ХАБАРИ ДОҒ

Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон баҳри пешгирии таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти Тоҷикистон

  • Чоршанбе, Май 20 2020

Паҳншавии пандемияи сирояти нави коронавирус (COVID-19) таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна бетаъсир намонд.

Бонки миллии Тоҷикистон  баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ ва бо мақсади пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемия Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия намуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситод ташкил додааст.

Бо мақсади тақвият додани корҳо дар бозори пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, истифодаи фишангҳои самараноки пулию қарзӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зеринро андешида истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар намуд.

Захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои асосии татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро, ки барои назорати унсурҳои пулӣ (дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот) истифода мешавад, ифода мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи cирояти нави коронавирус (COVID-19) вобаста, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд. Иқдоми мазкур метавонад имкониятҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.

Руйдодҳои вақтҳои охир, яъне паҳншавии бемории коронавирус (СOVID–19) дар ҷаҳон ва таъғирёбии нархи нафт ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонида истодааст. Ҷорӣ намудани ҳолатҳои карантинӣ дар мамлакатҳои шарикони стратегӣ, баста шудани сарҳадҳо ва давомёбии чунин ҳолатҳо метавонад хафвҳои эҳтимолиро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии кишвар баланд бардошта, фаъолияти самараноки низоми бонкии кишварро халалдор намояд.

Вобаста ба ин, бо назардошти муҳиммияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ ва ғ. Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мактуби хеш №05.1-630/1591 аз 15.04.2020с. вазифадор намудааст, ки нақшаи чорабинии дахлдор омода намуда, ҷараёни иҷроиши онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.  

Дар баробари ин, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти воридотивазкунанда бо назардошти пешгирии хавфҳои бонкӣ, тавсияҳои дахлдор дода шуд.

Ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо назардошти таъмин намудани ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли 2020 фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зараровари худро мувақаттан мавқуф гузоранд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии  низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзии молиявиро аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми автоматишудаи байнибонкӣ (RTGS) ва низоми автоматишудаи байнибонкӣ (АБС) то 01 сентябри соли 2020 озод карда, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия додааст, ки ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкиро ба мизоҷони худ таҷдиди назар намоянд.     

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзӣ, айни ҳол ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доранд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.

Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси сироятии COVID-19 чораҳои дахлдор андешида, лавозимоти санитарӣ-гигиениро дар ташкилотҳои хеш таъмин намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз аз пайдо шудани пандемияи   COVID-19 дар Осиёи Марказӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута пешниҳодҳоро оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва низоми бонкӣ ирсол намуд.

Алҳол Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, назири Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди АвруОсиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷи наздику дур ҳамкории судманд роҳандозӣ намудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.

 

Меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуд

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ, бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи коронавируси COVID-19, инчунин дар семоҳаи минбаъда бо назардошти эҳтимоли кам шудани хавфҳои таварруми дохилӣ аз ҳисоби нисбатан зиёд шудани таклифот бинобар ҷамъоварии ҳосили нави соҳаи кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, маҳдуд намудани содироти баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ аз ҷониби Кумита пешниҳод гардид, ки меъёри бозтамвил, ҳамчун инъикоскунандаи мавқеи сиёсати пулию қарзӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шавад.

Сатҳи таваррум ва омилҳои таъсиррасон. Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таварруми солона дар моҳи марти соли ҷорӣ ба 9,3 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои дорои хусусияти мавсимӣ, таклифотӣ ва фишорҳои берунӣ ба вуқӯъ пайваст.

Интизориҳо ва хавфҳо. Мавриди зикр аст, ки аз интиҳои моҳи декабри соли 2019 то инҷониб бинобар пайдо шудани вируси сироятии “коронавирус” дар Ҷумҳурии Мардумии Чин садҳо ҳазор нафар одамон гирифтори он гардида, даҳҳо ҳазор ба ҳалокат расиданд. Ин вирус аллакай аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Мутобиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ то санаи 27 апрели соли 2020, дар ҷаҳон зиёда аз 2 млн. 971 ҳаз. нафар гирифтори ин беморӣ гардиданд, ки аз давлатҳои шарикони асосии савдои кишвар бошад, ба Туркия 110,1 ҳазор нафар, Федератсияи Русия 80,9 ҳазор нафар, Қазоқистон 2,7 ҳаз. нафар, Ӯзбекистон 1,9 ҳаз. нафар, Афғонистон 1,5 ҳаз. нафар, ва Қирғизистон 682 нафар рост меояд.

Дар Федератсияи Русия ҳамчун яке аз кишварҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай аз таъсири вируси мазкур номуайяниву ноустувории иқтисодӣ, коҳишёбии қурби рубли русӣ ва мушкилоти тиҷорати байналмилалӣ ба амал омадааст. Тибқи дурнамои Хазинаи Байналмилалии Асъор (апрели соли 2020) дар соли 2020 иқтисодиёти Федератсияи Русия 5,5 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.

Бояд зикр намуд, ки ба санаи 26 апрели соли 2020 нархи нафти навъи брент (Brent) дар биржаҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна барои 1 баррел ба 25,1 доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба 31 декабри соли 2019 62,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт яке аз нишондиҳандаи муҳим барои иқтисодиёти Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, коҳишёбии он ба қурби пули миллии ин кишвар (рубли русӣ) таъсири зиёд дорад. Ба ҳолати 27 апрели соли 2020 қурби рубли Русия нисбат ба доллари ИМА дар муқоиса ба аввали сол 20,7 фоиз коҳиш ёфт.

Вобаста ба ҳолати пандемияи коронавирус (COVID-19), кам шудани талабот, суст шудани фаъолнокии иқтисодиёт ва дигар омилҳо аксари бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёт сиёсати ҳавасмандгардонии монетариро амалӣ намуда истодаанд, аз ҷумла, дар минтақаи Аврупо, Русия, Туркия, ИМА, Канада, Покистон, Молдова, Хитой, Арманистон, Украина, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо.

Паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонниз бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ метавонад бо роҳи болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, инчунин тавассути коҳишёбии қурби пули миллӣ ва эҳтимолияти зиёд гардидани хавфҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи кутоҳмуддат таъсири худро расонад.

Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ. Бо дарназардошти омилҳои эҳтимолии болозикр ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ аз ҷониби Кумита қарор қабул карда шуд, ки меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона аз 1 майи соли 2020 муқаррар карда шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод. 

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter