ХАБАРИ ДОҒ

03.03.2021. Ба хонаам аз Нозироти андози н.Фирдавсии ш.Душанбе Огоҳинома-Даъватнома омад, ки дар он гуфта шудааст, ки ман, ҳамчун соҳибмулк барои азнавбақайдгирӣ, муайян намудани ӯҳдадориҳои андозӣ ва пардохти андозҳо ба нозироти андози ноҳия, шӯъбаи ташкили андозбандӣ аз шахсони воқеӣ ҳозир шавам. Андоз бақои миллат аст ва пардохти он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар 1 шаҳрванди мамлакат. Андозро бояд супурд ва ман аз пардохти он ҳеҷ гоҳ саркашӣ нахоҳам кард, аммо шеваи корбарии намояндагони Нозироти андози н.Фирдавсии пойтахт ва Огоҳинома-Даъватномаи бо имзои сардор А.Изатуллозода фиристодаи онҳо, ки аз он бӯи таҳдид меояд, хеле нигароникунанда буд.

Додувой чаро?

Кормандони Нозироти андози н.Фирдавсӣ ба бинои истиқоматии мо, ки навсохт аст, 2-3 ҳафта пеш омада, ба қавле хуб ба сокинон дӯғу пӯписа карда рафтанд.  Шояд ин корашон баъзан дуруст бошад, зеро ҳастанд сокиноне, ки солҳои зиёд аз пардохти андоз гурехта, худро ба қавле ба девонагӣ мезананд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки мардум имрӯз он мардуми 15-20 сол пеш несту маърифати пулсупориро хуб ёд гирифтааст, бо мардум, ки пеш аз ҳама маоши шумо ва нақшаи иҷрои коратон маҳз аз онҳо вобаста аст, бархӯрд ва муомилаи хуб кунед, на додувой дар подъезд! 

Шартномаи иҷора чаро???

Дигар ин, ки дар Огоҳинома-Даъватномаи Нозироти андози н.Фирдавсӣ аз ман ҳамчун соҳибмулк талаб карда шудааст, ки ҳангоми ба нозирот рафтан бо худ Шиносномаи техникии хонаи истиқоматӣ, РМА (ИНН) рақами мушаххаси андозсупоранда ва Шартномаи иҷораро бо худ барам?

Ман 1 чизро намефаҳмам: вақте бинои истиқоматии мо ҳанӯз аз Комиссияи давлатӣ нагузаштааст (!) ва ман ҳоло дар даст ҳуҷҷати техникии хона-Техпаспортро надорам, чи гуна бояд Шиносномаи техникии хонаро ба Шумо бубарам? Лутфан дар бораи бинои истиқоматӣ камбуд накобед-МИҲД ш.Душанбе ба хотири мардуми зиёди иҷоранишин ва камбизоат, ки аксарият мисли ман аҳли ҳунару фарҳанганд, иҷозати зистро пеш аз мӯҳлат додааст! 

Масъалаи дигаре, ки маро нигарон сохт ин талаби шартномаи иҷораи хона аст. Вақте ман хонаро аз ширкати давлатии биносозӣ харидааму дар ин бора шартнома дорам ва ширкат дар навбати худ андозсупоранда аст, ман чӣ гуна бояд боз шартномаи иҷораро ба Нозироти андоз пешниҳод кунам? 

Ман иҷоранишин нестам, ман дар хонаи худам зиндагӣ мекунам ва шартномаи хариду фурӯшамро низ ҳуқуқшиносони Газетаи мардумии СССР ӯушикофона омӯхтаанд! Пас, чаро шартномаи иҷораро бояд ба шумо пешниҳод кунам, вақте ҳам агар хонаро ба тариқи иҷора гирифтаам, шартномаи ону маблағаш бояд сирри байни ману соҳиби хона бошад!? Ё не мӣ???

Аз Давлатзода ёд бигиред!

Дур намеравем. Чанд ҳафта пеш устод Сайёфи Мизроб дар бораи шеваи таҳдидомези мактубу огоҳномаҳои идораҳои давлативу ширкатҳои хусусӣ, ки вақтҳои ахир ба маротиб афзудаанд, матлаби хубе навиштанд. Воқеан ҳам чаро имрӯз вазорату кумитаҳо, ширкатҳо ва хосса ниҳодҳои барои таъмини буҷаи давлатӣ муваззаф, ба чунин муомилаи дурушту таҳдидомез бо мардум гузаштаанд? Шояд махсус ба хотири коста гардонидани эътимоди мардум нисбат ба давлату ҳукумат? Ё ба хотири 100 сомонӣ-шояд пули андози хонаи хурди ман барои 2 сол аз ин маблағ зиёд нашавад?

Пас аз чунин бархӯрд бо мизоҷ, ба ёдам Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ меояд, ки қаблан бо эшон чандин мулоқоту суҳбатҳо доштам. Мавсуф он қадар бо мулоиматӣ ва мӯшикофона масъалаи пардохти андозҳоро мефаҳмонад, ки пас аз он ба қавле, мегӯӣ, ки тамоми андозҳояро барои 10 соли оянда рафта биспорам. 

Эй масъулин! Чаро шумо, кормандони мӯҳтарами Нозироти андози н.Фирдавсӣ аз раиси Кумита кор кардан бо мардумро ёд намегиред!? Ёд гиред! На ин, ки мардумро бо моддаи 600-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва моддаи 73 Кодекси андози ҶТ тарсонед! Мо наметарсем, вале ҳурмат мекунем. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter