои низоми молиявӣ равона шудаанд. Вобаста ба ин, сиёсати макропруденсиалӣ бо роҳи назорат бурдан, баҳодиҳӣ ва коҳиш додани хавфҳои низом ҷиҳати пурзӯр намудани устувории молиявӣ ва баланд бардоштани нақши бахши молиявӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар татбиқ гардида, баҳри таъмини суботи молиявӣ мусоидат менамояд. Сиёсати макропруденсиалӣ танҳо барои паст намудани эҳтимолияти ба вуҷуд омадани буҳронҳои оянда равона гардида, масъулияти пурра аз байн бурдани онҳоро ба зимма надорад.
Мубодилаи таҷриба оид ба маблағгузории хурди исломӣ ва мониторинги рафти пардохти қарзӣ
Рӯзҳои 6-7 августи соли 2018, дар доираи ташрифи намояндаи Бонки Исломии Рушд ҷаноби Саид Ҳасан Алсагоф ба Бонки миллии Тоҷикистон, барои кормандони низоми бонкии мамлакат дар мавзӯи “Мубодилаи таҷриба оид ба маблағгузории хурди исломӣ ва мониторинги рафти пардохти қарзӣ” машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Сардори Идораи кормандони БМТ Давлаҳмад Гадоев дар маросими кушодашавии машғулиятҳо ҷаноби Саид Ҳасан Алсагофро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон хушбошӣ намуда, изҳор дошт, ки баргузории машғулиятҳои мазкур ва дастгирии Бонки Исломии Рушд дар ин самт дар такмили таҷрибаву дониши кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд мусоидат хоҳад намуд. Қайд гардид, ки солҳои 2009-2013 Бонки Исломии Рушд бо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ ва кӯмаки техникӣ оид ба лоиҳаи “Маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба имзо расонидааст. Мақсади асосии лоиҳа гузоштани саҳм ба рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути таъмин ва васеъ намудани дастрасии мардуми камбизоати шаҳр ва деҳот, хусусан занҳо ба хизматрасониҳои мақбул, боэътимод ва дастрас оид ба маблағгузории хурд мебошад. “Бо назардошти таҷрибаи мазкур, ҳадаф аз баргузории семинар омӯзиш ва баррасии татбиқи лоиҳаҳои монанд мебошад, ки дар рафти машғулиятҳо мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт”, - изҳор дошт дар хотимаи суханрониаш Давлаҳмад Гадоев.
Сипас, намояндаи Бонки Исломии Рушд ҷаноби Саид Ҳасан Алсагоф ба иштирокдорони семинар оид ба стандартҳо ва принсипҳои маблағгузории исломӣ, назорати рафти пардохти қарз, гузариш аз назария ба амалия ва ғояҳои асосии хизматрасонии молиявии исломӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Тибқи барномаи омӯзишӣ, аз ҷониби намояндаи Бонки Исломии Рушд 6-уми август бо кормандони воҳидҳои дахлдори сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ва 7-уми август бо кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар оид ба мавзӯъ маърӯзаю суҳбатҳои амалӣ анҷом дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки Исломии Рушд, бо мақсади мусоидат намудан дар мубодилаи таҷриба, тақвияти дарку фаҳмиши мутахассисон оид ба маблағгузории исломӣ ва принсипҳои асосие, ки барои татбиқи он дар ташкилотҳои қарзӣ заруранд ташкил гардид.
Шуъбаи матбуоти БМТ