ХАБАРИ ДОҒ

АВТОБУСҲОИ БАЙНИШАҲРӣ (Чаро он то ҳанӯз дар кишвари мо рушд накардааст?)

  • Панҷшанбе, Май 28 2020

 

 

Чаро ин масъала то ба ҳол ҳалли худро намеёбад ва чаро мо бо гузашти 28 сол ва дар асри 21-асри пешрафти илму техника боз ҳам вобаста ва пойбанди 8-10 ронандаи «Опел» шудаем? Ба ин савол бояд раҳбарияти БДА ва Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти кишвар, ки барои ба роҳ мондани тартиб дар ин бахш муваззафанд, ҷавоб гӯянд! 

 

Асоси нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳар шаҳри дунё ин автобусу троллейбус буда, микроавтобусҳо танҳо вазифаи ёрирасонро иҷро мекунанд. Автобусҳо инчунин асоси хатсайрҳои байнишаҳрӣ буда, бояд пойтахтро бо ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаҳои дигари мамлакат пайваст намоянд. Дар замони шӯравӣ байни Душанбеву Турсунзодаву Кӯлобу Фархору Ховалингу Рашт ва даҳҳои марказҳои дигари аҳолинишин маҳз автобусҳо равуо намуда, сокинони 1 минтақаро ба пойтахт ва пасон ба минтақаи дигар мебурданд. Аммо бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ автобусҳои байнишаҳрӣ, машҳур ба «межгород» аз байн рафтанду имрӯз сокинони кишвар барои аз 1 шаҳр ба шаҳр ё ноҳияи дигар рафтан вобастаи ҳамон таксиҳои шахсӣ шудаанд, ки аксарият кӯҳнаву фарсудаанду нархномаи масирашон ягона нест. Чаро дар Тоҷикистон фаъолияти автобусҳои байнишаҳрӣ рушд надорад? Ронандаҳои бешумори таксиҳои шахсии дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ рафтуомад мекардаро кӣ назорат мекунад? Чаро нархномаи ягона барои таксиҳо нест ва амнияти мусофирон ҳангоми истифода аз таксиҳои шахсӣ дар дасти кист? Ин буд мавзӯе, ки тӯли ҳафтаи гузашта пайгирӣ намудем.

Таксиҳо-бомбаҳои пинҳонӣ?

Мутахассисони Вазорати нақлиёти кишвар, алалхусус раёсатҳое, ки бо нақлиёти автомобили рӯизаминӣ ва ҳамлу нақли нақлиёти ҷамъиятӣ сарукор доранд, мегӯянд, таксиҳое, ки айни замон дар масирҳои байнишаҳрӣ равуо доранд, амсоли бомбҳои пинҳонӣ буда, дар хурдтарин ҳодисаи роҳу нақлиётӣ метарканд-яъне, аз роҳ мепаранду мешикананду пора-пора мешаванд. Аксарияти воситаҳои нақлиёти хусусие, ки дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ равуо доранд, мошинҳои кӯҳна буда, мӯҳлати истифодабарии онҳо ҳанӯз пеш аз овардан ба Тоҷикистон гузаштааст. Металл низ мӯҳати истифодабарӣ дорад ва саривақт бояд аз истифода берун карда шавад, вале ронандагони мо аз ин чиз хабар надоранд ва ё хабар доранду худро ба нодонӣ мезананду ҳамарӯза ҳаёти мусофирро ба хатар мегузоранд.

 Дигар ин, ки пеш аз ба кор баромадан на ронандагон ва на воситаҳои нақлиёти онҳо аз муоинаи тиббӣ ва техникӣ намегузаранд, ки проблемаи бисёр ҷиддӣ ва мушкилзост. Бештари инҳо ҳамон тоифа ронандагоне ҳастанд, ки аз хоб хеста, сари чамбараки мошин мешинанду аз сари роҳ мусофир гирифта, бо нархе, ки худ мегузоранд, ба ҳаракат медароянд. Патенту иҷозатномаву суғурта ва андози роҳи онҳо ҳамон 10-20 сомониест, ки ба нозири БДА ва ё Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт медиҳанду пасон дар ин ё он самт рафтуомад кардан мегиранд. Онҳо аз ҳаво пул кор мекунанду садҳо ҳазор сомонӣ даромадҳои давлатӣ ҳамин хел дар фазо нопадид мегарданд.

Терминалҳои сунъиро чаппа карданд, вале…

Зарнисор, Автосентр, ДОК-маҳаллаҳое ҳастанд, ки тайи даҳсолаи ахир ба терминалҳои байнишаҳрӣ мубаддал гаштаанд. Ёё дорам чанд сол пеш бо дастури шаҳрдори қаблии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бозорчаи Зарнисор, ки паҳлӯяш теъдоди бешумори воситаҳои нақлиёти хусусӣ ҷамъ шуда ба мусофиркашӣ машғул буд, чаппа карда шуд. Дар баробари ин таваққуфгоҳи байнишаҳрии дигареро дар Маркази автомобилӣ-Автосентр низ пароканда карда, истгоҳро дуртар аз шаҳр ҷойгир намуданд. Лек ин чораҳои ҷиддӣ  ҳам масъаларо ҳал накард-ин маконҳо новобаста аз тадбирҳои сохторҳои дахлдор то ба имрӯз ҳамчун терминалҳои байнишаҳрӣ, аммо ғайриқонунӣ фаъолият карда, тамоми мошинҳои байнишаҳрии хусусӣ ва боз ҳам ғайриқонунӣ аз ин нуқтаҳо мусофир мебаранду меоранд.

Чаро ин масъала то ба ҳол ҳалли худро намеёбад ва чаро мо бо гузашти 28 сол ва дар асри 21-асри пешрафти илму техника боз ҳам вобаста ва пойбанди 8-10 ронандаи «Опел» шудаем? Ба ин савол бояд раҳбарияти БДА ва Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти кишвар муваззафанд ҷавоб гӯянд! 

Автобус одам надорад…

Хонандаи азиз! Шояд аз навиштаи боло фаҳмидӣ, ки маҳз фаъолияти ғайриқонунии таксиҳои хусусӣ боиси аз фаъолият мондани автобуси байнишаҳрӣ гаштааст, ки чанд соли ахир барои нигоҳ доштани хатсайрҳо то метавонанд кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ширкати «Аsian Express», ки 6 сол пеш бо таҷдид ва азнавсозии автовокзали пойтахт хатсайрҳои байнишаҳриро низ ифтитоҳ карда, солҳои аввал хеле хуб ҳам фаъолият мекард, имрӯз самти хатсайрҳои худро каме тағийр дода, ба ҷойи ҳаракат дар масирҳои байнишаҳрии кишвар, рӯ ба шаҳру навоҳии Россия кардаасту ин самти фаъолиятро мусоид арзёбӣ мекунад. Масъулони ширкати мазкур дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири мо гуфтанд, ки соли ахир камбуди мусофир дар бархе хатсайрҳо онҳоро маҷбур сохтааст, ки аз хатсайр даст кашида, роҳҳои нави фаъолиятро ҷӯянд, ки ба ин гуфта, хатсайри Душанбе-Турсунзода-Душанбе метавонад мисоли хуб бошад.

- Ҳоло автобусҳои мо дар 16 хатсайр фаъолият доранду то Ховалингу Балҷувон ва Панҷу Шаҳритус ҳар рӯз рафта меоянд. Хатсайри Душанбе-Кӯлоб-Душанбе айни замон серодамтарин буда, мусофирони сербор аз истифода аз автобусҳои мо бурд мекунанд-борашонро ройгон мебарем. Муттаассифона, баъзе аз хатсайрҳои сермусофири мо ба хотири дастгирӣ наёфтан аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва саҳлангории сохторҳои марбута аз байн рафтанд, ки ин боиси таассуф аст, - мегӯянд масъулони ширкати «Аsian Express».

«Газел»-ҳои кӯҳна дар кӯча…

Дар ҳақиқат тӯли 28 сол аст, ки дар хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Ҳисор, Душанбе-Варзоб, Душанбе-Рӯдакӣ ва Душанбе-Турсунзода микроавтобусҳои тамғаи «Газел» рафта меоянд. Ин микроавтобусҳо, ки кайҳо мӯҳлати истифодабариашон гузаштааст, ба талаботи замон мувофиқат намекунанду бояд аз байн бардошта шаванд. «Газел»-ҳо бояд роҳро ба микроавтобусҳои замонавӣ супоранд ва ё масъулонашон худ автобус харидорӣ карда, бо тадриҷ микроавтобусҳоро дар ин масирҳо иваз намоянд, вале чаро намекунанд? Оё хуб нест, ки ба ҷои ҳамин «Газел»-ҳои хатарнок микроавтобусҳои нави ширкати «Аsian Express», ки беш аз 1 сол шуд вориди кишвар шудаву зери офтоб дар истгоҳ бо умеди барасмиятдарории гумрукӣ хобанд, ба хатсайр бароянд?

 Душанбе-беҳтарин намуна!

Автобуснишин кардани мусофирони байнишаҳрӣ заҳмату талош ва фикри зиёдро талаб намекунад, зеро мо таҷрибаи хуби шаҳри Душанберо дорем, ки ҷавонони азму нияти креатив дошта, тавонистанд дар муддати кӯтоҳ ин лоиҳаро пиёда ва ба анҷом расонанд. Чаро аз ин таҷриба набояд дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ истифода кард? Мегӯед намешавад? Мешавад, танҳо агар ин кор дастаҷамъона бо ширкати тамоми сохторҳои лозима сар Вазорати нақлиту БДА-ву Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёту Кумитаи андозу Маркази санитариву эпидемиологиву Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ҳатто Хадамоти гумрук сурат бигирад! Муваффақияти лоиҳаи ба автобуссаворӣ гузаштани сокинони пойтахт низ дар ҳамин-дастаҷамъии сохторҳои лозима буд, ки амалӣ шуд. Мо Метавонем!

 

Ҷамила 

Ҳусейнова, 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter