15 майи соли 2019 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва бо иштироки роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии кишвар, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 10 майи соли 2019, зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо дода шуда буд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ифтитоҳ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро бори дигар ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ироа гардида буд, ҷалб намуд.
“Низоми бонкии кишвар, яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки барои рушду такомули он фаъолияти босамар дошта бошем. Ва бо истифода аз имконияту шароитҳои мусоид баҳри бартараф намудани камбудиҳои соҳа, ки Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ироа намуданд, кӯшиш ба харҷ диҳем, то эътимоди аҳолиро ба бонкҳо барқарор намоем. Татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, назорат ва баҳодиҳии дурусти низоми бонкӣ, пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, дуруст ба роҳ мондани сиёсати қарздиҳӣ ва коҳиш додани меъёрҳои фоизӣ, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ метавонад барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳа ҳиссагузор бошад”,- иброз дошт Ҷ.Нурмаҳмадзода. Дар идома лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои БМТ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо ба баррасӣ ҷиҳати пешниҳоди таклифҳо манзур карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои зимни мулоқот аз ҷониби Пешвои миллат ироагардида таҳияшуда, тамоми паҳлуҳои соҳаи низоми бонкӣ ва суғуртаро фарогир мебошад, аз ҷумла баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, истифодаи фишангҳои иловагӣ баҳри татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, паст кардани меъёрҳои фоизӣ дар сиёсати қарзии бонкҳо, зиёд кардани доираи марказҳои хизматрасонии бонкӣ, интихоби дурусти кадрҳои баландихтисос дар воҳидҳои сохтории бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ва ғайра. Дар баробари ин, ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои таҳия намудани пешниҳодҳои худ ҷиҳати ворид намудан ба нақшаи чорабиниҳои мазкур дастур дода шуд.
Дар рафти ҷаласа, инчунин масъалаҳои бедолларикунонии иқтисодиёт, поён бурдани таъсири асъори хориҷӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ, қобилияти пардохтпазирӣ ва сармояи бонкҳо, афзоиши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии арзон, воситаҳои молиявӣ, таъсиси бештари филиалҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи бонкдорӣ ва ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкии мамлакат, бахусус ба вазифаҳои масъулияти моддидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар навбати худ доир ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" (30.11.2018,№565) суханронӣ карда, зикр намуд, ки бо вуҷуди иҷрои корҳои назаррас дар самти тадбиқи қарори мазкур, зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилот ҳоло ҳам баъзе мушкилот, аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои карзӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини терминалҳои электронӣ ва истифодаи онҳо дар марказҳои савдою хизматрасонӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои ҳарчи зудтар амалӣ намудани таъмини татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ" чораҳои таъхирнопазир андешида, барои қабули ҳақи ҳама намуди хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории судмандро ба роҳ монанд. Дар охир ба намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар мулоқот зикргардида дастурҳои мушаххас дода шуд.
Фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ ва рушди бозори суғурта
Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо дода шуда буд, 24 майи соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо иштироки роҳбарон ва сармуҳосибони ташкилотҳои суғуртавии кишвар ҷаласаи корӣ доир гардид. Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки cуғурта ҳамчун фишанги ҳимоя ва дастгири манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк унсури асосии иҷтимою иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ муҳим арзёбӣ мегардад.
Зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 10 майи соли 2019, бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки доир ба рушди низоми суғурта чораҳои зарурӣ андешад ва бешак, татбиқкунандагони вазифаҳои гузошташуда, албатта ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ ба ҳисоб мераванд. Дар рафти ҷаласаи корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода вобаста ба кору фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ ибрози назар намуда, таъкид бар он дошт, ки фаъолияти бархе аз ташкилотҳои марбута ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, ҳисоботҳои расмӣ саривақт ва босифату эътимоднок дастрас намегарданд. Тавре аз рӯи маълумотҳои оморӣ бармеояд, воридоти ҳаққи суғуртавии ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ дар соли 2018 наздик ба 235 млн. сомониро ташкил дода, пардохтҳои суғуртавӣ дар ин давра 11 млн. сомониро ташкил дод, ки ҳамагӣ 5%-и ҳаҷми умумии воридоти ҳаққи суғуртавиро дар бар мегиранд.
Имрӯз ширкатҳои суғуртавии ватанӣ ба муштариёни худ аз рӯи 50 намудҳои суғурта хизмат мерасонанд, ки барои рушди соҳа кифоят намекунад. Таъкид гардид, ки мушкилоти асосии бозор аз як тараф нокифоягии имкониятҳои молиявии мизоҷони потенсиалӣ бошад, аз тарафи дигар мавҷуд набудани ҷаззобияти аҳолӣ ҷиҳати бастани шартномаҳои суғуртавӣ мебошад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода зимни муҳокимаронӣ махсус ба масъалаҳои гуногуни рушди бахши суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, аз ҷумла риоя накардани талаботҳои қонунгузорӣ, паст будани сатҳи пардохпазирӣ, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ, пешниҳод накардани намудҳои нави суғурта ва механизмҳои татбиқи он, вуҷуд надоштани технологияи нав ва барномаҳои муосир, саҳми ночизи бахши суғурта дар пешбурди иқтисодиёт изҳори назар карда, барои минбаъд рушди бахши суғурта аз ташкилотҳои суғуртавӣ даъват ба амал овард.
Дар идома, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ба сухан баромада, изҳор дошт, ки яке аз самтҳои муҳими дигар дар бахши суғурта ҳимояи ҳуқуқи ташкилотҳои суғуртавӣ мебошад ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон, ки навтаъсис аст, маҳз барои тақвият бахшидани ин раванд вазифадор аст. Ҳ.Машрабзода инчунин вобаста ба бурдани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ барои рушди бозори суғурта ба ташкилотҳои суғуртавӣ тавсия дода, оид ба тақвият додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар соҳа дастур дод. Дар рафти ҷаласаи корӣ аз фаъолияти низоми суғурта дар семоҳаи аввали соли 2019 сардори Идораи назорати суғуртавӣ Ҳусейнова Дилбар рӯнамоиро манзури ҳозирин гардонида, оид ба вазъи воқеии соҳа таҳлили мушаххас манзур намуд. Дар интиҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода вобаста ба бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо, ки барои рушди бахши суғурта ва бартараф кардани камбудиҳо равона шудааст, ба роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла, аз масъулини соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта кӯшиш ба харҷ дода, фаъолияти худро мувофиқи талаботҳои иҷозатномадиҳӣ ва дар асоси рақобати солим ба роҳ монда, хизматрасонии босифатро таъмин намоянд ва ба ин васила ба боварии мардум сазовор гарданд. Бояд зикр кард, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 18 ташкилоти суғуртавӣ фаъолият доранд.
Шуъбаи матбуоти БМТ