ХАБАРИ ДОҒ

Омодагии “IRS” ба мавсими сармо ҷиддӣ аст

  • Чоршанбе, Окт 21 2020

Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкати “IRS”  барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст. 

   Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дар чандин қитъаҳо роҳ пурра фурӯ рафт. Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникӣ замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада филфавр тадбирандешӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки дар дигар роҳҳои мамлакат бар асари монеаи ҷузъӣ  рӯзҳои зиёд  ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад. 

    Ҳамрадиф бо ин, қаноатмандии шаҳрвандон  ба тавсеаи таъмиру таҷдиди роҳ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав, коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо, аз байн бардоштани дидбонгоҳҳои БДА ва ғайра рабт дорад.  Муҳим он аст, ки солҳои охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. 

   Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” низ ба фаслҳои тирамоҳу  зимистон омодагии ҷиддӣ дошта, то ин замон барои фаъолияти муназзам 14820 тонна маводи зиддилағжиш , 69 тонна ангишт, 151000 литр  сӯзишворӣ (солярка ва бензин) ва дар ҳаҷми зарурӣ  равғанҳои молиданиву сарулибоси зимистона  захира шудааст.  Илова ба ин, техникаҳои марбут ба филиали Ширкат бо шинаҳои зимистона таъмин гардида, ҳолати техникиашон ба талабот ҷавобгӯ аст.    

   Таҷрибаи фаъолият  далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони  Филиали Ширкат роҳи мазкур умуман баста набуд. Мавҷудияти 210  мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд далели возеҳи он аст, ки ширкат дар иҷрои рисолат хеле фаъол аст.   Маҳз мавҷудияти ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рӯзҳои сербориши  фасли зимистон ва тармафароии зиёд ҳаракати нақлиёт  аз тариқи роҳи зикршуда таъмин гардад. 

Далели бебаҳс аст, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд.

  Бо хулоса аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол (ба истиснои рӯзҳое, ки хавфи тармафароӣ бениҳоят зиёд аст) таъмин мебошад.

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter