ХАБАРИ ДОҒ

ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАСИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

  • Панҷшанбе, Июл 18 2019

Дар айёми тантанаҳои истиқболи Рӯзи ваҳдати миллӣ Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз иншоотҳои стратегии аэронавигатсионии кишварамон Манораи муназзимӣ ва инфраструктураи марбути он дар фурудгоҳи Душанберо, ки зертобеи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аст, ҳусни ифтитоҳ бахшида, баҳои баланд доданд. Имрӯз ин корхона боз ба 1 комёбии дигар-ташкил ва баҳрабардории истифодабарандагони фазои ҳавоӣ супоридани долони нави транзитӣ ноил гардид.    Дар иртибот ба ин дастовард мухбири СССР мусоҳибае орост бо Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Ашуров Лоиқ Бегиҷонович ва фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

 

 -Мӯҳтарам Лоиқ Бегиҷонович, чуноне медонем, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” яке аз беҳтарин корхонаҳои авиатсионии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, пайваста нишондодҳои назаррасро ноил мегардад. Дар ин нимсола ба кадом комёбиҳо ноил гардидед? 

-Корхона дар ин 6-моҳаи аввали соли ҷорӣ тамоми корҳои нақшавии худро бо муваффақият иҷро кард. Хоса, дар ин фосила ба 21.522 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат намуда, ӯҳдадориҳои худро дар самти пардохти андозҳои давлатӣ бинобар зиёд намудани даромади умумии муассиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 9,4% ба андозаи 5,9% бештар ва ҳисҷудокунӣ аз ҳисоби музди меҳнат ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолиро 24% афзуд.

-Маълум аст, ки танҳо дар сурати навсозиву модернизатсия метавон ба пешрафт ноил гардид. Кадом омилҳо боиси иҷрои ӯҳдадориҳоятон шуд?

-Чуноне иттилоъ доред, корхона тавонист Рӯзи Ваҳдати миллиро бо дастоварди ниҳоят хуб пешвоз гирад. Баробари анҷоми сохтмони Манораи муназзимӣ дар фурудгоҳи Душанбе, ки аз ҳисоби гранти Ҷумҳурии Фаронса бо иштироки ширкати бонуфузи сохтмонии ин давлат “Mark Meunier” эъмор гардид, аз ҳисоби даромадҳои корхонаамон бо таҷҳизоти марбути аэронавигатсионии муосири ширкатҳои «Систем-Интерфейс»-и Британияи Кабир ва «RID»-и Олмон муҷаҳҳаз гардонида шуда, аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни ифтитоҳ ёфт. Ғайр аз ин дар ин фосила бо дастгириву ҳидояти Пешвои миллат ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии “Евразия” бо иштироки роҳбарони корхонаҳои аэронавигатсионии Давлатҳои муштаракулманофеъ ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсионии ҷаҳонӣ аз ИМА, Олмон, Фаронса, Испания, Чехия, Австрия, Финландия, Россия ва чанди дигар, ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалии авиатсионии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ-ИКАО, Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ-ИАТА ва Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ-МАК бомуваффақият гузаронида шуда, аз тарафи иштирокдорон баҳои баланд гирифт.

Ҳамчунин, бо мақсади вусъат бахшидан ба сифатнокии фаъолият ва ҳамчунин ҷалби баҳрабардорони нав дар ин фосила 72 адад NOTAM нашр шуда, 565 адад иҷозатномаи истифодаи фазои ҳавоии ҷумҳурӣ, ки аз онҳо 59 адад барои парвозҳои доимии транзитӣ, 264 адад барои парвозҳои ғайридоимии транзитӣ, 122 адад барои парвозҳои доимии нишаст ва 120 адад барои парвозҳои ғайридоимии нишаст дода шуд. Ҳайати роҳбарикунандаи корхона дар ин нимсола ҳам диққати махсус ба тайёрии касбии ҳамаҷонибаи кормандони муассиса, ба хусус донистану ҳифозати ҳуҷҷатҳои ИКАО, баҳрабардориву истифодаи забони англисӣ, ворид намудани қоидаҳои иҷрои парвозҳо ва таҷҳизоти муосир ба маҷрои истеҳсолии корхона дода, танҳо барои курсҳои такмили ихтисос, бе ба инобат гирифтани таҷрибаандӯзиву бозомӯзии такрорӣ, дар дохилу хориҷи кишвар 25 мутахассисро ҷалб намуда, дар ин самт беш аз 553.000 сомонӣ сарф намуд, ки хеле назаррас аст. Илова бар ин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони сохторҳои гуногуни корхона ва бархӯрдориву дастгирии сиёсати давлату ҳукумат курсҳои иловагии забони англисии умумӣ ва хонишҳои идоравии кормандон ба роҳ монда шуд, ки самараҳои хуб дода истодааст.

-Лоиқ Бегиҷонович, дар самти тавсеаи имконоти истеҳсолии корхона, ба ҷуз ворид намудани таҷҳизотҳои муосиру пешрафта, боз чӣ кору пайкоре анҷом додаеду чӣ нақшаҳое доред?

-Чуноне медонед, Пешвои муаззамамон дар “Паём”-ашон яке аз барномаҳои меҳварии кишварро дар таъмину ташкил кардани шароити гузариш ба “Кишвари транзитӣ” муқаррар карданд. КВД “Тоҷикаэронавигатсия” танҳо дар соли 2018 тавонист бо истифода аз захираҳои зеҳнии худ 11 долону хатсайрҳои транзитии ҳавоиро ташкил, тасдиқ ва ба истифода супорад. Пайваст намудани роҳҳои ҳавоӣ аз Ҷануб ба самти Шимол тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани долони ҳавоӣ бо номи PINAX (Панҷ), ки қитъаи воқеъ дар фазои ҳавоии Афғонистон асту аз соли 2001 бинобар вуруди Қувваҳои эътилофии байналмилалӣ то соли 2017 барои парвозҳо баста буд, тавассути гуфтушунидҳои бевоситаи доманадори пайваста бо мақомоти авиатсияи граждании Афғонистон, ҳам дар ҳудуди Тоҷикистону ҳам ҳудуди Афғонистон, ниҳоят имкон фароҳам овард, ки он моҳи феврали соли 2017 аз нав ифтитоҳ ёбад. Боиси таъкид аст, танҳо дар соли 2018 аз ин долон беш 3000 киштиҳои ҳавопаймоӣ баҳра бардоштанд, ки нишондоди ниҳоят баланд аст.

Бо дастрасӣ аз ин комёбӣ ва баррасии амиқи масъала зарурати кушодани роҳҳои ҳавоӣ аз Ҷанубу Ғарб ба самти Шимолу Шарқ таввасути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани долонҳои ҳавоии байни Афғонистону Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар нимсолаи кунунӣ тавонистем бо мақсади татбиқи барномаҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти “Сиёсати дарҳои кушода” ва ба “кишвари транзитӣ” табдил додани Тоҷикистон қитъаҳои нави хати байналмилалии ҳавоӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон DILRO-ULMO ва FAYZOBOD-OKTAB-IRTAJ бо долони нави IRTAJ байни Тоҷикистону Афғонистон таҳия, ташкил, тасдиқ ва дар NOTAM нашр намоем, ки ниҳоят муҳиму қобили зикри махсус аст. Масири нав аз нуқтаи FAYZOBOD ибтидо ёфта, тавассути нуқтаи IRTAJ-и сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои ҳавоии Афғонистон тавассути нуқтаҳои роҳҳои ҳавоии KHOLM, BURTA ва BUDBO ва шабакаи хатҳои ҳавоии мавҷудаи Эрон пайваст мешавад. Он дар қиёс бо масирҳои амалкунандаи берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 176 км кӯтоҳтар буда, вақти парвозро танҳо дар 1 самт 15-20 дақиқа ва сарфаи сӯзишвориро тақрибан 800-1000 кг кам менамояд.

Масалан, ҳангоми парвоз бо тайёра аз фурудгоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар ба тарафи Дубай, Шарҷа вақти парвоз то 20 дақиқа коҳиш ёфта, масофа дар ин сурат 237 км ва сарфи сӯзишворӣ барои тайёраҳои миёнаҳаҷм то 800 кг кам мешавад. Ҳангоми парвоз аз фурудгоҳҳои Алмаато ба Дубай бошад вақти парвоз то 35 дақиқа, масофа 422 км ва сарфи сузишворӣ барои чунин тайёраҳо то 2000 кг кам мешавад, ки хеле назаррас буда, метавонад боиси боздиди нархномаву имтиёзҳо барои мусофирон ва захираи вақти онҳо бошад. Бо назардошти ба истифода супоридани долони нави IRTAJ - минтақаи нави хати ҳавоии байналмилалии “B904” фармоиши муштараки Вазорати мудофиаи ҶТ ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2019 таҳти №455/143 содир шуда, 26.06.2019 аз ҷониби Тоҷикистон ва 6.07.2019 аз ҷониби Афғонистон оид ба истифода додани ин хатҳои ҳавоии НОТАМ нашр шуд ва дар “Номгӯи хатҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интишор ёфт.

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.  

-Ташаккур. 

М. Аминзода, СССР

Аббоси Аълохон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter