ХАБАРИ ДОҒ

Натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2020

  • Чоршанбе, Март 10 2021

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолияти худро дар соли 2020 дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Самтҳои асосии фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020”, “Самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020” ва “Консепсияи рушди БДА ҶТ “Амонатбонк” барои солҳои 2016-2020” амалӣ намуд. 

Имрӯзҳо “Амонатбонк” ба зиёда аз 22 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 750 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 2900 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ  менамояд.   

Ба санаи 31 декабри соли 2020 дороиҳои Бонк маблағи 4,9 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 4,5 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 19,4% ва 20,9% зиёд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Сармояи Бонк ба андозаи 6,8% афзоиш ёфта, ба 458 млн. сомонӣ баробар шудааст. Даромади софи Бонк дар ин давра 51,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019  22%  зиёд  мебошад. 

 Бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 96,3 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019 ба андозаи 15,7 млн. сомонӣ ва ё 19,5% зиёд мебошад.    

  Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияи қабули андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ, дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, то имрӯз 300 нуқтаи қабул дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ бо истифода аз барномаи “Қабули пардохтҳо” фаъолият намуда истоданд, ки пайвастшавии 65 адади он ба соли ҳисоботӣ рост меояд.

Инчунин, бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва ҳамзамон огаҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо бо ин мақсад, то имрӯз ба барномаи “Қабули маблағҳои коммуналӣ” шумораи 585 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019  112 адад зиёд аст. 

    Барномаи мобилии Бонк (“Амонат-мобайл”), ки барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ аз як корт ба корти дигар ва дигар амалиётҳои бонкӣ имкон медиҳад, дар тарҳи нав бо дарназардошти талаботҳои имрӯзаи бозори хизматрасониҳои бонкӣ  мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ “Амонатбонк” шумораи 10 адад ташкилотҳои қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст намуд. Ташкилотҳои қарзии мазкур имкон пайдо намуданд, ки тавассути низомҳои дохилиии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариёни худ дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизматрасонӣ намоянд. Ба санаи 31 декабри соли 2020 филиалҳои Бонк 2,1 млрд. сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намуданд, ки нисбат ба соли 2019  13,2% зиёд мебошад. 

Фаъолияти “Амонатбонк” дар самти дарёфти сарчашмаҳо барои пешниҳоди маблағҳои қарзӣ, рӯз аз рӯз васеъ гардида истода, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар “Амонатбонк” ба санаи 31 декабри соли 2020 маблағи 3,8 млрд. сомониро ташкил дод. Бонк аз рӯи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. Аз он ҷумла, бақияи пасандозҳои аҳолӣ ба 1,5 млрд. сомонӣ расонида шудааст, ки 40,8%-и  ҳаҷми  умумии амонатҳоро ташкил медиҳад.

Фоизҳои ба аҳолӣ пардохташуда дар давраи ҳисоботӣ 78,4 млн. сомониро ташкил додааст. Ин албатта, ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд  гардидани  сатҳи некӯаҳволии онҳо  мусоидат намуда истодааст.

    Ҳамкориҳои “Амонатбонк” бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар идома дошта, аз оғози ҷалби сармоягузориҳо 69,6 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 90 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст. 

     Ҳамзамон, бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи босуботи санадҳои барномавии  давлатӣ  дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, бахусус дар давраи кунунӣ, Бонк иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Таҳсил-2020” таҳти 18 фоизи солона ҷорӣ намуд. Иқдоми мазкур,  ҷиҳати харидории сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва  пардохти маблағи шартномаи таҳсил пешбинӣ шуда, аз  санаи  1 август то 30 сентябри соли 2020 амалӣ гардид.

      Аз ҷумла, дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҳисоби захираҳои худӣ дар  соли 2020 ба 343 нафар соҳибкор ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд.

      Сандуқи қарзии Бонк (бо дарназардошти қарзҳои ғайринизомӣ) ба ҳолати 31 декабри соли 2020  966,3 млн. сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия 40 787 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ба соҳаҳои саноат 10,9%, кишоварзӣ 17,5%, истеъмолӣ 22,7%, сохтмон 7,9%, тиҷорат 28,7%, нақлиёт 8,7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 3,6% рост меояд. 

        “Амонатбонк” бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7 768 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Шумораи дорандагони кортҳои  пардохтии  бонкӣ  ба 1 миллиону 534 ҳазор нафар, теъдоди банкоматҳои харидоришуда дар Бонк ба 284 адад ва постерминалҳо ба 1739 адад расонида шудааст.

Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самти амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва истифодаи васеи кортҳо, 502 адад постерминалҳои худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.      

Бояд қайд намуд, ки аз соли 2019 инҷониб  Бонк  иқдоми ба ҷойҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас кӯчонидани марказҳои хизматрасонии бонкиро амалӣ намуда истодааст. То ба имрӯз 192 адад ё 35,2%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки 24 адади он ба соли  ҳисоботӣ рост меояд, ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд.   

Дар баробари ин, фаъолияти 20 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Кӯлоб ва Хоруғ, ки  ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд. Аз ин шумора таъсиси 8 адади он ба соли ҳисоботӣ рост меояд. 

Бо мақсади бевосита аз ҷониби раиси Раёсат баррасӣ намудани пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон аз он  бемамоният истифода бурда истодаанд. Маркази тамос низ, дар дастгоҳи марказии Бонк таъсис дода шудааст, ки муштариён метавонанд бо рақами кутоҳкардашудаи “1885” барои ҳалли мушкилоти худ ба Бонк муроҷиат намоянд. 

Дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, яке аз ҳадафҳои Бонк мебошад. Бонк ҳамасола дар арафаи ҷашну маросимҳо ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар доираи имкониятҳо кумакҳои молиявӣ мерасонад.  

Дар ин раванд, “Амонатбонк” дар асоси Амри Президенти ҶТ аз 29 декабри соли 2017, барои аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ  намудан, ба мактаб-интернати №1-и (ятимон) ш.Душанбе вобаста карда шудааст. Дар соли ҳисоботӣ ба мактаб-интернати мазкур ба маблағи  87,3 ҳазор сомонӣ маводҳои хоҷагидорӣ, дафтардорӣ, хӯрока ва дигар лавозимотҳои зарурӣ  дастрас карда шуданд. Дар маҷмуъ кӯмакҳои расонидашуда аз ҷониби Бонк дар соли ҳисоботӣ маблағи 362,4 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 биноҳои ҷашнии филиалҳои “Амонатбонк” дар ноҳияҳои К.Мастчоҳ, Рӯшон ва №66-и шаҳри Хоруғ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бинои филиали Бонк дар ноҳияи Ишкошим бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҶТ ба истифода дода шуданд. Сохтмони бинои филиалҳои Амонатбонк дар ноҳияҳои Данғара ва Балҷувон босуръат идома доранд.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ “Амонатбонк”

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter