Бӯҳрони шадиди сабзӣ, онгуна фалаҷии вазорати кишоварзӣ, камфаолиятии «Тоҷикматлубот», нолозимии раванди шахсикунонии хоҷагиҳои дар собиқ колхозу совхозҳоро нишон дод, ки мехоҳӣ фарёд занӣ:
-Колхозу совхозҳоро ақаллан 1 донагӣ дар 1 шаҳру ноҳия барқарор кунед! Заминро аз дасти нео-феодалҳо гирифта, ба Давлат в Ҳукумати ҶТ баргардонед. Танҳо дар ин сурат, мо ақаллан ба бӯҳронҳои сабзиву тушкаву пиёз дар намемонем. Мо Метавонем!
Хатлон: захираи сабзӣ кам аст!
Сокинони кишвар дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз гарон шудани нархи сабзӣ, ки то ба сабзӣ захира накунад, пас он барои чӣ ва кӣ лозим аст?11 сомонӣ барои 1 кило ҷаҳидааст, нигаронанду аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ талаб доранд, ки нархро ба танзим дароранд. Коршинос Сабоҳатулло Музаффаров дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, ки соли 2020 танҳо аз ҷониби шарикони рушд 21 сардхона дар вилояти Хатлон сохта шудааст. Вале ин ками дар кам мебошад. Зеро Хатлон ягона вилоятест, ки бояд шабонарӯзӣ аҳолии пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷануби давлати Тоҷиконро бо маҳсулоти тару тозаи полезӣ таъмин намояд.
Сардхонаҳои холии Хатлон
Савдогарони 2 бозори калони шаҳри Бохтар дар мусоҳиба ба мухбири газетаи мардумӣ гуфтанд, ки сабзиро аз сардхонаҳои ш. Душанбе харидорӣ карда, бо сарфи роҳкиро ба Хатлон меоранд. Вақте пурсидем, ки чаро аз сардхонаҳои вилояти Хатлон харидорӣ намекунед? Дар ҷавоб гуфтанд:
- Чунки дар сардхонаҳои вилояти Хатлон сабзӣ захира карда нашудааст.
Абдулвоҳид Бурунов, муошовир оид ба тарҳрезии маҳсулот ва маркетинг дар ин бора чунин ибрози назар кард:
- Танҳо дар комбинати хӯроквории ш. Бохтар айни ҳол 150 тонна сабзӣ захира асту бас.
Пурсида мешавад, агар сардхона барои ҳамин шабу рӯзҳои бӯҳронӣ, захира надошта бошад, ба кӣ ё чӣ лозим аст?
Дар ҳамин маврид Рустам Саъдуллоев, роҳбари корхонаи мазкур иброз дошт, ки дар ҳақиқат дар сардхона 500 тонна сабзӣ захира карда будем, айни ҳол 100 тоннаи дигар дорем. Намояндагон аз ҳукумати вилоят дастур доданд, ки ба миқдори муйян ба бозор барорем. Ҳангоми ҷамъоварӣ сабзиро 1 сомону 70 дирам харидорӣ карда, ҳоло ба савдогарон 1 кг сабзиро бо нархи 6-7 сомонӣ медиҳем. Чунки тӯли 6 моҳ барқ сарф шуда, низ ба коргарон маош додаем.
Бо забони дигар, масъулини сардхона сабзиро 1-2 сомонӣ харида, захира карда, сипас 400-500% гарон мефурӯшанд. Ана дар куҷо ниҳон аст, сирру асрори гароншавии нархи сабзӣ!!!
Аз сӯи дигар, кишоварзон мегӯянд, сабаби гарон шудани нархи сабзӣ ин кам кишт кардани сабзавот мебошад, яъне хоҷагидорон, ки соли гузашта зарари молиявӣ ва талафоти зиёд дида буданд, кишти сабзиро кам карда, дар ҷояш пиёз коштанд…
Баҳодур Абдусалом,
СССР
Аз СССР: Нархи сабзӣ, сабзӣ-гейт, бӯҳрони сабзӣ, ки бояд бо истеъфои вазири кишоварзиву раиси «Тоҷикматлубот» хатм мешуд, ба фолклор низ роҳ бурдааст. Фарзи мисол:
Дидам санаме нишаста мекард хурӯш,
К-эй мардаки бетаъбири картошкафурӯш,
Хоҳӣ, ки ба коми мо замона гардад,
Ё сабзӣ бикор, ё бирав сабзӣ фурӯш!!!