Ба гуфти бобои Ғулом «арақхӯрон ҳам одаманд!». Онҳо аз норасоӣ ва дар зимн гароншавии нархи арақ дар моҳи апрел-май нигарон буданд. Ин матлаб барои оромииш қалби ишон бахшида шуд. Мо Метавонем!
Чанд нафар аз хонандагони газета тӯли ҳафтаи равон занг зада, аз кам шудани маҳсулоти спиртӣ ва машрубот, хосса арақ дар мағозаву фурӯшгоҳҳои кишвар изҳори нигаронӣ намуданд. Нодирҷон Наимов, хонандаи доимии газета аз ш.Душанбе бар он ақидааст, ки 2 моҳи ахир тамоми ширкату корхонаҳои машруботбарорӣ ба истеҳсол ва фурӯши маҳлулҳои безараргардонӣ-антисептикҳо гузашта, истеҳсоли арақро кам кардаанд. Ҳоло он, ки арақ низ антисептики хуб буда, барои профилактика ва пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ ва зуком доруст. Мо ин мавзӯро, ки дар ҳақиқат муҳим аст, пайгирӣ намуда, ба масъулони ширкати «Сиёма», ки дар ин рӯзҳои карантин ва худинзивоъ наздиктарин корхонаи истеҳсоли машрубот ва нӯшикиҳо дар пойтахт аст, муроҷиат намудем.
Арақ ҳам мавсим дорад!
Тавре дар сӯҳбат бо мухбири мо Толибҷон Маҷидов, муовини раис оид ба корҳои тиҷоратии ширкати «Сиёма» иброз дошт, истеҳсоли машруботи спиртӣ, алалхусус арақ низ мавсими худро дошта, дар аксарияти ширкатҳое, ки бо истеҳсоли машрубот сарукор доранд, одатан моҳҳои апрел-май корҳои техникиву санҷишӣ гузаронида мешавад:
- Мо корҳои профилактикӣ, санҷишиву техникӣ гузаронида, тамоми иқтидори корхонаро барои мавсими нав, ки аз моҳи август оғоз мешавад, омода кардаем. Истеҳсоли машрубот низ хусусиятҳои хос ва мавсими худро дорад, ки ба хотири ба даст овардани маҳсулоти хушсифат онро бояд риоя кард. Бояд гуфт, ки дар ҳавои гарму тафсон сифати маҳсулот ба стандартҳо ҷавобгӯ ва баробар намешавад. Барои ҳамин мо истеҳсолотро аз моҳи август то моҳи апрел ба роҳ мемонем.
Арақ кам нест!
Дар идомаи сӯҳбат эшон афзуд, ки мардум бояд аз кам шудани маҳсулоти спиртии ватанӣ дар мағозаву фурӯшгоҳҳои мамлакат нигарон набошанд, зеро маҳсулоти спиртӣ ба теъдоди кофӣ ҳаст:
- Мо, ки аз 27 августи соли 2019 ба фаъолият шурӯъ кардаем, ният дорем ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти спиртиро дар 1 сол то ба 30-40 тонна расонем. Айни замон 6 намуд арақ истеҳсол менамоем, ки онҳо дар зарфҳои 500 ва 750 мл бароварда шуда истодаанд. Дар анборҳо низ машрубот зиёд буда, он бозорро пурра таъмин хоҳад кард, - таъкид дошт Толибҷон Маҷидов.
Антисептик ба арақ халал намерасонад!
Ба гуфтаи Толибҷон Маҷидов сехи истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ-антисептик аз сехи истеҳсоли арақ ҷудо буда, он технологияи худро дорад.
- Шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ мо ба истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ оғоз кардем, то ба имрӯз алакай 20 тонна антисептикро барори фурӯш омода намуда, 7 намуди ин маҳлул истеҳсол карда мешавад. Мизоҷони мо асосан корхонаву идораҳои давлатӣ буда, антисептикҳо дар ҳаҷмҳои аз 250 мл то 6 литр ба фурӯш бароварда шудаанд. Мизоҷон бояд нигарон набошанд, истеҳсоли антисептик ба арақбарорӣ халал намерасонад,-таъкид дошт номбурда.
Мину Аминзода,
Хос барои арақхӯрони СССР