Аз лиҳози моҳият роҳи Душанбе — Чанок дар ҷисми мамлакат шабеҳи шоҳраг буда, кишварҳои ҳамсоя, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро ба ҳам пайваст намуда, барои ҳамлу нақли байналмилалӣ имконият фароҳам сохтааст.
Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.
Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони «IRS» роҳи мазкур дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст. Матолиби дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки пештар аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.
Аз далелу рақамҳои мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» мақоми меҳварӣ дошта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Муҳим он аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.
Иттилоъ медиҳем, ки соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо харҷи 59 182 тонна асфалт таъмири 391190 метри квадратӣ роҳ дар назар аст. Давоми мавсими имсола дар минтақаи Варзоб 101304 метри квадратӣ бо масрафи 15742 тонна асфалт, минтақаи Зарафшон - 167580 метри квадратӣ бо сарфи 23776 тонна асфалт ва дар минтақаи Суғд 122306 метри квадратӣ бо харҷи 19667 тонна асфалт таъмири куллӣ ва ҷорӣ хоҳад шуд.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.
Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, ба сифати кори анҷомёфта таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Корхонаҳои истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат, ки дар заминаи навсозӣ иқтидори онҳо низ зиёд гардидааст, баҳри тавсеаи ин раванд саҳми назаррас доранд.
Дар маҷмӯъ, густариши фаъолияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моро бори дигар мутмаин месозад, ки роҳи Душанбе –Чанок дар симои ин ширкат нигоҳбони боэътимод дорад.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳмомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон