БДА ҶТ “Амонатбонк” бо 9 филиал, 40 Маркази хизматрасонӣ, 13 адад банкомат ва 99 адад постерминал ба сокинон ва меҳмонон дар ВМКБ хизмат мерасонанд.
Рохбарият ва мутахассисони Бонк барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасони аз имкониятҳои зарури истифода мебаранд.
Барои бехатарии мизоҷон ва кормандони Бонк, шиору овеза ва нишонҳои махсус ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ насб гардидаанд. Мизоҷони муҳтарам, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми кор бо бонкамат коидаҳои бехатарӣ-гигиена ва фосиларо риоя кунед.
Мизоҷони муҳтарам, ҳангоми руҳ додани ҳолатҳои ногувор: дар банкомат мондани корт, истифодаи нодурусти «Амонат Онлайн», СМС-Паёмак ё кор накардани банкомат дар назди маҳалли худ метавонед ба телефони Маркази тамос 1885, ки 24 соат фаъол аст муроҷиат намоед. Мутахассисони Бонк омодаанд мушкилии Шуморо дар муддати кӯтоҳ бартараф намоянд.
«Амонатбонк» дар хизмати мизоҷон аст.
Нафақагирони мӯҳтарам! РОЙГОН Ба SMS паёмаки «Амонатбонк» пайваст шавед.
Нафақагирони мӯҳтарам! РОЙГОН Ба SMS паёмаки «Амонатбонк» пайваст шавед. Ин ҷо дароед pay.npm.tj.
Ё ба филиали Бонк, ки корти Шумо аз онҷо гирифта шудааст муроҷиат кунед, ва хоҳиш намоед, ки корти Шуморо ба хизматрасонии СМС-паёмак пайваст намоянд.
Ба СМС- паёмак пайваст шуда, ройгон аз «Амонат онлайн» истифода баред.
Падару модарони азиз, ба хизматрасонии СМС-паёмак пайваст шуда, аз ҳар як амалиёти корти худ бохабар бошед. Кӯшиш кунед, ки корти худро барои санҷиш ё гирифтани пул ба дасти нафари бегона надиҳед.
Бовар кун аммо санҷ! Ба фарзанд ва ё набераатон корти Нафақавии худро барои ёрӣ ва гирифтани нафақаатон мефиристед ва то омоданаш нороҳат ҳастед? Ба хизматрасонии СМС- Паёмак пайваст шуда, аз амалиёти охирини корт огоҳ шавед. Осуда бошед, «Амонатбонк» бо Шумост!
«Амонатбонк» бонки мардумии Тоҷикистон.