«Кадом супермаркет, ошхона ё тарабхонаи пойтахт худ ферма дораду ҳамарӯза чорво забҳ мекунад? Ҳамаи ин нуқтаҳо аз бозорҳои коммуналӣ омада гӯшт-асосан биқин ва гӯшти хубу беҳтаринро бо нархи арзон харидорӣ карда, пасон бо нархи дучанд ба фурӯш мегузоранд. Ҳоло мавсими истироҳат дар Варзобу Ромит низ оғоз шудаасту 1 қисми асосии гӯшт аз қассобхона рост ба он тарафҳо меравад...».
Гӯшт фаровон аст, агар…
Болоравии нархи гӯшт, хосса, гӯшти гов дар 2 ҳафтаи охир то 47-50 сомонӣ дар бозорҳои кишвар боиси нигаронии сокинон гашта, мардум аз он тарс доранд, ки пешопеши иди Қурбон имкон дорад ин нарх то ба 60-70 сомонӣ расад. Омилҳои асосии болоравии нархи гӯшт дар бозор кадомҳоянд ва қассобон дар арафаи иди Қурбон бо кадом нархҳо истеъмолкунандагонро ба ҳайрат хоҳанд гузошт? Ин буд мавзӯе, ки мо дар оғози ҳафтаи гузашта пайгирӣ намуда, дар мавридаш маҳз аз қассобон пурсидем.
Сабаби №1: Кунҷора… №2: Сӯзишворӣ!!!
Амирбек Назаров-фурӯшандаи дӯконҳои гӯштфурӯшӣ дар бозори «Саховат»-и пойтахт дар сӯҳбат бо мухбири СССР яке аз омилҳои болоравии бесобиқаи нархи гӯштро дар гароншавии нархи кунҷора-хӯроки асосии чорво ва маводи сӯхт мебинад.
-Бубинед, нархи кунҷора дар бозори хӯроки чорво имрӯз аз 4-4,20 сомонӣ барои 1 кг кам нест. 3-4 сол пеш нархи кунҷора 2,70-2,80 сомониро ташкил медоду нархи бензину солярка низ ба маротиб арзонтар буд. Ҳоло барои бурдан ва ё овардани 1 гов аз Хуҷанд ба Душанбе то 200-250 сомонӣ пардохт кардан лозим меояд, солҳои гузашта ин нарх то 100-120 сомониро ташкил медод ва он қадар ба киссаи қассоб зарба намезад. Дар Тоҷикистон кунҷора кам истеҳсол мешавад. Аз куҷо ҳам зиёд шавад, вақте пахтаро кам мекорем? Кунҷора дар Ӯзбекистону Туркманистон хеле зиёд ва арзон аст, вале содир карданаш мушкил. Хуб, ки имсол баҳор сербориш омаду дар кӯҳу пуштаҳо алаф афзуд, вагарна вазъи хӯроки чорво ҳам бад мешуд, -мегӯяд А.Назаров.
№3: Каллаву пӯсту дилу ҷигар ҳам арзон шуд
Чуноне ки Сайфулло Назиров-қассоби бозори «Деҳқон» мегӯяд, яке аз омилҳои дигари қиматшавии нархи гӯшт ин арзон шудани каллаву пӯсту дилу ҷигари чорвост.
-Қаблан қассоб чорворо забҳ ва вақти фурӯш маблағи гӯшти тозаи онро ҳисоб карда, ба савдо мегузошт. Ӯ медонист, ки каллаи гов, пӯсти он, дилу ҷигару гурда ва шушу пояшро метавонад алоҳида ва бо нархи хуб ба фурӯш гузорад. Имрӯз бошад нархи 1 пӯсти гов, ки соли гузашта то 150 сомонӣ арзиш дошт, то ба 50-60 сомонӣ афтода, нархи каллаву дилу ҷигару шуш ва пою забон низ ба маротиб арзон шуда, аз 5 то 20 сомонӣ нарх дорад. Манъи содироти пӯст ва коркарди хеле ками он боиси арзон ва гоҳо хароб шудани пӯсти гов шуда истодааст. Қассоб маҷбур аст акнун пули инҳоро низ ба нархи гӯшт зам кунад. Ғайр аз ин харидор бояд донад, ки чорво пас аз забҳ шудан дар муддати 3-4 соат метавонад то 4-5 кг вазни худро аз ҳисоби бухор шудани обҳои бадану равған кам кунад. Маблағи ин килоҳо низ ба арзиши гӯшт зам карда мешавад. Ҷуз ин маблағҳои дигар, амсоли шаҳодатномаи соҳибкорӣ, хизмати коммуналии бозорҳо ва даҳҳо харҷи дигар низ ба арзиши гӯшт ҳамроҳ карда мешаванд,-таъкид медорад фурӯшанда.
№4: Тарабхонаҳо…
Шодӣ Наботов-гӯштфурӯши бозори «Меҳргон»-и пойтахт омили камшавии гӯштро дар бозорҳои пойтахт дар зиёдшавии тарабхонаву ошхонаҳо медонад. Ӯ мегӯяд, маҳз ҳамин муассисаҳои хӯроки умумӣ ва супермаркетҳо сабабгори асосии гароншавии нархи гӯшт дар бозор шудаанд.
-Кадом супермаркет, ошхона ё тарабхонаи пойтахт худ ферма дораду ҳамарӯза чорво забҳ мекунад? Ягонто! Ҳамаи ин нуқтаҳо аз бозорҳои коммуналӣ омада гӯшт-асосан биқин ва гӯшти хубу беҳтарини говро бо нархи арзон харида, пасон бо нархи дучанд ба фурӯш мегузоранд. Ҳоло мавсими истироҳат дар Варзобу Ромит низ оғоз шудаасту 1 қисми асосии гӯшт аз қассобхона рост ба он тарафҳо меравад. Пештар ошхонаву тарабхонаҳо дар баробари гӯшти тоза гӯшти яхиро низ истифода мебурданд, ҳоло пурра ба гӯшти наву тоза гузаштаанд. Ин аст, ки гӯшт дар бозорҳо кам шудааст. Айни замон нисбати нарх ва хариди гӯшт ҳаёҳӯй нест, мардум ҳам кам мехаридагӣ шудаанд, шояд пул надоранд, ё дар Рамазон хуб хӯрданду сер шудаанд, - меафзояд Наботов.
Гӯшт гарон намешавад!
Сайвалӣ Сабзаев-директори КВД «Бозори «Саховат» дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки таъминоти гӯшт дар бозори зертобеаш ба таври лозимӣ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза ба бозор то 2200-2400 кг гӯшти тозаву нав ворид мешавад. Ин нишондод аз омори мавсими пеш аз моҳи Рамазон тағийр наёфта, 21 дӯкони гӯштфурӯшии ин бозор аз субҳ то шом фаъоланд:
-Мо талош дорем, нархи имрӯзаро бетағйир нигоҳ дорем ва бояд мардумро мутмаин созем, ки нархи он ҳеҷ гоҳ то 60-70 сомонӣ нахоҳад баромад. Аз рӯи таҷрибаҳои бисёрсолаи чорводорон то 3 ҳафтаи дигар алаф дар талу теппаву адирҳо хушк шуда, чорворо хароб гардонида, танҳо пас аз ин соҳибони чорво ба забҳашон сар мекунанд. Баъдан бояд гуфт, дар арафаи иди Қурбон мардум аз гӯшти гов ба гӯшти гӯсфанд мегузаранд ва талабот ба гӯшти гов камтар мешавад. Ин тамоюл ба таври автоматӣ нархи гӯштро танзим мекунад! Ғайр аз ин воридоти гӯшт низ аз вил.Суғд ба бозорҳои пойтахт пас аз моҳи шарифи Рамазон афзуда, имкон дода истодааст, ки нарх нигоҳ дошта шавад, - таъкид дошт С.Сабзаев.
Эрка шудаем!
Гӯштфурӯшон ва қассобоне, ки тайи 2 рӯзи охир бо эшон ҳамсӯҳбат шудем, аз 1 омили дигар низ ёдовар шуданд, ки ин ҳам эрка шудани мардум аст. Ба гуфтаи Амирбек Назаров, мардум, хосса, мардуми деҳот имрӯз эрка шудаасту дигар дар хона гову молу мурғ парвариш намекунад. «Аз пойтахт баровардани чорвои хонагӣ боиси ҳайф шудану пӯсидани ҳазорҳо тонна пучоқ дар партовгоҳҳо ва бозорҳои пойтахт шуда, мардуми дурдасттарин шаҳру ноҳия низ ҳамакнун хариди гӯшту тухму сабзавотро низ аз пойтахт супориш медиҳанд. Эрка шудаем, дигар хонаҳоямон ифлос мешавад гуфта, молу ҳол намекунем, гӯштро аз Душанбе супориш медиҳем, то ронандаи мусофиркаш бароямон биёрад, ин ҳам яке аз омилҳост!»- таъкид медорад ӯ.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
PS: Барои арзоншавии гӯшт бояд чанд омилро матраҳ кард:
1.Бояд иҷозат дод, ки дар канори шаҳр, дуртар аз марказ, сокинони пойтахт чорводорӣ кунанд. Ин имкон медиҳад, ки гӯшт фаровон ва шаҳр аз пасмондаи меваҷоту тарбузу харбуза пок гардад;
2.Хитоиҳо, ки усулан бо коркарди пахта сару кор доранд, бояд муваззаф гарданд, ки кунҷораро арзон ва дар Тоҷикистон фурӯшанд;
3.Тарабхонаҳо фермаҳои худро дар музофот кушоянд;
4.Фурӯши пӯстро ба хориҷа иҷозат диҳанд, то рақобати солим барқарор гардаду қассоб аз пули пӯст нархи гӯштро танзим кунад;
5.Ба қассобон, мисле ки ба чорводорони соҳибмансаб, имтиёзи андоз дода шавад…