ХАБАРИ ДОҒ

“Кристалл- сохтмон»: бо сармояи 3000 сомонӣ чӣ гуна метавон бинои 25 ошёна сохт?

  • Чоршанбе, Окт 07 2020

Ҳафтаи равон 1 гурӯҳ сокинони хонаи №10-и гузаргоҳи 1-уми к.М.Турсунзода ба идораи редаксия муроҷиат намуда, аз амалҳои ғайриқонунии ширкати сохтмонии “Кристалл-сохтмон” шикоят карданд. Мардум мегӯянд, ки ширкати мазкур хонаҳои онҳоро ғайриқонунӣ, бе имзои шартнома вайрон карда, қисмати болопӯши ин бинои истиқоматиро алакай тахриб намудаанд. 

Сарпарасти “Кристалл-сохтмон” кист?

Бояд гуфт, ки роҳбарии ширкати “Кристалл-сохтмон”-ро нафаре бо ному насаби А. Абдулҳамидов бар ӯҳда дошта, дар бораи сарпарасти асосии ширкат касе маълумот надорад.  Сокинони бино то ин дам алакай 2 маротиба ба унвони раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ, ба Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон ариза ва мактуб ирсол кардаанд, вале ҳамаи ин кӯшишҳо барои барқарор намудани адолат бенатиҷа монда, мақомоти қудратӣ дар аксари ҳолат худи мардумро гунаҳкор ҳисобидаанд.

Ба гуфтаи сокинон дар ҳаракатҳои намояндагон ва масъулини ин ширкат на танҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, балки ҷиноятӣ низ дида мешавад. Аммо, аризаҳои сокинон аз 14.09.2020 ҳатто корҳои сохтмонии ғайриқонунии ин ширкатро пешгирӣ карда натавонистанд. Ширкати номбурда то ин руз ба корҳои сохтмонии ғайриқонунии зидди қарори раиси ш.Душанбе даст зада, талаботи ин қарорро мадди назар карда, амалҳои ҷиноятии худро давом дода истодааст. 

Сармоя-ҳамагӣ 3000 сомонӣ...

Ба гуфтаи сокинон, ширкати “Кристалл-сохтмон” ба ваъдаи худ вафо накарда, мардумро бо дурӯғи маҳз аз хонаҳояшон берун карданд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ин ширкати хонасозӣ дар фонди оинномавии худ ҳамагӣ 3000 сомонӣ дораду халос. Маҳз ба ин хотир шубҳаи соҳибмулкон зиёд шудаву аз мақомот талаб доранд, ки чаро чунин ширкатҳо барои сохтмони хонаи истиқоматии 25 ошёна роҳ дода мешавад? 

Ҳамзамон лозим ба қайд аст, ки то ин рӯз, мақомоти дахлдор, хусусан раёсати назорати сохтмони ш.Душанберо мебоист, нисбати ҶДММ “Кристалл-сохтмон”, парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба фоидаи давлат маблағи аз 5800 то 11600 сомонӣ фоида меовард. 

Кӣ қонунвайронкунӣ дорад?

Барои нафароне, ки масъуланду аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон огаҳӣ надоранд, гуфтаниям, ки дар моддаи 409 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ омадааст: 

Моддаи 409. Риоя накардани қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон. - Барои ҷойгир кардан, бунёд ва ба истифода додани объектҳо бидуни ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда, хулосаи мусбати экспертиза, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва бидуни иҷозати мақомоти назорати давлатии сохтмон иҷро намудани корҳои сохтмонию васлкунӣ, инчунин риоя накардани дигар қоидаҳои сохтмони иншоот,-(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1477) ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз 7 то 10, ба шахсони мансабдор аз 30 то 50, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба андозаи аз 50 то 100 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад (100*58=5800) то дусад (200*58=11600) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1477) П.С. 1 нишондиҳанда барои ҳисобот 58 сомонӣ мебошад.

Худаш ҳасту номаш не!

Вобаста ба қазияи мазкур рӯзҳои охир дар тамоми сомонаҳои ичтимоӣ баҳс мераваду ҳамагон талаби дифои ҳуқуқи сокинони ин биноро мекунанд. Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки айни замон бинои №10 к.М.Турсунзода ба харобазор табдил гаштаву дигар имкони дар он зиндагӣ кардан вуҷуд надорад. Акнун пешопеши фасли сармо мардуми бехонамонда додашоро ба кӣ гӯянд? Воқеан ҳам ҳайрон мешавӣ вақте дар интернет ширкати “Кристалл-сохтмон”-ро ҷустуҷӯ мекуниву ҳеҷ асаре пайдо намешавад, боз ҳам дар он замоне, ки ин ширкат бо сармояи 3000 сомонӣ  дар маркази ш.Душанбе 1 бинои 25 ошёна сохтанӣ аст. Мо мавзӯро пайгирӣ мекунем. 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter