ХАБАРИ ДОҒ

Мулоқот бо ҳайати Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

  • Чоршанбе, Окт 14 2020

Санаи 29-сентябри соли 2020 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба рушд додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур дар бинои Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" вохӯрии дуҷониба байни Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" Икромӣ С.С. ва Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирсоатов А.К., баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла афзоиши гардиши савдои байни ду кишвар тавассути зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкороне, ки ба воридоти молу маҳсулоти ниёзи мардум машғуланд, ҳамчунин масъалаҳои коҳиши эҳтимолии фоизи қарзҳои байнибонкӣ ва ғайра мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади ба роҳ мондани амалиётҳои банкнотӣ миёни бонкҳо Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" ва Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар фазои тантанавӣ Шартнома оид ба шартҳои умумии гузаронидани амалиёти банкнотӣ байни бонкҳоро ба имзо расониданд.

Дар маҷмӯъ, мулоқот дар рӯҳияи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ сурат гирифта, ҷонибҳо барои ҳалли масъалаҳои марбут ба манфиатҳои тарафайн ва дар густариши фаъолияти соҳа, дастовардҳои навро таманно намуданд.

 

Вохӯрии кормандони «Амонатбонк» бо намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Исмоили Сомонӣ

Дар маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Исмоили Сомонӣ ҷаласа баргузор шуд.

Дар оғоз Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам гуфта ба иштирокчиёни ҷаласа иброз доштанд, ки ҲХДТ ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, бо Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд.

Баъдан, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Исмоили Сомонӣ, Ҷумахон Ҷурахонзода, муовини Раиси Раёсат Фирдавс Ризвонзода, сардори Идораи бехатарӣ Искандар Сатторов, намояндагон аз Шӯроҳои ҷавонон ва занони Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, Беҳрӯз Сатторов ва Дилафрӯз Раҳматова бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии давлатӣ суханронӣ карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ дар фаъолияти худ зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудааст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари Ҳизб, гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамзамон, тибқи Нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар чорабинии мазкур вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти ҶТ аз ҲХДТ, шахсони боэътимод номзад ба мансаби Президентиро барои солҳои 2021-2027 дар чорабинии сиёсии дар пеш истода, ки санаи 11-октябр баргузор мегардад, зери унвони “ Мо ҷонибдори Пешвои миллат”, эътироф намуданд.

Бояд қайд намуд, ки шурӯъ аз соли 2004 дар Амонатбонк Ташкилоти ибтидоии ҳизби халқи демократии Тоҷикистон “АМОНАТ” фаъолият мекунад.

Дар охир, Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ шукргузорӣ аз Ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ намуда, ба як қатор кормандоне, ки тоза ба ҲХДТ шомил шуданд дафтарчаи ҳизбӣ супорида, ба аҳли ҷамъомадагон хонаи обод ва садоқат ба халқу миллатро таманно карданд.

 

Вохӯрии намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Олмон (Sparkassenstiftug) бо роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 Дар бинои марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи кории Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Олмон баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бо дарназардошти густариш ёфтани ҳамкориҳои Бонк бо Фонди мазкур масъалаи ҷорӣ намудани барномаи нав оид ба мусоидат намудан ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои итеҳсолии хурду миёнаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар вохӯрии мазкур иброз доштанд, ки аз ҷониби кормандон ва гурӯҳи корӣ дар якчоягӣ бо намояндагони фонди мазкур дар донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳо ва боғчаҳои кӯдаконаи қаламрави ҷумҳурӣ бо иштироки донишҷуён, толибилмон, кӯдакон ва мизоҷон маҳфил, машваратҳои таълимию тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки дар қавӣ гардонидани ҳамкориҳо бо аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии мардум саҳми босазо дорад.

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи аслии барномаи мазкур, баланд бардоштани маърифати молиявии наврасон ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба  пасандоз, мусоидат намудан ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои итеҳсолии хурду миёна, инчунин боло бурдани эътимоднокии мардум ба соҳаи бонкӣ, зиёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дар дохили ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон “Рӯзи байналмилалии амонатҳо” таҷлил карда мешавад, Амонатбонк низ тасмим гирифтааст, ки маъракаро дар филиалҳои Бонк гузаронад.

Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ иқдоми гурӯҳи кории Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Олмон (Sparkassenstiftug)-ро ҷонибдорӣ карда, қайд намуданд, ки «Амонатбонк» ҳамеша омодааст, ки бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ ҳамкориро дар дилхоҳ самти ба иқтисодиёти кишвар манфиатовар, густариш диҳад.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter