Санаҳои 17 ва 18 майи соли 2021 бо ташаббуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷаласаи коршиносон ва ҳамоҳангсозони ИББ СҲШ қисман тариқи ҳузурӣ ва қисман маҷозӣ баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои мазкур ҳайатҳо аз ҷониби Корпоратсияи давлатии рушди ВЭБ РФ, Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, РСК «Банк» - Қирғизистон ва Бонки Рушди Қазоқистон ҳузур доштанд. Дар ҷаласаи мазкур гурӯҳҳои кории Бонки давлатии рушди Хитой, Ҳабиб Бонки Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Корпоратсияи давлатии молиявию инфрасохтории Ҷумҳурии Ҳиндустон низ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс Зикр суханронӣ намуданд. Ризвонзода Ф.З. дар баромади худ қайд намуданд, ки ИББ СҲШ саҳнаи муҳими ҳамкориҳои байнибонкӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ба шумор рафта, дар шароити кунунии мураккаби иқтисодӣ бонкҳои аъзоро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати барқарор кардани вазъи иқтисодиёти кишварҳои аъзо якҷоя талош вазранд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки «Амонатбонк» омодааст бо шарикони рушд дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориро густариш дода, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешистода чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Дар кори ҷаласаи мазкур ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» барои муҳокимаи ҷонибҳо масъалаҳои зеринро пешкаш намуд:
1. Васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ;
2. Ҳамкориҳо бо институтҳои байналмилалии молиявие, ки дар қаламрави кишварҳои СҲШ ва дар минтақаи Осиё фаъолият менамоянд;
3. Муҳокимаи қабули Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлат (2022-2026);
4. Ҳамкориҳои сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ;
5. Ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон;
6. Ҳамоҳангсозии санаҳои баргузории ҷаласаи Шӯрои ИББ СҲШ.
Масъалаҳои асосии ҷаласа, ин пеш аз ҳама дар таҳрири нав қабул намудани Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлат (2022-2026) ва Ҳамоҳангсозии санаҳои баргузории ҷаласаи Шӯрои ИББ СҲШ ба шумор меравад.
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтар
Санаи 22-уми майи соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовини Раиси Раёсат Сайфзода Ш.Ҷ. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтакаи Бохтар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур аз фаъолияти филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии минтақаи Бохтар дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Дар оғози ҷаласа оид ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳо дар минтақаи Бохтар дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ Сардори Идораи танзим ва назорати Марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷурабек ҳисобот доданд.
Қайд гардид, ки дар минтақаи Бохтар 15 адад филал ва 100 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ҳамаруза ба аҳолии ин минтақа хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ аз қабили интиқоли пули шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳамагуна амалиётҳои бонкӣ, амалиётҳои хазинавӣ, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда, қабули маблағҳои коммуналӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.
Кормандони Марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста дар тренинг ва курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардида, баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ сайъу талош меварзанд.
Дар доираи ҷаласа натиҷаи нишондиҳандаҳои Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар монитор пешкаши кормандон гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои сардорони идора ва кормандон шунида шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти Бонк оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, риояи қатъии қоидаҳои одобу муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҷавонон ояндаи давлату миллат!
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.
Ҳамасола дар кишвар санаи 23-юми май ҳамчун рузи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки муовини Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Сайфзода Ш.Ҷ., муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон 2012 Мавзуна Чориева ва аҳли кормандони «Амонатбонк» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси Раёсати Бонк Сайфзода Ш.Ҷ. тамоми ҷавонони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният намуда қайд карданд, ки имрӯзҳо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва қавиирода дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа, фаъолона кору пайкори созанда дошта аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар пайваста мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доранд. Ҳамин буд, ки санаи 22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Пайёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро дар кишвар ҳамчун Соли ҷавонон эълон намуданд.
Воқеан ҳам аксар аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза низ зимни баромади хеш қайд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони мо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми назаррас дошта варзишгарони тоҷик ҳамасола дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ давлату миллати хешро ба таври шосита муаррифӣ менамоянд
Намунаи ин гуфтаҳо яке аз варзишгари мувафақ барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон 2012, инчунин ҷоизадорӣ чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Мавзуна Чориева мебошад, ки дар баробари парчамбардори ватан будан дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солими ҷавонон ва машғул шудани онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш саҳмгузор аст.
Ҷавонони фаъоли Амонтабонк низ бо маърӯзаҳои пурмазмуни худ баромад намуда дар васфи ҷавонӣ шеърҳои пурмазмун қироат намуданд.
Дар охири чорабинӣ як зумра ҷавонони «Амонатбонк» ба хотири фаъолияти созанда ва намунавӣ бо Ифтихорнома ва Раҳматнома қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷавонони фаъоли «Амонатбонк» ба хотири иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»