ХАБАРИ ДОҒ

БАНКОМАТУ POS-ТЕРМИНАЛҲО ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ-ЧАНОК

  • Чоршанбе, Май 29 2019


Роҳи Душанбе-Чанок, ки нигоҳдориаш дар асоси шартномаи консессионӣ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, асосан аз минтақаҳои сайёҳии кишвар мегузарад. Ба ғайр аз ин, истироҳаткунандагон ба осоишгоҳҳои машҳури «Хоҷа Оби гарм», «Баҳористон», «Шифо», «Зумрад» «Сафед-дара», «Гулобод», «Авис-сити», «Ҳавотоғ», «Кохи Малика» ва амсоли инҳо тавассути роҳи мазкур сафар мекунанд. Табиист, ки ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он ба ҷалби бештари сайёҳон, таваҷҷуҳбарангез шудани минтақа барои ҷаҳонгардон, беҳбудӣ ёфтани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ... мусоидат карда, дар ин раванд омили калидӣ маҳсуб мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста навгониҳо ҷорӣ шуда, онҳа пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавсеаи пардохти ғайринақдӣ, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он рабт доранд. Мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда шаҳодати гуфтаи боло буда, дар баробари бартариҳои дигар, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат низ мусоидат намуда истодааст. Далелу арқоми мавҷуда низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки тариқи роҳи Душанбе-Чанок сафар мекунанд, аз ҳолати роҳ ва ибтикороти амалинамудаи роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманданд.
Эътироф бояд кард, ки чанд соли охир истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ низ ба онҳо хеле сода гардонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ зиёда аз як миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин раванд бемайлон идома ёфта истодааст. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, бонкҳои кишвар низ фаъолияти хешро дар ин ҷода густариш бахшида, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳои худро ба истифодаи мизоҷон вогузоштанд. Аммо фарҳанги истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандон «ба ҳар ду пой мелангад». Фаъол кардани марказҳои ҷараёникунӣ дар низоми бонкии мамлакат ва барориши кортҳои миллӣ имкониятҳои бонкҳо ва мизоҷони онҳоро дар самти истифодаи кортҳои пардохтӣ бояд васеътар мегардонид, аммо афсӯс...
Ҷои пӯшида нест, ки ҳоло қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ ҳад муфид будани истифодаи кортҳои пардохтиро дарк накардаанд. Барои мисол, дар плазаҳои филиали Ширкат банкомат ва POS-терминалҳо насб шудааст, ки аз онҳо дорандагони кортҳои пардохтии Корти миллӣ, Visa International, Union Pay  метавонанд бе комиссия гузаришро аз плазаҳои толлингӣ бипардозанд. Мутаассифона аз имконияти фароҳамшуда ронандагону мусофирон таври бояду шояд истифода намекунанд. Лиҳозо, барои таваҷҷуҳ зоҳир намудани ронандагону мусофирон ба ин масъала таври мухтасар шарҳу тавзеҳ додани  манфиатҳои рӯ овардан ба пардохти ғайринақдиро мувофиқи мақсад мешуморем:
Ҳамватанон бояд дуруст дарк кунанд, ки истифодаи кортҳои пардохтӣ бартариҳои зиёд дорад. Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар шудан аз хизматрасониҳои молиявӣ маҳсуб ёфта, тавассути он харидории дилхоҳ молу маҳсулот аз марказҳои савдо, интиқоли маблағ, нигоҳдории маблағҳои амонатӣ (депозитӣ) имконпазир аст. Сониян, барои дорандагони кортҳо зарурати ба худ гирифтани маблағи зиёди нақд пайдо намешавад. Барои онҳо кифоя аст, ки дар он макон банкомат ё POS-терминалро пайдо карда, дар доираи хизматрасониҳои барои корти пардохтӣ пешбинишуда эҳтиёҷоти хешро қонеъ намоянд. Ин омил ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Дар маҷмӯъ, истифодаи васеи чунин кортҳо ба ғанӣ гардидани Буҷети давлат, ҷалби маблағҳои аз гардиши бонкӣ берунмонда, муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари бемайлон рушдёбанда кумаки амалӣ мерасонад. Насби  банкомат ва  POS-терминалҳо дар масири роҳи Душанбе-Чанок далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  иҷрои ин муқаррароти қонунгузорӣ фаъол  буда, дар ин самт корҳои зиёдро ба иҷро расонидаанд. Боварӣ дорем, ки ояндаи наздик истифодаи кортҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти хизматрасонии филиали Ширкат ба падидаи маъмул табдил ёфта, аксари шаҳрвандони аз истифода хоҳанд кард.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter