Ҳафтаи гузашта Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе аз боздошти 1 гуруҳ ҷинояткорони киберии махсусан вазнин, ки рахна намудани истиқлолияти энегетикиро дар худуди пойтахт мавриди хадафи нопоку ҷиноии худ қарор дода буданд, хабар дод.
«Хакер»-ҳо-кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ
Бино ба итиллои маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе, нахуст 1 нафар мутахасиси технологияи иттилоотӣ, ба истилоҳ «Хакер» дастгир карда шуд, ки бо истифода аз таҷҳизотҳои махсуси компютерӣ нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқии шаҳрвандонро кам намуда, бо ин роҳ ба буҷаи давлат зарари калони молӣ расонидааст. Ин нафар шаҳрванд, Азизов Маҳмадӣ Болтаевич, санаи таваллудаш 12.09.1964, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Испечак-1, оиладор соҳиби 4 фарзанд, ҷойи кор-кафшергари силкии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТмебошад.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар давоми соли 2017 бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бо истифода аз таҷҳизот ва барномаҳои махсуси компютерӣ роҳи кам кардани нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои электронии барқиро пайдо намуда, бо ин мақсад барои худ дар манзили истиқоматиаш компютер ва дигар таҷҳизотҳои лозимаро ҷойгир ва барои ба хотираи маҳзанҳои ҳисобкунакҳои электронии барқӣ ворид намудани тағийрот, шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар давоми моҳи декабри соли 2017 барои амалӣ намудани ин нақшаи ҷинояткоронаи тарҳрезинамудааш ҳамкори худ шаҳрванд Собиров Тоҷиддин Достиевич соли таваллудаш 20.02.1978. истиқоматкунандаи ш. Ҳисор ҷамоати Деҳоти Алмосӣ деҳаи Ободдара, оиладор соҳиби 2 фарзанд, ҷойи кор- кафшергари Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ҷалб намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт байни худ амалҳоро тақсим намудаанд.
«Барқдуздон»-ро бишносед!
Тоҷиддин Собиров ҳамчун миёнарав барои ҷалб намудани нозирони Шабакаҳои барқии ноҳияҳои ш.Душанбе бо нозирони шабакаҳои барқ шиносоӣ пайдо намуда, ба онҳо иҷрои чунин амали ғайриқонуниро пешниҳод кардааст. Минбаъд бо миёнаравии ӯ нозирони барқ аз манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ҳисобкунакҳои барқиро худсарона бе тартиб додани санадҳои лозима кушода гирифта, пас аз бо маслиҳати пешакӣ бо муштариён бо пешниҳоди маблағи муайяни пулӣ ҳисоби онро кам мекардаанд.
Дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ зиёда аз 20-нафар нозирони Шабакаҳои барқии ноҳияҳои ш. Душанбе, шаҳрвандон; Беҳрӯз Раҷабалиев, Суҳроб Ҳомидов, Шафеъ Холов, Зоҳирхон Собитов, Нусратулло Халифаев, Фазлиддини Аскаршо, Нозим Эмомов, Замир Зокиров, Маҳмадалии Абдувалӣ, Давлаталӣ Мирзоев, Хуршед Бердиев, Анвар Хочаев, Саидшоҳ Исматов, Амиршо Рузиев, Мирзалӣ Ҳаитов, Акмал Хайруллоев, Зафар Рузиев, Бобокалон Ғаниев ва дигарон муайян ва боздошт шуданд.
Ин нафарон бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулкони дӯкону мағоза ва манзилҳои истиқоматӣ ҳисобкунакҳои барқии онҳоро кушода гирифта, бо миёнаравии шаҳрванд Тоҷиддин Собиров, мутахассиси ин соҳа Маҳмадӣ Азизов барои кам пардохт намудани ҳаққи истифодаи қувваи барқ нишондодҳо, яъне киловати ҳисобкунакҳои барқиро кам мекардааст.
Нозирони барқ бо муштариён маслиҳати пешакӣ намуда, баъд аз кам намудани нишондоди нерӯи барқи истифодашуда, ҳисобкунакҳои барқиро дубора дар ҷойи худ насб намуда, ки бо ин кирдори ғайриқонуниашон ба буҷаи давлат хисороти калони пулӣ расонидаанд.
Айни замон 2-нафар шаҳрвандон Азизов Маҳмадӣ Болтаевич ва ҳаммаслаки ӯ Собиров Тоҷиддин Достиевич дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ҷиҳати муайян намудани зарари ба буҷаи давлат расонидашуда ва нафарони дигари дар содир намудани ин ҷиноят дастдошта, чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-тафтишотӣ ҷараён дорад.
Исмоилҷон Маликов, СССР
PS. Редаксияи газетаи мардумии СССР бори дигар ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ, обу партов ва дигар хизматҳои коммуналиро танҳо тавассути бонки давлатии «Амонатбонк» анҷом дода, шаҳодатномаи ҳар нозиреро, ки дари шуморо мекӯбад, бисанҷед, то фиребгару қаллоби навбатӣ набошад.